РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Таҳлили гуфтаҳои тақсир Муҳаммадиқболи Садриддин

Дар шабакаи интернетии Фейсбук Шарҳи “Ийсор” ва ашки тимсоҳ ном навиштаҷотро дида, ҳисси кунҷковиам зиёд гашт ва онро мутолиа карда фаҳмидам, ки ин навиштаҷот (мақела нест ба мақола монанди надорад) ба қалами Муҳаммадиқболи Садриддин гуфтани як шахси беҳудагард будааст, ки дар натиҷаи кофтубови иттилооти ӯ  маълум кардам, ки ин шахсият ҳам ҳамон дард, дарди вазифа, пул мол ҷоҳ ва хӯҷаини худро доштааст.

Ӯ навиштааст: Дар Варшава “ҳайати қавӣ”-и ҳукумати Тоҷикистон, ки барои иштирок дар конфронси САҲА омада буданд, як маҷлисаке ҳам барои гузоштани “галочка” оростанд. Нофаҳмо ӯ чи мехоҳад. Ё мақсадаш бо калимаҳои маҷлисак, “галочка” паст задани тоҷику тоҷикистониён бошад?! Аҷибии мухолифини тоҷик дар ин аст, ки забони худро гум карда калимаҳои нав ба забони тоҷикӣ дохил кардаанд. Тақсир Муҳаммадиқболи Садриддин ҳайфи ҳамон ном, як дурустар худро дар оина бинед! Майлаш аз саводи Шумо сухан намегӯем, ки боиси ранҷӯрии хотиратон нагардад.

Ин нишаст, вохӯрии ҳайат бо донишҷӯёни тоҷик дар Лаҳистон буд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мехурад, дида мешавад, нахуст домулло Айёмиддин Сатторов чанд дақиқа алайҳи ҲНИТ суханронӣ мекунаду гӯё ҷавононро аз хатари ин ҳизб огоҳ менамояд. Дар охир бо латифагӯйиҳо суҳбаташро ба поён мерасонад. О, чи тавре, ки бо иззату ҳурмат ношикаста номашро мегиред ”домулло Айёмиддин Сатторов” соли гузашта аъзоёни ҲНИ буд ку...бо чи хел як домулло латифагӯй мешавад?!

Пас аз он навбат ба Абдурраҳим Каримов мерасад.

“Ман дар ҲНИТ пеш аз Домулло Айёмиддин будам ва мо ӯро ба ин ҳизб овардем”. - таъкид мекунад мулло Абдураҳим.

Ин даъвои ӯ дар ҳоле аст, ки ин ҷониб ҳардуяшонро мешиносам ва хуб медонам, ки Домулло Абдурраҳим тақрибан баъди солҳои 1983 бо Устод Нурӣ (раҳ) ва бародарони наҳзатӣ рафту омадро шурӯъ намуда буд. Домулло Айёмиддин аз Абдурраҳим солҳо пеш бо бародарони Наҳзатӣ буд ва дар ҷамъи бародарон қарор доштанд. Яъне Шумо тақсир пеш аз инҳо аъзои (ҲНИ) Ҳизби низоангезону ифротиён будаед! Баъди Устод Нурӣ (раҳ) - (раҳ) дар даруни қавс чи маъное дорад??? Нурӣ ҳар чи буд барои шумо буд. Агар манзуратон разианлоҳуанҳу бошад пас хок бар сарат. Агар манзуратон раҳматуллоҳиалайҳ бошад, пас онро дар ҳама мӯрдагон мебояд истифода бурд. Нурӣ барои Шумо устод буд ва дар байни худ ӯро устод хондан гиред. Дар ҷомеа ин қобили қабул нест.

Дар ин нақди худ мехоҳам танҳо дар мавриди “Ийсор” як истилоҳи шаръӣ ва ҳам дар бораи ин ки оё Ҷиргаҳо (маҷлисҳои қавмӣ) дар Афғонистон Раҳмоновро пешво гирифта буданд, баҳсе дошта бошам. Шумо ТАҚСИР Муҳаммадиқболи Садриддин номатонро мабодо бо шикаст гирем аввалан узр...))) баъдан, суханони Абдурраҳим (ШЕРИ НАР) Каримовро нодуруст фаҳмидаед, ҳамон наворро бори дигар якчанд маротиб лоақал 100 маротиб тамошо карда баъдан  фикратонро иброз доред.

Абдурраҳим Каримов дар суҳбаташ як саҳначаи сохтаеро бо таъбири “Ашки тимсоҳ” ба иҷро расонид. Суханоне мегӯяд, ки шоҳидони аслии воқеъаҳои он солҳоро дар ҳолати шок қарор медиҳад. Боз ҳам калимаи бегона “шок”. Шахсе агар мегӯяд Муҳаммадиқболи Садриддин илм дорад ва ё Коршиноси динӣ аст аввал худи ҳамон шахс бесавод ва баъдан тақсир Муҳаммадиқболи Садриддин  устоди бесаводон аст.

