РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Ҷавоб ба хоинони миллат, алалхусус Муҳаммадиқболи Садриддин

Инсон бояд аз ақли худ истифода кунад, то ки мухолифи Худованди хеш ва Расули Ҳақ (с) набошад, агар дар баъзе масъалаҳо дар зоҳир ақл бо нақл (нақл гуфта, аз гузаштагон Паёмбар (с) ва саҳобагон (р) нақл шуда омадааст) мухолиф бошад, нақл дар муқобили ақл пазируфта мешавад, зеро ақл аз дарки ҳама матолиб оҷиз аст. Баъзеҳо ба ақлашон зиёд бовар намуда, то ҷое ки шариати мустақимро дар муқобили ақл раҳо мекунанд. Мушкилӣ ин ҷост, ки баъзеҳо худро дар либоси рӯҳонию диндор ва ҳақиқатхоҳ дароварда, бо даъвоҳову макрҳо ва ҳиллаҳои дӯруғинашон мусалмонони мухлисро фиреб медиҳанд, молашонро ғорат карда, ақидаашонро фосид сохта, динашонро нобуд месозанд. Бинобар ин ҳар мусалмон бояд пеш аз шиносоӣ бо дилхоҳ инсоният, хуб ошно гашта, баъд бовар намояд.

Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз аъзоёни мухолифин, ки дар хориҷи кишвар умр ба сар мебарад, худро донову босавод гирифта, аз пеши худ ба ҳар шахсе, ки ҳақиқатро дидаву шунидааст  ҷавоб мегӯяд, (ба гуфти бародарони рус: сует свой нос туда, куда ненадо) Ӯ бо росту дурустии гапу кор ва амал нигоҳ накарда аз зеҳнаш чизе хоҳад мегӯяд. Дар нишасту вохӯрҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лаҳистон бо донишҷӯёни тоҷик суханронӣ мекунад. Устод домулло Абдураҳим Каримов ва домулло Айёмиддин Сатторов аз аввали кори худ гуфта мегузаранд, ки кадом солҳо ба ин ҳизби мамнуъ пайвастанд.  Муҳаммадиқболи Садриддин навиштааст, ки онҳо дуруғ мегӯянд Сатторов Айёмиддин пеш аз Каримов Раҳим ба ҳизб омадаст, аз ин маълум мешавад, ки Муҳаммадиқболи Садриддин аз илми ғайб ҳам бохабар барин сухан гуфта, устодонро дурӯғгӯ мешуморад.

Худованд дар бисёре аз оятҳои Қуръон мавзӯи сеҳру ҷоду ва ғайбгӯиро баён мекунад, зеро хатари он бисёр сахт аст, дар ҳамин мавзуъ дар сураҳои “Аъроф”, “Тоҳо”, “Шуъаро” достони ҳазрати Мусо ва қавми Фиръавнро аз аввал то охир ба таври комил баён мекунад. Вақте ки яҳудиҳо Тавротро тағийр доданд, Худованд онҳоро ба уқубате гирифтор кард, ки онҳо ваҳи Илоҳӣ ва “Тавроте”, ки Худованд ба Мусо алайҳиссалом нозил фармуд сеҳру ҷоду донистанд. Ин суннати Илоҳист, ки шахсе ҳақро донаду  ӯро инкор кунад ва ё ба аҳли он таъна занад, Худованд онҳоро ба уқубати сахте гирифтор мекунад.

Худованди бузург дар сураи “Саф” ояти 5 мефармояд: “Ва Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Чун аз ҳақ рӯйгардон шуданд, Худо низ дилҳояшонро аз ҳақ бигардонид. Ва Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад.” Ҳар шахс, ки ба тоати Худо машғул шуда,  ростқавлию ҳалолхӯриро пешаи худ гардонад Худованд ӯро ҳифз мекунад шахсе, ки аз шариати ислом дур шуда, ба шиъагароӣ ва дунёпарастиву дуруғгӯи сару кор гирад ба лаънати Худо гирифтор мешавад. Имрӯзҳо мо бо шахсоне рӯ ба рӯ мешавем, ки илми нофеъро тарк карда ба илми ботил рӯ овардаанд, чуноне ки мебинем Муҳаммадиқболи Садриддин аз ҷумлаи чунин шахсиятҳо мебошад, ки гумроҳ шуда пайрави шайтонсифатони замон гаштааст.

