РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Сулҳу ваҳдат бақои миллат

Барои мардуми шарифи тоҷик маълум аст, ки дар авохирҳои асри гузашта ТТЭ ҲНИ фаъолияти шиагроиро дар баъзе минтақоҳои кишвар тарғибу ташвиқ намуда, аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳо ба даст меоварданд. Мувофиқи ақидаи шиагаро мазҳабҳои аҳли суннати ва ҷамоат хоин буда, аҳли ислом нестанд, чунки ба ақидаи онҳо ва аксари марҷаъ “Певоёни мазхабашон” қатли аҳли суннат ва ҷамоат боке надорад, ба ин хотир аҳли суннатро аз дин бегона медонанд.

Дар тули таърих ба ақидаи манфури ташаюъ ҳангоми интихоби халифа баъди вафоти савари олам Ҳазрати Пайғамбар (с) чор ёрон аввал Абубакру Умару Усмон Алӣ дар таърих возеҳ гузаштааст, аммо шиаҳо ин халифаҳоро ба ғайр аз Алӣ инкор мекунанд.

ТТЭ ҲНИ бо сардории Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш ба роҳи эҳтиёткорӣ аз даврони пайдоишашон дар Тоҷикистон ин ақидаҳоро пеш мебурданд ва дар миёни мардум тарғибу ташфиқ мекарданд. Ин буд, ки Кабирӣ як одами тасодуфӣ дар ин ҳизб аз дин маълумоте надошт, хусусан аз мазоҳиби чоргона хело дур буда, эрониён тавонистанд барои ташфиқу тарғиб ва шикасти аҳли суннат ва мардуми тоҷик ӯро истифода карда ба сари қудрат яъне раиси собиқ ҲНИТ биоранд.

Ин сабаб шуд, ки сулҳи бадастовардаи бо захмту талоши халқу миллат ва Пешвои миллат, Президенти кишварро шикаста талошу хоҳиши бегонагону хоҷагони хориҷиашро таквият дода, сабабгори нотиҷиҳо ва ҳатто хунрезиҳои зиёде шуданд.

Қобили зикр аст, ки ин ҳизб тӯли ҳафтаи равон бо дасгирии ва боварӣ ба ваъдаҳои  дуруғину хоҷагони хориҷиашон ва баҳонаҳои зиёде рӯй дар мамлакатҳои Аврупо талоши бо худ ҷамъ овардани дигар кишрҳоро намуда, дар ҷаласаҳои гуногун бемантиқ баромадҳо карда истодаанд.  

Мардуми бофарҳанги Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бо чунин афроди  фиребхуда дасти инсонӣ дароз карда барои оромии Тоҷикистон ҷонфидоиҳо намудааст, ва мо бовари дорем, ки ягон хоҳиши онҳо иҷро намегардад.

Пешвои миллат доим такя ба софдилӣ, поксириштӣ ва  инсондустиро  ҳадфи худ намуда, тибҳи  оятҳои Қурони Карим “Ассулҳу хайрун”  ва аҳодиси набавӣ “Бо бародари муъминат аз се рӯз зиёд қаҳр нанамоед” такя менамояд.

Устоди кафедраи Шариати исломӣ Раҳматов А.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.