РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Роҳҳои пешгирии таблиғи ифротгароӣ тавассути интернет
Дар пахши ақидаҳои ифротгароӣ нақши интернет имрӯзҳо хеле фаъол аст, ки назорат кардани он бисёр душвор шудааст.
Дар гирифтани маълумоти ғаразноки динӣ нақши зиёд доштани ин воситаи иттилоотӣ ташвишовар гардидааст, зеро дар интернет на ҳамеша маълумоти динӣ холисона ва аз манбаву сарчашмаҳои муътамад пешниҳод мегардад. Балки дар баъзе ҳолатҳо муғризона, бадбинона ва тақлидкорона пахш карда мешавад. Баробари густариши ҷомеаи иттилоотӣ таъсири расонаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ дар раванди ташкили афкори омма пайваста густариш меёбад. Расона ва технологияҳои иттилоотӣ ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳҳои ҷомеаро тағйир медиҳанд ва танзим менамоянд. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо аз ҷониби гуруҳҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ақидаҳои тундгароӣ яъне: Салафия, Ҳизбут-таҳрир ва ДИИШ истифода мешаванд. Масалан: дар шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Одноклассники» ҳамчунин мессенҷерҳои «WhatsApp Viber Telegram» ва ғайра гуруҳ ва саҳифаҳои ҷонибдорон ва мубаллиғони «ДИИШ», «Ҳизбу-т-таҳрир», Салафия ва ғайра фаъолона амал мекунанд.
Зимни таҳлили қисми тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ метавон истифодабарандагони онро аз нигоҳи меъёри ифротӣ будан ба гуруҳҳои Салафия, ДИИШ ва Ҳизбу-т-таҳрир тақсим кард. Ба гуруҳи аввал афроде шомил аст, ки таълими диниро дар кишварҳои хориҷӣ гирифтаанд ё дар кишварҳои хориҷӣ донишҷӯ будаанд. Муҳтавои фаъолият ва маводи пешниҳоднамудаи онҳо ба масъалаҳои имонӣ ва фаризаҳои динӣ марбут буда, бештар суннат ва маросимҳои мардумӣ ва фаҳмиши суннатии исломиро, ки дар ҷомеаи мо вуҷуд доранд, зери танқид қарор медиҳанд ва онҳоро ба унвони «бидъат», «хурофот» ва «дур шудан аз исломи ноб» муаррифӣ менамоянд. Ба ақидаи онҳо, руҳониёни суннатӣ аз аслҳои исломӣ дур шуда, дар таҷрибаи худ ба сарчашмаҳои муътабари динӣ, яъне Қуръон ва суннат такя намекунанд. Намояндагони ин гуруҳ гӯё ба масъалаҳои сиёсӣ аҳамият надода, ба масъалаҳои динӣ машғуланд. Аммо ин дар зоҳир аст, чунки фаъолони ин гуруҳ бо коҳиш додани эътибори руҳониёни исломии суннатӣ дар байни ҷомеаи кишвар, бахусус насли ҷавон, заминаҳоеро барои пазируфтани ақидаҳои тундравона эҷод мекунанд ва мо бояд саъю талош намоем то садди роҳи ин гуруҳҳои ифротӣ гардем.
Ҷонибдорони ҳаракату ҷараёнҳои ифротгаро ва тундрав, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи байналмилалӣ мамнуъ эълон шудаанд, гуруҳи дуюмро ташкил мекунанд. Асли фаъолияти ин гуруҳ он аст, ки онҳо аз ақида ва эътибори ислом барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсии худ истифода мебаранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки аксари ҷараёнҳои диние, ки аз номи ислом баромад мекунанд, дар асл барномаҳои бузурги қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошанд, ки ҳадафи онҳо аз байн бурдани амният дар кишвару минтақа буда, барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ мебошад. Таҳлили шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус «Фейсбук» ва «Одноклассники» нишон медиҳад, ки намояндагони ҷараёнҳои динии ғайриқонунӣ ақида ва дидгоҳҳои худро ба таври ошкор баён медоранд ва аз нерӯву имконияти шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи онҳо истифода менамоянд. Бо истифода аз сатҳи пасти саводи динии аъзои шабакаҳои иҷтимоӣ намояндагони гуруҳ тавонистанд ин шабакаҳоро ба майдони таблиғи ақидаҳои худ табдил диҳанд.
