РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Бадхоҳони миллат осудагии мардуми тоҷикро дидан намехоҳанд
Ҳамасола 9 сентябр тамоми мардуми тоҷик бо сару либоси идона ва бо руҳи болида Рӯзи Истиқлолиятро ҷашн мегиранд. Зеро мардуми тоҷик истиқлолияти худро солиёни зиёд интизорӣ кашидаанд. Ин Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Худованд дар баробари Истиқлолият барои мардуми тоҷик як Сарвари оқилу доно, мунису ғамхор, одилу саховатмандро ато намуд. Оре, маҳз ана ҳамин марди худодод буд, ки мо ба чунин рузҳои хуб расидем, Истиқлолият пойдор монд. Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро ба сулҳу салоҳ овард, мардуми парокандаро ба Ватан баргардонид. Ҷони худро дар хатар гузошт, яъне осудагию оромии кишвар ва мардуми азизаш барои ӯ қимматтар аз ҷонаш аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рузи ҷашни Истиқлолият суханрони намуда, дар фароварди сухани худ муроҷиат ба ҷавонон намуда, чунин гуфт: «Хонед, ҳунар омузед, кишвари худро соҳиби намоед!». Дар зери мафҳуми як ҷумла, як ҷаҳон маъниро бояд дарк кард. Ӯ дар ҳар як баромади худ ҷавононро ояндаи миллат муаррифи намуда, барои сайқал ёфтани дониши ҷавонон шароити хуб муҳайё намуда истодааст. Мутаасифона баъзе ҷавононе ҳастанд, ки ба гуруҳҳои ифротгароӣ (терроризм) шомил шуда, ба халқу миллат, деҳа ва оилаи худ иснод меоранд. Шаъну шарафи ҷавониро аз даст медиҳанд, ки ин боиси ғаму андуҳи падару модар, зану фарзанд ва наздикони онҳо мегардад. Ифротгароён бо ҳиллаю найранг ва суханони иғвогаронаи худ ҳазорон ҷавонони бегуноҳро ба коми марг кашидаанд. Нотавонбинони халқи тоҷик ба ин Ватани озоду осуда ва зебои мо ҳасад бурда, мехоҳанд, ки ин муҳити тинҷу оромро вайрон созанд, онро ба кишварҳои ҷангзада табдил диҳанд, вале бо сарварии ин хирадманди бузург қавию махкамирода муҳтарам Пешвои Миллат садди роҳи беадолатиҳоро хоҳем гирифт.
Аҳёев А.
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.