Суханҳои ШЕРИ НАР аз қалами устоди бесаводон тақсир Муҳаммадиқболи Садриддин: “Ай Мазори шариф, ай Бағлон, ай Қундуз, ай Тахор, ай Бадахшон, ай Маймана, ай Ҷузҷон, ай Сари пул ҳамаш ҳамунҷа омадааст, Ҷиргаҳо. Баъд шиштагӣ буданд, ман ҳамин хел даромадам, ки гуфт, ки ҳамин кумандони тоҷикӣ ҳамин хел савол дода буд мара, ҳамин гап баромадаст дар байни тоҷикои Афғонистон, чи гапай, гуфт, ки, гуфтанд, ки и сохта нест, ай қалбшон гуфтестан, ки ҳами роҳбари моҳаю. Баъд ман пурсидум, гуфтум, ки ира чихел шумо роҳбар гирифтен. Гуфт, ки Ийсор. Ийсор калимаи арабияй. Ийсори ира (Эмомалиро дар назар дорад) мо дидему ира мо роҳбар гирифтем. Гуфтум ийсориш чияй, гуфтанд, ки ҳазрати Муҳаммад Ийсор дошт, ҳазрати Абубакр, Усмон, Умар, Алӣ Ийсор дошт. Аз ҳамон замон то имрӯз мо дар ягон роҳбар ийсор надидем, танҳо ийсора дар Раҳмонуф дидем”. - нақл мекунад мулло Абдураҳим.

Аслан ҳеҷ тоҷик дар Афғонистоне, ки он солҳо мо будему қарор доштем, ҷонваре мисли Раҳмоновро ба масобаи роҳбар ё пешво нашинохтааст ва ин савганд ба Аллоҳ дурӯғи маҳз ва туҳмат ба миллати ғаюри Афғонистон аст. Боз ҳам устоди бесаводон тақсир Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамон наворро бори дигар якчанд маротиб лоақал 100 маротиб тамошо карда баъдан  фикратонро иброз доред, дар он навор сухан дар бораи тоҷикони Афғонистон рафта истодааст. Шумо тақсир байни мардуми эрону тоҷик фитна ангехтед, акнун байни марудми афғону тоҷик фитна меангезед. Чи гуна Шумо ифроти ваҳшӣ ҳастед?!

Миллати ғаюри Афғон бо Русия даҳ сол ҷангид ва беш аз миллион шаҳид дод. Ватану кошонаашон дар ин ҷанг харобу валангор шуд. Чашми дидан ба афроди ҳизбҳои комунистиро надоштанд ва онҳоро чуҷаҳои Ленин медонистанд. Тоҷиконе, ки дар ин тарафи Омӯ зиндагонӣ мекарданд, то соли 1924 аз тарсу ваҳшати Рус ба он сарзамин фирор карда буданд, то дину исломашонро ҳифз кунанд. Ба хотири дин ва имону мазҳабашон тарки ватанҳои аҷдодияшон карда буданд. Шахсе бо номи Раҳмоновро мехоҳанд пешвои худ қарор бидиҳанд? “бидиҳанд?” хело босаводона ва адабӣ, дар ҳолате, ки дар яке аз наворҳоятон тақсир аз даҳони Шумо шунидем, ки Эмомали Раҳмонро чи хеле ки мегӯянд бо даҳони пур Пешвои миллат ном гирифтед.  давомаш... Хело сухани хандадор ва аслан дар ҳеҷ тарозӯе намеғунҷад. Тарозу-ки ғунҷоиш надорад... ба мефаҳмидагии камина тарозу вазнро бар мекашад, ло ақал “тарозӯ бардошт намекунад” гуфта, суханатро давом диҳед! Дақиқан, мо ҳам дар он минтақае Абдурраҳим Каримов мегӯяд, он замон ҳамон ҷо дар Толиқон зиндагонӣ мекардем. Вой- вой миллати тоҷик! Дар он ҷо тухм ҳам гузоштед?!

Мушакборон шудани ситоди марказии ИНОТ дар Толиқон

Барои исботи дурӯғии нақли мулло Абдураҳим мехоҳам инҷо як ҳодисаи хунинро ёдовар шавам.

Соли 1994 таёраҳои Русӣ “Оператсиюн”-ро, (мақарре, ки ситоди ИНОТ онҷо қарор дошт) ба хотири аз байн бурдани ситод бомбаборон карданд. Ин ситод тобеъи Шурои Наззор, ва таҳти роҳбарии бевоситаи Аҳмадшоҳи Масъуд (раҳ) дар буд.   ...)))