Таҳлили муҳтавои дидгоҳҳои гуруҳ нишон медиҳад, ки намояндагони ин ҷараёнҳо ҳам исломи суннатӣ ва ҳам барномаҳои иҷтимоӣ ва сиёсиеро, ки аз ҷониби давлат амалӣ мешаванд, қабул надоранд. Зимнан, намояндагони ин гуруҳҳо, яъне: «ДИИШ» ва «Ҳизбу-т-таҳрир» ниҳод, рамз ва нишонаҳои давлатӣ, масалан, марзҳои давлатиро қабул надоранд ва даъвои хилофати ҷаҳонӣ мекунанд. Мушкилии таҳлил ва баррасии равандҳои гуногуни шабакаҳои иҷтимоӣ дар он аст, ки онҳо хусусияти ҷаҳонӣ доранд. Масалан, намояндагони ҳаракатҳои мамнуъ берун аз кишвар қарор доранд ва фаъолияти худро бо истифода аз номҳои ориятгирифта пеш мебаранд. Ба гуруҳи сеюм «Исломгароёни сиёсӣ», ҳамчунин баъзе аз тарафдорони моделҳои гуногуни исломи сиёсӣ шомил мебошанд.
Метавон гуфт, ки дар даҳсолаи охир шабакаҳои иҷтимоӣ ба як нерӯи қавӣ барои ташаккули афкори омма ва зербинои муколамаи гуруҳ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа мубаддал гаштаанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ бешубҳа дорои таъсири мусбат дар фазои иттилоотӣ ва иҷтимоӣ низ ҳастанд, аммо истифодаи онҳо аз ҷониби гуруҳҳои ифротию тундрав метавонад таҳдиду хатарҳои нав барои амният ва манфиатҳои миллӣ, эҷод созад.
Дар ин росто, ҷанбаҳои иттилоотии таъмини амният ниёз ба истифода аз нерӯҳои зеҳнӣ барои тақвияти суботи давлат доранд. Дар ин самт натиҷагирӣ ва пешниҳодҳои зерин ба мақсад мувофиқ менамоянд: Ҷанбаҳои иттилоотии таъмини амният воситаи муҳими рушди устувори давлат ва ҷомеа мебошанд. Дар шароити муосир ба ҷуз чораҳои манъкунандаи дастрасӣ ба муҳтавои фазои иттилоотӣ ҳеҷ талоши чашмрасе ба назар намерасад ва имкониятҳои содаи техникӣ ба осонӣ гузаштан аз ин монеаҳо барои корбарони фаъоли интернет вуҷуд доранд.
Барои ин бояд аз нерӯву имконияти мавҷуда дар ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ барои омӯзиши пайвастаи вазъи таблиғи андешаҳои тундраву ифротӣ истифода барем, то ба масъалаи таҳлили муҳтавои фазои иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз методология ва технологияҳои муосир аз ҷониби ниҳодҳои марбута таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад. Барои пешгирии таъсири ифротгароии динӣ ва тундгароӣ бояд ҳамкории расонаҳои миллӣ бо коршиносон ва марказҳои илмӣ-таҳлилӣ тақвият ёбад.
Бояд гуруҳҳои доимоамалкунанда аз ҳисоби коршиносони соҳаҳои гуногун бо мақсади пайгирӣ ва таҳлили вазъи ифротгароию тундгароӣ таъсис дода шаванд. Ин равиш барои омӯзиши амиқи масъала ва андешидани чораҳои муносиб барои коҳиши сатҳи таъсири ақидаҳои ифротгароию тундгароӣ дар афкори омма имконият фароҳам месозад. Истифодаи нерӯ ва имкониятҳои руҳониёни суннатӣ барои ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар роҳи мубориза бо таъсири ҷараёнҳои бегонаи динӣ ба афкори ҷавонон низ аз аҳамият холӣ нест. Ташкили фазои мусоиди иттилоотӣ барои коҳиши сатҳи ифротгароӣ дар байни ҷавонон тақозо мекунад, ки торномаҳои интернетӣ ва расонаҳои алоҳида барои тарғиби арзиш ва фарҳанги суннатӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонон, таъсис дода шаванд ва ин расонаҳо бояд маҳсулоти аудиовизуалии ҷолиб тавлид созанд. Зеро тибқи таҳлили коршиносони ин соҳа таъсири ин гуна мавод дар миёни ҷавонон имрӯзҳо пайваста дар ҳоли пешрафт ва афзоиш мебошад.
Хабибов Р. Мудири кафедраи Аҳодиси набавӣ:
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.