Пас аз ин, ки шиъаҳо баъзе аз ақидаҳои ботили худро ошкору баён карданд, Оиша (р) модари муъминон ва Фотима духтари Паёмбар (с)-ро дашном доданд ва ба ончи ки мунофиқон вайро муттаҳам карда буданд бадном сохтанд, дар ҳоле, ки Парвардигори ҷаҳониён вайро аз ин туҳмат пок дошт ва оятеро аз сураи  “Нур” фиристод: “Касонеро, ки занони покро ба зино муттаҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид намеоваранд, ҳаштод зарба бизанед ва аз он пас ҳаргиз шоҳидиашонро напазиред, ки мардуме фосиқанд”, то ки рӯзи қиёмат далел гардад ва чеҳраи ҳақиқии онҳо маълум гардад.

Шиъаҳо баъд аз ин ки Абубакри Сиддиқ ва Умари Форуқ (р)-ро дашном доданд ва онҳоро ҳукме ба куфр намуданд. Дар ин маврид Паёмбари акрам (саллаллоҳуалайҳи ва олиҳи васаллам) фармудааст: “Саҳобаҳои маро дашном мадиҳед, савганд ба номи он Зоте, ки нафси ман ба дасти ӯст, агар касе аз шумоён мисли кӯҳи Уҳуд тилло садақа кунад, ба камтари садақае, ки онҳо садақа кардаанд, нахоҳад расид”. (Бухорӣ ва Муслим)

Абӯбакри Сиддиқ халифаи аввали Расули Худо (с), қурайшинасаб ва аз хонаводаи Расулуллоҳ (с) буда, насабаш ба Мурра мерасад, ки аз аҷдодони гиромии он Ҳазрат (с) аст.

Таълимоти мазҳаби Имом Абуҳанифа (р) тибқи суннати Расули Худо (с) мебошад, ҳар мусулмонро воҷиб аст, ки эҳтироми саҳобагони киромро ба ҷо орад, аз ахлоқи ҳамидаи онҳо ибрат гирад, чунон содиқу бовафо бошад, ки наслҳои оянда аз онҳо ифтихор дошта бошанд.

 Ҳаёти Абӯбакри Сиддиқ барои ҳар яки мо намунаи ибрат аст. Ҳазрати Абӯбакр пайрав ва ҳамнишини некон буд ва номи Сиддиқ то қиёмат дар дили муъминон боқӣ хоҳад монд.

 Баъд аз ин ки шиъаҳои дувоздаҳимома ақидаашонро ошкор сохтанд, ба ҳар мусулмоне, ки дар ҳар гӯшаву канори замин аст, воҷиб мегардад, ки онҳо (шиъаҳои имомияи Ҷаъфарӣ)-ро бишиносанд, зеро ин амр аз муҳимтарин масъалаҳое аст, ки ба тамоми мусулмонони кураи замин таҳдид мекунад. Ҳаракат ба он намоянд, ки чи гуна аз онҳо дур шаванд ва тавонан худро аз бадиву озори ин фирқа инсонҳо дур кунанд.