Худи Абдурраҳим Каримов, ки кумандон буд, дақиқан аз ин ситод ба лавозимоти низомӣ таъмин мешуд ва ба ҳамлаҳои чирикии худ идома медод. Дар ин бомбаборон тақрибан 9 нафар ҷавонони тоҷики муҳоҷир ҷоми шаҳодатро нӯшиданд ва бештар аз мардуми мулкии шаҳри Толиқон осеб диданд. Дуконҳои Мандаӣ (бозори шаҳр) ва хонаҳои атрофи он, ки дар наздикии ситод қарор дошт, хароб гардиданду мардуми зиёди таҳҷоӣ дар асари он бомбаборон ба шаҳодат расиданд. Бале, аз ин иттилои қавӣ дорем ва ба ҳамагон маълум аст, ки Абдураҳим Каримов аз Аҳмадшоҳи Масъуд яроқ алайҳи душман мегирифт, то он даме, ки Шумо (ҲНИ) ва фикрҳои Шуморо Абдурраҳим Каримов  Аҳмадшоҳи Масъуд ва Доктор Бурҳониддин Раббонӣ нашинохт.

Ончунон пас аз ин амал хашми мардуми маҳаллӣ ба ҳукумати фронти халқӣ ва Раҳмонов зиёд гашт, ки омода буданд, ҳамаашон силоҳ гирифта, барои гирифтани интиқом ба Тоҷикистон гузаранд ва бо ин ҳукумат биҷанганд. Абдурраҳим Карим хуб мешиносад Мудир Эътиборро, ки намояндаи вижаи Омир Соҳиб Аҳмадшоҳи Масъуд дар минтақаи Толиқон буд. Ман худам шоҳиди бевоситаи ин моҷароҳо будам. Мардуми шаҳр ҳама дар “Сари Чавк” ҷамъ шуданд. Бо шиддат ин амали терористиро маҳкум мекарданд ва талаби ба муҷозот кашидани омилони ин ҷиноят буданд. Ҳатто як нафар аз ҷояш хест ва бо гиря гуфт: Мудир Соҳиб Эътибор ман дигар чизе надорам ва ҳамсару чор фарзандам дар ин бомбаборон кушта шуданд, дуконам хароб ва хонаам инчунин. Илоҳо хонаи ин Раҳмонови чуҷаи Ленин хароб шавад, мо чӣ гуноҳ дорем, ки моро бомбаборон мекунад? Тақсир Муҳаммадиқболи Садриддин оё ҳоло ҳам ба латифагӯи нагузаштаед?! Худи Шумо дар чанд сатри боло гуфта гузаштед, ки  “Аслан ҳеҷ тоҷик дар Афғонистоне, ки он солҳо мо будему қарор доштем, ҷонваре мисли Раҳмоновро ба масобаи роҳбар ё пешво нашинохтааст ва ин савганд ба Аллоҳ дурӯғи маҳз ва туҳмат ба миллати ғаюри Афғонистон аст.” Боз савганд ба Аллоҳ ҳам гуфтед, мешуд, ки ба монанди Кабирӣ “занталоқ”, ба “нон”, “ба шир” қасам хӯред, ҳаҷ гап не бовар мекардем. Тақсир худатонро аъзият надода бе савганд сухани росту дуруғ гуфтан гиред. Он солҳо ҳама аз вазифа метарсиданд, касеро ки ба вазифаи Раиси Шӯро ва ё дигар вазифаҳои бомасъулият пешниҳод мекарданд, дар рӯзи дигар рад мекарду ариза менавишт. Вале бо хости Худо буд, ки Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов дар он солҳо ин вазифаи пурмасъулият, хатарнокро ба уҳда гирифт. Баъзеҳо аз кибру ғуруру бахилӣ ҳар хел гапҳо нисбати ӯ мегӯянд, вале ӯ Худодод аст, ки Шумо душманони миллатро хору залил намуда Ватанро обод карда истодааст. Аммо Шумо, ки фикрҳои ифротӣ доштед, Худованд сари Шуморо хам овардааст. Далели ин гуфтаҳо аз дур, аз хориҷи кишвар ба Ватану миллат, ба мардуму халқ санг зада истодаед. Гар касе, ки аз Шумо сухангӯ бошад ба худи ӯ суханашро гӯяд. Ба сулҳу ваҳдат ва амнияти мардумхалалдор нашавед. Оқибаташ нохӯш аст. Ба ҳар ҳол суханони Шумо, тақсир Муҳаммадиқболи Садриддинро то охир таҳлил кардан лозим.

Суханони Мудир Эътибор аз ёдам намеравад, ки чунин гуфт: Эй Тоҷиконе, ки аз дасти ин режими комунистӣ ба ин мулку диёри мо муҳоҷир гаштаед, падарони мо 70 сол қабл мисли шумо аз дасти он русҳо ба ин минтақа фирор карда омада буданд ва ба умеди баргаштан ба ватани аҷдодии худ буданд. Аммо амри тақдир будааст ва ин барояшон муяссар нагашт ва акнун шуморо ҳам ин қотил, Раҳмонуф ба инҷо овора кард. Шумо барои мо бегона нестед ва мо ҳама аз як фомил ва як миллатем. Ҳатман ин хуношоми чуҷаи Ленин аз сари қудрат меравад ва ин марзҳо бардошта мегарданд ва мо якҷо зиндагонӣ мекунем....))) Боз ҳам тақсир дар чор сатр боло фикратонро фаромӯш кардаеду, боз мегӯед, ки “Суханони Мудир Эътибор аз ёдам намеравад,...”

