РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Боз як кӯшиши беҳадафи мухолифин
Рўзи 9-уми сентябри соли љорї созмонњои оппозитсионии зиддињукуматии Тољикистон, ки вохурии худро дар шањри Варшава баргузор карданд, гумон ба он мекунанд, ки ба маќсади нопоки худ мерасанд. Аммо, хушбахтона мардуми ватандусти Тољикистон дигар фирефтаи ин душманони милллат намешаванд ва шуданињам нестанд. Чунки, мардуми љангидаи тољик як маротиба љанги хонамонсузро дида, дигар муштоќи чунин кашмакашиву оворагињо будан намехоњанд.
Давлат ба мо тамоми шароитњоро муњайё карда аст ва кўшиши ободиву тинљии шањрвандонашро хоњон аст.
Намояндагони њизбу њаракатњои ифротї, яъне мухолифини Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти шиорњои диниву мазњабї амал менамоянд, ки ин амали онњо ба дини мубини Ислом њељ иртиботе надорад. Баракс, дини поки исломро ба љањониён њамчун тавликунандаи амалњои зидди гуманистї нишон медињанд. Амали номатлубе, ки ба халќи осоишта нооромї ва фитнаро роњандозї мекунад, њељ ба дини муќаддаси Ислом рабт дошта наметавонад. Агар пеши роњи ин фитнаро нагирем, аввалан ба радикализми динї, баъдан эктремистїро (ифротгарої) ба вуљуд оварда, дар нињоят ба амали террористї оварда мерасонад, ки ин боиси таркишу ноором кардани халќи осоишта ва мушкилињои зиёдеро ба вуљуд меоварад. Ногуфта намонад, ки аз амалњои террористие, ки дар Сурияву Покистон, Афѓонистону Сомалї, Туркияву Россия ва дигар кишварњои олам сар мезанад, пеш аз њама мардуми осоишта, зарари моддиву маънавї мебинанд. Террористон дар њоле худро мусулмон мењисобанд, ки мардумро бегуноњ куштаву ѓорат намуда, боиси дар роњи муњољират дар бањрњо ѓарќ шудани њазорон нафар гурезањо, аз љумла занону кўдакон мегарданд. Дар њадиси шариф Пайѓамбар (с) фармудаанд: «Мусулмон њамон аст, ки мусулмонњо аз забону дасти ў солим монанд». (Њадиси мазкурро Муслим ривоят кардааст).
Моро лозим аст, њама дастаљамъона бар зидди нооромиву пайдо шудани њаргуна дасисањо мубориза барем ва нагузорем, ки ба кишвари азизамон Тољикистон газанде расад. Чунки Тољикистон баъди солњои тўлонии љанги бародаркуш аз нав барќарор шуд ва боз ватани азизамонро дубора ба хуну хок оѓушта кардан аз нишонањои нољавонмардист. Њар як ватандустро лозим аст, бањри ободии ватани худ кўшишу талош намояд, то дар сулњу субботу амният зиндагї кунад.
Мутахассиси шуъбаи илм Рањматова З.
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.