Имомҳои фирқаҳои шиъа, ки пеш аз онҳо буданд, фарқ дорад, дар ҳоле, ки фирқаҳои шиъа зиёда аз сад аст ва ба фикру ақидаашон онҳо аз ҳама муслмонтаранд зеро онҳо баъди Паёмбар (с) дувоздаҳ нафарро мешиносанд ва даъво мекунанд, ки имомат аз Алӣ (р) оғоз шуда ва ба имоми махфӣ шуда дар сардоб хотима меёбад ва ба фикру ақидаи шиаҳои дувоздаҳимома ҳар имоме ғайри ин дувоздаҳ нафар ботил аст. Пас ин афрод имомати Абубакр (р) ва тамоми хулафову ҳукамо аз аввали ислом то ба имрӯз ҳатто, ки то рӯзи қиёматро ботил мешуморанд ва мегӯянд, ки хилофати  Абубакр, Умар ва Усмон (р) ҳама хилофатҳои ғасбшуда ва ботиланд. Ба фикру ақидаи онҳо дувоздаҳимом, ки аз Алӣ (р) сар мешавад ва то ба имоми ғоиб тамом мешавад имон овардан ба тамоми онҳо фарз аст. Шахсе, ки ба имомати ин дувоздаҳ имом имон надорад кофир мебошад ва агар эътиқод доранд, ки ин дувоздаҳ имом аз тамоми анбиё ва мурсалин беҳтар ҳастанд вале ба онҳо имон наёварад кофир аст. Инҳо ба ин ақидаҳои худ аз дигар фирқаҳои шиа, ки зиёда аз сад фирқа мебошанд фарқ мекунанд, аз дигар тоифаи мусулмонон ҷудо гашта ва худро “исноашара”-и дувоздаҳимома номидаанд ва ҳама фирқаҳои шиаро, ки қабл аз онҳо буданд ё то кунун ҳастанд монанди Зайдия ва дигарон ба куфр ҳукм мекунанд.

Савол ба миён меояд, ки дини дувоздаҳимома, ки ба Худову Расулаш (с) ва ба ақли солим дурустӣ надорад ягон гӯруҳ мардумон ба ин ақидаи ботил эътиқод доранд? Бояд гуфт, ки ин динро як гӯруҳ ҳасадхӯрону бадбинони Худо ва Расулаш (с) сохтаанд, то ки мардумонро аз шариати Муҳаммад (с) дур созанд, дар ҳоле, ки худ онҳо медонанд, ки дини дувоздаҳимома дурӯғи ошкорост.

Муҳаммадиқболи Садриддин мегӯяд, ки гӯё Абдураҳим Каримов як саҳначаеро сохта ба иҷро расонидааст. Муҳаммадиқболи Садриддин суханони Абдураҳим Каримовро ба дурӯғ шабеҳ дода чунин суханоне мегӯяд, ки шоҳидони аслии воқеаҳои он солҳоро дар ҳолати шок мемонад. Дар ин суханрони бояд, ки маънии онро фаҳмида, навиштан мебоядна дурғу фитнаҳоро. “Аз Мазори Шариф, аз Бағлон, аз Қундӯз, аз Тахор, аз Бадахшон, аз Маймана, аз Ҷузҷон, аз Сари Пул ҷиргаҳо ҳамаашон ҳамҷо омада буданд. гуфтанд, ки ҳамин қумандони тоҷик савол дода буд, ки дар байни тоҷикони Афғонистон, чи гап аст? ҷиргаҳо гуфтанд, ки ин сохта нест, аз қалбашон гуфта истодаанд, ки ҳамин роҳбари мо ҳаст. Баъд ман пурсидам, ки инро чи хел шумо роҳбар гирифтед. Гуфтанд, ки Ийсор. Ийсор калимаи арабӣ мебошад. Ийсор (Эмомалиро дар назар дорштанд) мо ҳама чизро дидему ҳамин шахсро роҳбар интихоб кардем. Гуфтам “ийсор”-аш чист?, гуфтанд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) ийсор дошт, ҳазрати Абубакр, Усмон, Умар, Алӣ (р) ийсор дошт. Аз ҳамон замон то имрӯз мо дар ягон роҳбар “ийсор” надида будем, танҳо ийсорро дар Раҳмонов дидем”- нақл мекунад мулло Абдураҳим. Дар ин ҷо ягон баҳсе нест, ки нақлашро лаҳҷавӣ мекунад, ба “сеталоқа” қасам нахӯрдааст ку!?