“Ҳар касе барои ин амали ноҷавонмардона, як муҳоҷири тоҷикро озор медиҳад, ки ба хотири шумо Раҳмонов моро бомбаборон кардааст ва мо талафот додаем, бидонад бо Омир Соҳиб (Аҳмадшоҳи Масъуд) ба ҷанг бархостааст ва бо ӯ тараф аст. Муҳоҷирони Тоҷик ҳеҷ гуноҳе надоранд ва ин амалро ҳам душманони ин муҳоҷирони тоҷик шахсе бо номи Раҳмонов анҷом додааст ва ҳатман ӯ барои ин ҷиноят рӯзе посух мегӯяд”. гуфта буд Мудир Соҳиб Эътибор. Вале Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов худаш мардона бошуҷоъат ба Афғонистон рафт...))) тақсир, тақсир мардуми тоҷикро масхара карда истодаед?! Такрор ҳам шавад боз мегӯям, ки оқибати хуш надорад.

Ҳатто он рӯзҳо мардумро иғвоангезон бар алайҳи муҳоҷирони тоҷик мехостанд бишуронанд. Алҳамдулиллоҳ вазъро Мудир Эътибор ором намуд ва муҳоҷирон ба зиндагии муқаррарӣ баргаштанд. Тақсир бо калимаи “Алҳамдулиллоҳ” гуфтанат давоми суханрониатро мехонам, гарчанде, ки дуругу буҳтонаш зиёд асту дилгиркунанда аст, вале агар калимаи шаҳодатро мегуфтӣ... мусулмон мешудӢ!

Абдурраҳим Каримов он шабу рӯз аз ҷабҳаи Чаёб ба Тахор баргашта буд ва ин ҳодисотро хуб мушоҳида мекард. Баъди он ҳодиса ин мардум бо Раҳмонов ягон лаҳза ҳам синасоф нашуда буд. Барои ҳамин ҳам афғонҳо Ватани худро тарк карда, ба Тоҷикистони орому осуда ва боамн омада кору зиндагӣ мекунанд.

Дар мавриди Ҷирга (маҷлисҳои маҳлалӣ), ки мулло Абдураҳим маълумот дод, ин ҳам дурӯғи шохдори бешармона аст. Аслан чунин чизе дар сафаҳоти шимол, ки дар минтақаи Тахор ҷамъ шаванд, набуд. Ҷиргаҳо ҳама аз ҳар минтақае, ки ҳастанд дар Кобул ҷамъ мешуданд ва Тахор ё Толиқон аслан мақоми марказиятро надошт. Маркази ҳама Ҷиргаҳо дар Афғонистон бо номи Луви Ҷирга аст, ки он ҳамин парлумони кишвар аст, ҳоло ҳам ҳамин номро дорад ва ҳар ки барояш муҳим бошад, дар бораи сохти давлатдории кишвари Афғонистон маълумотҳоро биомӯзад. Барои хонанда ягон фарқе надорад, ки  ҷирга чист, ҷиргаҳо дар куҷо ҷамъ меомаданд. Як  суханҳои сафсата, пуч ва пур аз беҳудагӯӣ. Хайр бо маслиҳат мумкин ҳамон вақт ҷои мулоқотро Тахор интихоб кардаанд.

Боз инки гӯё Раҳмоновро онҳо ҳамчун Пешво пазирӯфта бошанд, савганд ба Аллоҳ ин дурӯғест шохдор ва аслан туҳмат ба миллати ғаюр ва силаҳшури Афғон аст. Мардуми Афғон ҳаргиз шахсе чун Раҳмонови пасмондаи комунистро пешво намепазирад. Ин ки баъд аз паёмбар ва Хулафои Рошидин то замони мо ба ҷуз Раҳмонов касе ийсор накардааст, иҳонат бар гузаштагони ислом аст. Хусусан мардуми афғон пешвоҳое доштанд, ки ин Раҳмонов ба хоки пойи онҳо намерасид ва ҳоло ҳам пешвоҳое доранд, ки ҳеҷ ниёзе ба ин марди хоини сархуше, ки дар ҳаёташ Аллоҳро саҷда накардааст, нест ва надоранд. Боз ҳам савганд ба Аллоҳ. Шумо мардум бе савганд фикратонро баён карда наметавонед. Мешуд, ки ба монанди Кабирӣ қасами тоҷикӣ  “занталоқ”, қасами рӯсӣ, қасами ЭРОНӢ  қасам хӯред, ҳаҷ гап не, бовар... Устоди бесаводон тақсир Муҳаммадиқболи Садриддин боз ҳам мақсади Шумо дар ин навиштаатон бо дуруғ дигар чиз аст. Ҳоло муносибати Афғонистону Тоҷикистон дар сатҳи олӣ мебошад, танҳо ҳамин ҷанг бар рафтуомад халалдор аст. Бо чашми хирад нигаред, ки дар ҳаёташ Аллоҳро дар куҷо саҷда кард, на бо чашми кибру ғурур ва буғзу адоват. Навиштаатон ғализ пур аз шайтонӣ аст, вале онро чи тавре, ки гуфтем пурра таҳлил менамоем, зеро Шумо яке аз АКАДЕМИКҲОИ ҲНИ будаед...)))

