РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Радия ба таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон
Эй хоҷа чаро дар ин ҷаҳон бехабарӣ,
Рӯзону шабон дар талаби симу зарӣ.
Сармояи ту дар ин ҷаҳон як кафан аст.
Он ҳам ба гумон аст, ки барӣ ё набарӣ.
(Саъдӣ)
Ҳизби наҳзат (ҲНИ) бо ҳамроҳи мухолифини давлату миллат баргузории як тазоҳуротро дар назди бинои САҲА бо аксҳои зиндониёни сиёсии зархариди хориҷии Тоҷикистон хостори фишор ба Ҳукумати Тоҷикистон ба воситаи давлатҳои абарқудрат карданд, ки ин аз номардии баъзе “тоҷикон” мебошад, ки дар арсаи ҷаҳон номи Тоҷикистонро ба паст заданд, вале муваффақ намешаванд. Чунончӣ бузургон мегӯянд: Бори каҷ ба манзил намерасад. Иғво ва паймоншикании ҳизби наҳзат (ҲНИ), ки аз соли 1990 инҷониб ба аъмоли нопоки худ давом дода истодаанд, натавонистанд, сафи мусулмононии ҳақиқии миллати тоҷикро барҳам зананд ва номи Исломи нобро аз Тоҷикистон баркананд.
Дар замони муосир гурӯҳҳои ифротӣ ва муғриз баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз номи дини мубини Ислом истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи ҳалокат меафкананд – зуҳури «Давлати исломии Ироқу Шом», «Ҷабҳату-н-нусра», «Аш-шабоб», «Боко ҳаром», «Ҳизби наҳзат ҲНИ», «Ансорулло», «Гурӯҳи-24», задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишварҳои мусулмоннишин, тарконидани масҷидҳо, қатли ваҳшиёнаи занону кӯдакон ва садҳо мисоли дигар аз ноогоҳӣ ва зудбоварии ин қабила мардум – натиҷаи тафриқаандозӣ, иғвогароӣ, дунёталабии гурӯҳу равия ва ҳизбу ҳарактҳои гуногуни ба ном исломӣ мебошад.Ва ин гуфтаҳо дар мисраи зерин хеле равшан баён гардидааст:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост.
Дар дуввумин рӯзи конфронси САҲА дар Варшава намояндагони ҲНИ ба фитнаҳо даст зада, ба туҳмати муштзанӣ ва сӯйиқасд кардани шахсони бегуноҳ гузаштанд. Дар ин конфронс пас аз интригаҳои аҷоибу ғароиб аз тарафи Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон кор ба муштазанӣ ҳам расид, ки ташкилкунандаи дасисаҳо ва ташфиқотбару фитнаангезӣ аз тарафи ҲНИ сар зад. Дар навор айён аст, ки Сулаймони Орзӯ ном ноқисулақл ба Мулло Айёмиддини Сатторӣ кадом як шиореро маҷбуран дод, ва то ки аз ӯ ҷиҳати фитнаи оянда акс бигирад. Аммо тирашон ба ҳадаф нарасид, тарафи Ҳукумату халқ ҳушёрию зираки карда вазъро муътадил сохт. Аммо Сулаймони Орзӯ, ки ба орзуи худ нарасид ба хархаша сар кард. Инчунин шахсе аз тарафи ҲНИ ба гӯши домулло Айёмиддин гуфтааст, ки барои озодии зиндониёни сиёсӣ зархариди шиа, ки онҳо бародарони Шумо ҳам буданд биёед як акс бо ин шиор гиред, ҳамчун рамзи ҳамдилӣ ва ё аксе ба ёдгор бигирем. Дар ин асно корманди Ҳукумату халқи тоҷик, ки дар ҳайат ҳузур доштанд худро ба назди ин ду мерасонад ва варақи дасти Мулло Айёмиддинро аз дасташ гирифта пора карда ба замин меандозад.
Бояд донист, ки ин ҷинояткорон ба мақсади худ намерасанд ва халқи Тоҷикистон барои худ хулоса баровардааст ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки дасти нохалаф оромиву суботи онро халалдор кунад.
Дар охир ба ин ҳизб ва аъзоёну ҳамфикронашон гуфтаниям, ки биёед ба таври сиёсӣ ҳимояи дини мубини Ислом накарда, ки ин дин ба ҳеҷ як ҳимоя мӯҳтоҷ нест, ба ҳизбу ҳаракатҳо қисмат кардани тоҷикони ҷаҳонро як сӯ монда, баҳри ободонии Ватани азиз камари ҳиммат бандед. Фарзандонро таълиму тарбияи хуб диҳед. Ҷавононро насиҳат кунед, то ки дар даст телефони мобилӣ пеш-о-пеши шахсони масъул надаванд. Биёед бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намоед, на ба маблағҳои муввақатии хориҷи кишвар. Дар ин ҳолат, ҳам дунёву ҳам охирати Шумо обод мегардад. Дифоъ аз манфиатҳои Тоҷикистон ва миллати тоҷик вазифаи на танҳо роҳбарону сиёсатмадорон, балки вазифаи ҷонии ҳар як фарди оқилу солими кишвар алалхусус тоҷикзабонон аст. Имрӯз мо - ҳамагон, дар маърази имтиҳон қарор дорем. Оё қодир ҳастем, ки аз ин имтиҳоноти воқеиву сунъӣ, ки сари миллати мо қарор доранд, сарбаландона бароем? Ин ба имону виҷдони ҳар яки Шумо ташкилкунандагони зиддият бо халқи тоҷик вогузор аст.
Бо таваҷҷуҳ ба нуқтаҳои зикршуда мардуми тоҷикро бо ин ҳадиси Паёмбари Худо (с) ёдовар мекунам: “Муъмини хирадманд ду бор аз як сӯрох неш намехӯрад”. Солҳои навадум фиреби ин ҳизбро хӯрда ва кишварамонро дучори харобиҳо карданд.
Дар ин мавзуъ чунончи бузургон гуфтаанд:
Ин бешаи шерони қавишаъни далер аст,
Ин ҷо набувад ҷой ба ҷуз шери ҷаёнро;
Ин хонаи инсонияту шафҷату мардист,
Дар хонаи инсон набувад роҳ харонро;
Каримов Иноятулло, устоди Кафедра «Улуми Қуръон» ДИТ ба номи Имоми Аъзам –Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.