Ба гуфтаи Муҳаммадиқболи Садриддин “Аслан ҳеҷ тоҷике дар Афғонистоне, ки он солҳо дар он ҷо будаанду қарор доштаанд, ҷонваре мисли Раҳмоновро ба асобаи роҳбар ё пешво нашинохтааст. Савганд ба Аллоҳ дурӯғи маҳз ва тӯҳмат ба миллати ғаюри Афғонистон аст”. Суханҳое, ки дар ин ҷо Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз аъзоёни ҲНИ гуфтааст, ҳама дурӯғу бӯҳтон ва туҳмат бар зидди устодон ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки ин иддао ва ё даъвои онҳо ҳеҷ асос ва ҳақиқате надорад ва мардуми шарафманди тоҷик диданд, ки Кабирӣ ҳамроҳ бо Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайравони хеш як гурӯҳи ҷангҷӯёни роҳгумзада дар сар хиёнат ба ватандоштаро бо сардории шиаёни хонумонсӯз созмон дода, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то ки дар Тоҷикистон қонуну равияҳои худро ҷорӣ намоянд, вале хушбахтона ба ин мақсади нопоки хеш намерасанд. Онҳо дубора бо суханҳову даъватҳои беасосу бемаънӣ мардумро ғарқи афкори ифротӣ ва идеологияҳои таҳмилии худ  намуда, мехоҳанд зиндагии осудаи халқи азизи тоҷикро ноором намоянд. Боз чӣ далел овардан мумкин аст, дар ҳоле ки худ Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳамаслаконашон хоини халқу миллат эълон гаштаанд, чӣ гуна хоини халқу миллат метавонад ҳуқуқи халқи тоҷикро ҳимоя намояд ва ё аз худшиносии миллию ҳақу ботил ҳарф занад? Чуноне ки бузургон гуфтаанд барои инсони оқил як нуқтае кифоякунанда аст:

Як нуқта бас аст, агар шуур аст,

В-ар на чароғ пеши кӯр аст.

Ӯ мегуяд “Бо овардани ин таърих гуфтанӣ ҳастам, ки баъди бомбаборон шудани Толиқон бо тайёраҳои русӣ аз ҷониби ҳукумати ҳамонвақтаи Тоҷикистон, дигар мардуми он минтақа, ин ваҳшониятро фаромӯш накардаанд. Чигуна онҳо ба Раҳмонов меҳр мебастанду ин хабиссириштро пешво медонистанд? Эмомалӣ пас аз шикастани сулҳ ва хиёнат ба он худро “Асосгузори сулҳу ваҳдат” хонд. Ин ҳама барои бақои қудрат ва хок пошидан ба чашми мардум буд ва ҳаст на чизи дигаре. Ба ин афсонаҳо бовар накунед”.Дар ин матлаб ҷавоб ба Муҳаммадиқболи Садриддин: на ҳар кас метавонад соҳибақл бошад. На ҳар фард метавонад хубро аз бад, некро аз зишт, дӯстро аз душман ва тарбияро аз таънаву маломат фарқият бахшад. Аз калонсолон, олимон  ва касони оқил  бояд ибрат омӯхт, то ҳангоми сахтиву дармондагӣ ва мушкилии рӯзгор мададгорамон гардад, зеро ҳаёт пур аз хатарҳост. Барои рафъи ҳар масоили рӯзгор таҷрибаи бузург мебояд. Чуноне ки Рудакии бузургвор мефармояд:

                             Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

                             Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

          Ту хабиси кӯчагард, беватан чӣ медонӣ, ки мардуми Афғонистон Пешвои миллати мо тоҷиконро ба кадом сабаб  ин қадар эҳтирому иззат мекарданд ва то ҳол мекунанд. Бояд бидонӣ, ки ҳар як шахс ба андозаи мақому манзалаташ эҳтиром карда мешавад, ин иззат ба Президенти мо тоҷикон арзанда аст, ки тоҷикони ҷаҳон хусусан Афғонистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор донистанд.