Бо овардани ин таърих гуфтанӣ ҳастам, ки баъди бомбаборон шудани Толиқон бо тайёраҳои русӣ аз ҷониби ҳукумати ҳамонвақтаи Тоҷикистон, дигар мардуми он минтақа, ин ваҳшониятро фаромӯш накардаанд. Чигуна онҳо ба Раҳмонов меҳр мебастаанду ин хабиссириштро пешво медонистаанд? Эмомалӣ пас аз шикастани сулҳ ва хиёнат ба он дар авохири соли 2015 “Пешво” гардид ва пас аз он худро “Асосгузори сулҳу ваҳдат” хонд. Ин ҳама барои бақои қудрат ва хок пошидан ба чашми мардум буд ва ҳаст на чизи дигаре. Ба ин Афсонаҳо бовар накунед. Гиряи тимсоҳ-мулло Абдураҳим ҳам ҳадафмандона, барои мухлис нишон додани худаш аст. Аммо бояд донист, ки Абдурраҳим мухлис намешавад, зеро ба Наҳзат хиёнат кард, пас аз он ба Раҳмонов пайваст ва ман шак надорам, ки Раҳмоновро ба дигаре иваз накунад. Хоин, хоин аст, барояш хиёнат як тинат ва атвор ва шуғл аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба луқмапартоиҳои “подсказкаҳои” Шумо “тақсир” муҳтоҷ нест, ва агар ин гуфтаҳоятон “Хоин, хоин аст, барояш хиёнат як тинат ва атвор ва шуғл аст.” ба Шумо қабул бошад, Шумо низ дар назди халқи тоҷик бо суханҳои худатон ХОИН ҳастед. Кору фаъолият ва зиндагии Шумо аз рӯи ин касбу коратон ҳаст, ки маблағ чи қадар аз куҷо бар зидди ки медиҳад. Дар бораи ҲНИ сухан нест. ҲНИ дар байни мардуми тоҷик пурра омӯхта шудааст.

Чизи дигари қобили мулоҳиза ин аст, ки дар ин вохӯрӣ мулло Абдураҳим зимни сӯҳбаташ гуфт, ки гӯё Раҳмонов сулҳ кардан мехосту дасти сулҳ дароз кард ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ даст надод. Ин ҳам дурӯғи маҳз ва бофтаи худи мулло Абдураҳим аст. Таърих гувоҳ аст ва шоҳидони зинда то ба ҳол дар ҳаётанд. Яке аз сабабҳои ба дарозо кашида шудани раванди баҳамоӣ ва истиқрори сулҳ худи ҳамин мулло Абдураҳим буд. Замоне, ки ҳушу ёди Раҳмонов дар хуношомӣ ва хунсо кардани мухолифон дар худи хоки Афғонистон буду ҳеҷ розӣ набуд бо роҳи сиёсӣ қазия баррасӣ шавад, ҳамаро устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба сулҳ розӣ карда буд, магар се нафар розӣ набуданд. Инҳо мулло Абдурраҳим Каримов, Амриддин Табаров ва як нафари дигар “бузургвор” буданд. Исми сеюмиро бо чанд далеле намехоҳам инҷо зикр кунам. Ааа.. билохира расидем ба ҷои даркории сӯҳбат, латифагӯи нав сар шуд. Инҳо мулло Абдурраҳим Каримов, Амриддин Табаров ва як нафари дигар “бузургвор” буданд. Исми сеюмиро бо чанд далеле намехоҳам инҷо зикр кунам. Ин чи гуфтанӣ аст? номи сеюмро намегӯям, дар Шумо “бузургвор”-ҳоятон ба чунин амалҳо даст мезананд.

Замоне, ки гуфтушуниди сулҳ оғоз шуд, мулло Абдурраҳим Каримов пас аз ин ки шунид сулҳ мешавад, қаҳр карда ба Покистон рафта буд. Бо сад зора ва тавалло ӯро аз Покистон ба Толиқон оварда буданд. Акнун ин тимсоҳ бенангона, аз сулҳ мегӯяду оби дида мекунад. Хайр агар қаҳр карда ба Покистон рафт, барои Шумо мулло Абдурраҳим дигар чи лозим буд, дар ҳолате, ки Шумо гуфтед ба музокироти сулҳ менеъа буд? Синну сол ба ҷое расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро авф кардааст, халқ ӯро бахшидаасту ҳамроҳи мардум кору фаъолият дорад. Дуо мекунем, ки Худованд ӯро бахшад, аммо Ба Шумо чи зарар расонида бошад. Биёед Шумо низ авф мешаведу оромона зиндаги мекунед. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Роҳбари тоҷикони ҷаҳон, Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони халқи тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон бисёр раҳмдил аст. Вале бо сурату сирати боҳамомадаи Шумо намедонам, ки авф мешавед ё на?!

Вожаи Ийсор ва шарҳи он

Мулло Абдураҳим нақл мекунад, ки маънои ийсорро намедонист ва маънои ин калимаи арабиро аз Ҷиргаҳо пурсид.

Пеш аз ҳама надонистани маънои ин калима, муллогии ӯ ва дониши кофии динӣ доштанашро зери савол мебарад. Чизи дигар ин ки он замон мулло Абдураҳим хоҳиши шунидани як сухани хубе дар бораи Раҳмонов надошт.

Ийсор (إيثار) ин вожаи арабӣ буда дар қомӯси забони арабӣ чунин шарҳ дода шудааст:

حُبّ الآخرين وإرادة الخير لهم وتفضيلهم على النَّفْس.

“Дӯст доштани дигарон ва хостани некӣ ба онҳо ва бартар донистани дигарон аз нафси худ”

Абдурраҳим Каримов умрат ба ҷое расидааст ва ҳатман барои ҳар сухан ва амалҳое, им о ва шумо анҷом медиҳем, дар пешгоҳи Аҳкамулҳокимин ҷавоб медиҳем. Бигӯед, ки Шумо кай ва дар куҷо дар амалҳои шахсе ба номи Раҳмонов чуноне, ки худатон беш аз даҳ маротиба гуфтед ин “Ийсор”-ро мушоҳида кардед? Гарчанде, ки саволи бесаводона боз ҳам бо қасам ва ё иҷборан ба Абдурраҳим Каримов дода шудааст ҳаминро гуфтаниям, ки он вақт замон, солҳои 90-ум, ки Тоҷикистонро бо “бузургвор” ва донишманду академикҳоятон ба хок яксон кардани будед, фикри Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов миллатро ҷамъ овардан, тоҷиконро аз ҳама ҷо ҷамъ овардан буд. Гуруснаю ташна кор мекарданд, то ки Тоҷикистон порча-порча нагардад. Дар хонааш моҳҳо набуд. Тақсир, худат гуфта, гузашти, ки таърих гувоҳ аст, пас таърих бихон! Ин сухан пурра ҳақиқат дорад. Мо мардум хонда будем, ки дар зарурат қасам ёд мекунӣ, барои ҳамин ин ҷо ҷои “занталоқ”-и тоҷикӣ  қасам хӯрдан нест.

Ончӣ шумо мегӯед дар сафаҳоти таърихи ин миллат сабт мегарданд ва наслҳои оянда ҳама гуфтаҳои шуморо мехонанд ва мунсифона ба он баҳо медиҳанд. Агар мегуфтед, Раҳмонов барои бақояш дар курсии қудрат ва оилаи бе охиру канораш, ҳама миллат ва ватанро омода аст Ийсор кунад, ин суханатон дуруст буд. Аммо шумо бо кадом асос ин вожаи беназирро, ки волотарин мақоми мусалмонӣ дар он нуҳуфта аст ба шахси хоину ватанфурӯше чун Раҳмонов аз номи мардуми ғаюру шуҷоъи Афғон бо ду дасти адаб тақдим намудед?

Аллоҳ дар Қуръони карим дар мавриди Ийсор хело зебо баён намуда аст. Шумо аз рӯйи виҷдон ва имонатон ин оятро бо ояти қабл аз ин тиловат кунед ва бо худтон фикр кунед, ки ин хислат дар Раҳмонов оё вуҷуд дорад?

وَالَّذِينَ تَبَوَّءُوا الدَّارَ وَالْإِيمَانَ مِن قَبْلِهِمْ يُحِبُّونَ مَنْ هَاجَرَ إِلَيْهِمْ وَلَا يَجِدُونَ فِي صُدُورِهِمْ حَاجَةً مِّمَّا أُوتُوا وَيُؤْثِرُونَ عَلَىٰ أَنفُسِهِمْ وَلَوْ كَانَ بِهِمْ خَصَاصَةٌ ۚ وَمَن يُوقَ شُحَّ نَفْسِهِ فَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

Тарҷума:

“Ва касоне, ки пеш аз омадани муҳоҷирон дар диёри худ будаанд ва имон овардаанд, онҳоеро, ки ба сӯяшон муҳоҷират кардаанд, дӯст медоранд. Ва аз он чӣ муҳоҷиронро дода мешавад, дар дил эҳсоси ҳасад намекунанд ва дигаронро (муҳоҷиронро) бар худ тарҷеҳ (афзалият) медиҳанд, ҳар чанд худ (ансор) мӯҳтоҷ бошанд. Ва онон, ки аз бухли хеш дар амон монда бошанд, растагоронанд! (Сураи Ҳашр,ояти 9) Аз назари Шумо бо сабаби бадбинӣ ва ғараз дар Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ин хислатҳо дида намешавад, аммо ин хислатҳо дар  Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов дида мешавад.

Дар мавриди шаъну нузули ин оят ниёзе намебинам, ки бароятон онро нависам. Чун зоҳиран маълум аст, ки дар чӣ мавриде ин ояти муборака нозил гаштааст. Дар мавриди Ийсори Абуталҳаи Ансорӣ (раз) ва ҳамсараш, ки барои муҳоҷир хуроки кудакони худро гузошт ва ийсор намуд. Шумо ба ҷойи ин ки Ийсори мардуми ғайюри Афғонистонро ба муҳоҷирони тоҷик баён намоед, ки вақте Раҳмонов онҳоро бо фронти халқӣ таъқиб намуд ва онҳо паноҳанда гаштанд, ними нонашро худаш бо фарзандонаш хурд ва ними дигарро ба муҳоҷирони аз дасти Раҳмонов ва одамкушонаш фирор карда дод, шумо масаларо баракс аз Ийсори Раҳмонов барои ҷавонон мегӯед? Тақсир Муҳаммадиқболи Садриддин агар Абдурраҳим Каримов хатое карда бошанд? Шумо омада онро дуруст карда ба ҷавонон фаҳмонед, чунки Шумо бениҳоооят “оқилу доно” ва “коршиноси масоҳили дин” будаед. Агар илоҷ медоштем ба назди Шумо омада аз Шумо “дарс” мегирифтем.” Агар ба Шумо вазифа, ҷоҳ, молу мулк ва дороӣ даркор бошад, меҳнат кунед, вале монед, ки мардум, халқи тоҷик бо меҳнати худ оромона дар фазои сулҳу субот, ваҳдат кору зиндагӣ кунад. Аз як сухани беақлона ва бесаводонаи Шумо метавонад дар Тоҷикистон алангаи ҷанг бархезад, вале дониста бошед, барои Ҳукумати Тоҷикон, ки дар ҳайати худ аъзо надошт, ва ҳар шахсеро, ки вазифа пешниҳод мекарданд рад мекард, давлат дар анбори худ яроқ надошт аз ӯҳдаи як ячейкаи террористии ҳамонвақтаи ҲНИ ки 20 сол пеш нақшаи вайрон кардани сохтори давлатро кашида буданд бо зиёда аз 100 гуруҳчаҳои дигар баромад.... аз ӯҳдаи Кабирӣ ва 100-200 нафар биёед 1000-2000 нафар гуем оё намебарояд? Дигар Тоҷикистон, Тоҷикистони солҳои 90-ум нест! Дар ҳар куҷое, ки бошед Худо гуфта осуда зиндагӣ ба сар баред, илло...аз рӯи фикрҳои бади худатон вайрону валангор мешавед.

Ба Аллоҳ паноҳ мебарам аз ин таҳриф ва маддоҳии шумо нисбати як золими хуношом.

Тарозӯи мулло Абдураҳим ҳаққу ботилро чигуна бар мекашад? Олӣ..., агар ба равиши  навиштаи Шумо гирем, оригиналӣ, тарозуро нав харидааст ва моли нав дуруст кор мекунад.Тарозуяшро дар бозорҳо ҳамчун тарозуи тафтишкунанда истифода мебаранд. Калимот ғалат, хат ғалат, имло ғалат, маъни ғалат дар ин навиштаҷот хонанда мемонад дар ғафлат.

Ман агар дар шахсияте чун Раҳмонов чуноне, ки мулло Абдураҳим васф намуд, агар панҷ дар сад ийсор ва ҷонфидоӣ ва ё хидмат ба ватанро мушоҳида мекардам, ҳатман 95% дигарро ҳамчун гумони нек тағтия ва рӯйпӯш менамудам. Аммо ҳеҷ Ийсоре дар ин марди хашину хоин намебинаму надидаам. Ҳарчӣ дидам зулм, шиканҷа, қатл, зиндон кардани шаҳрвандони бегуноҳ бо туҳматҳои воҳӣ ва сохта, бастани масоҷид, табдил кардани онҳо ба дигар муассисаҳо, бастани мадрасаҳои исломӣ, тарошидани риш, муборизаи беамон бар алайҳи ҳиҷоби занони афифа ва покдомани миллат, бад дидани ислом ва бад дидани уламои дин, таҳқир кардани уламои дин дар малаъи омма. Муборизаи беамон бар алайҳи дини 97% шаҳрвандони кишвар аст. Ҳама Тоҷикистонро барои худ ва оилаи худаш тақдим ва Ийсор намудааст то ӯ бо авлодаш мисли баҳоим бихуранду биошоманд ва миллати тоҷик дар ба дар, дар мулки ғарибӣ бошад. Куҷо шумо Ийсоре дидед, ки мо онро бо заррабин меҷӯем ва намебинем? Аз дури дуриҳо суханони аҷоибу ғароиб мебароянд, вале як ба як тамоман дигар чиз аст.

Бори дигар ҳамчун як бародари мусалмон бароятон хитоб мекунам. Аз ин роҳе, ки дар охири умрат интихоб намудаӣ баргард ва касе аз шумо мубориза ва даъват карданро талаб накардааст. Танҳо ба ҷони худатон ҷабр накунед, зеро аҷали ҳар яки мо мерасад ва қабл аз он бояд барои қабру охирати худ тӯшаҳое дошта бошем. Марг меояд нобаҳангом ва қабр сандуқи амал аст. Агар чунин бошад, Шумо бо ин амолатон (фитна, ифротгароӣ, таркиш, террор, ҷангандозӣ,  ғайбат, сангзанӣ, дӯруғгӯӣ, дашномҳо ва ғ.) чӣ мегӯед? Дар даргоҳи Худованди якто чӣ ҷавоб мегӯед?

Ҷаноби Абдурраҳим Каримов оё фикр кардаӣ? Рӯзи қиёмат дар назди Аллоҳ вақте аз шумо пурсида шавад оё шахсе ӯро Пешво, Заъим-Андод-Арбоб гуфта будӣ, ӯ магар лоиқи он пешвогиро дошт? Оё ин шахс Холиқашро саҷдае карда буду ӯро ҳамчун Холиқ мешинохт? Дар тули ҳукуматронияш ба дини ислом чӣ зарарҳо ва ба мусалмонони мазлум чӣ озору азиятҳоеро раво дошт? Тақсир Муҳаммадиқболи Садриддин як савганд ва ё қасами тоҷикӣ хӯред, ки Эмомалӣ Раҳмон ягон маротиб намоз нахондааст.

Мехоҳед пас аз ин ҳама заҳмату талошҳое дар тӯли умри худ намудед бо чунин шахсе Раҳмонов маҳшур гардед? Ман сад дар сад медонам, ки агар ҷавҳари имонатон монанди дар Пешовар, Пуҳантуни Устод Сайёф пас аз шом то намози хуфтан, дар ҳузури ҳама толибилмон баромад карда будед, мебуд, ҳаргиз бо ӯ маҳшур шуданро намехостед. Он суханоне, ки бар алайҳи Раҳмонов мегуфтед ҳеҷ кадомаш дар ёдатон ба фикрам боқӣ намондааст. Охирататонро ба ивази зарқу барқи дунё нафурӯшед, нафурӯшед, нафурӯшед! Ибораҳои бесаводона, вале нағз, хандаовар ...))) Таъби кас хуш мегардад.

Гуфтаниҳои зиёде дорам аммо ба ҳамин андоза кофӣ аст, умед дорам, мулло Абдураҳим ин сатрҳоро мехонанду каме тааммул менамоянду истихорае ҳам мекунанд. Зеро ин роҳе, ки ихтиёр намудаанд пурхатар асту пас аз чанде пушаймонӣ дигар суде надорад! Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки “Гуфтаниҳои зиёде дорам аммо ба ҳамин андоза кофӣ аст, умед дорам, Муҳаммадиқболи Садриддин ин сатрҳоро мехонанду каме тааммул менамоянду истихорае ҳам мекунанд. Зеро ин роҳе, ки ихтиёр намудаанд пурхатар асту пас аз чанде пушаймонӣ дигар суде надорад!” барои Шумо айни муддаост ва ба Шумо бисёртар рост меояду таалуқ дорад.

Аллоҳ моро дар ин роҳе ихтиёр намудаем собитқадам ва устувор нигоҳамон дорад. Қабл аз инки чунин сарнавишти талхе, ки бар Абдурраҳим Каримов овардаӣ моро имтиҳон накун ва қабл аз ба чунин сарнавишт дучор шуданамон мардона ҳалокамон бигардон. Моро ба андозаи мижа задан ба ҳоли худамон боқӣ нагузор, омин.

Таҳқиқ карда баромада шуд, ки аз Муҳаммадиқболи Садриддин бадтар инсон дар рӯи ҷаҳон нест. Аз гуфтаҳояш маълум, ки худпараст аст, лозим ояд нисбати падару модари худ чунин фикрҳо менависад.  

А.Ш.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.