Ин нофаҳм мегӯяд: “Чизи дигаре, ки  қобили зикр аст. Дар ин вохӯрӣ мулло Абдураҳим зимни сӯҳбаташ гуфт, ки гӯё Раҳмонов сулҳ кардан мехосту дасти сулҳ дароз кард ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ даст надод. Ин ҳам дурӯғи маҳз ва бофтаи худи мулло Абдураҳим аст”.

Ба  ҳамагон маълум аст, ки фарҳанги қадимаи тоҷикон аз сулҳу ваҳдат об хӯрда, моро ба сӯи рӯшноӣ даъват мекунад. Хидматҳои фарзандони фарзонаи миллат, бахусус  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон арзанда аст. Худованд ба ӯ нерӯву тавоноие бахшидааст, ки барои миллат хидмату корнамоиҳои сазовореро ба сомон расонидааст. Ин шахси беидроку бемаънӣ (Муҳаммадиқболи Садриддин) бо кадом номус аз таърих гап мезанад.  Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд, ки ин ҳама устоворӣ аз заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мебошад.

Зархариди шиаҳои дувоздаҳимома мегӯяд, ки “Мулло Абдураҳим нақл мекунад, ки маънои ийсорро намедонист ва маънои ин калимаи арабиро аз ҷиргаҳо пурсид”.

Дар чӣ будани ийсор ва барои чӣ истифода бурданаш ихтилоф ва шак дорӣ?  ё ин ки дар зоте, ки ин дин ва касоне, ки ин ҳукмро дар байни мардум паҳн карданд?

Эй ки бар асҳоби Пайёмбар иҳонат мекунӣ,

Хештанро мустаҳиққи тавқи лаънат мекунӣ,

Тухми куфру ширку бидъатҳо ту бар дилҳо чунон.

Бизр мекорӣ чу шайтону зироъат мекунӣ.

Ҳам ба азвоҷи Набӣ, он модарони мўъминон,

Бар ҳарими покашон буҳтону туҳмат мекунӣ.

Доманат олуда аз фаҳшову аз фисқу фуҷур,

Молу номуси касонро ҷумла ғорат мекунӣ.

Хондани оёти Қуръонро ту натвонӣ дуруст,

Иддаъои донишу илму шариъат мекунӣ.

Марҷаъи тақлид меномӣ худатро, эй сафеҳ,

Халқро водори таслиму итоъат мекунӣ.

Шиъаён мегӯянд, ки аҳли суннат бародарони мо ҳастанд мушкилии мо ваҳобиҳост аммо агар назар ба китобҳояшон намоем мебинем, ки на хайр ҳеҷ мушкили бар ин ду надоранд,  балки бар аҳли суннат ҳаст мушкилиашон ва ҳеҷ  бародарие бо аҳли суннат надоранд на дар илоҳият, на дар Паёмбар (с), ки аз забони худашон дар муътабартарин китобашон омадааст:

Неъматуллоҳ Ҷазоирӣ мефармояд: «Мо бо онҳо (яъне аҳли суннат) дар ҳеҷ асле муштарак нестем на дар Илоҳ, на дар Паёмбар (с) ва на дар имом, зеро онҳо мўътақиданд. Парвардигорашон зотест, ки Паёмбараш Муҳаммад (с) ва халифааш Абӯбакр аст,...»

Ҳабибамро касе, ки дӯст дорад,

Куҷо Молик варо дӯзах дарорад.

Ба ҷону дил муҳибби Мустафо бош,

Ба ёрони Муҳаммад ҷонфидо бош.

Шиъаҳо чанд тоифа мешаванд, онҳо аз авлоди Алӣ (р) равияи дувоздаҳимомро қабул доранд. Алӣ (р)-ро афзали саҳобаҳо эътироф мекунанд, бисёри саҳобаҳоро мунофиқ меҳисобанд, ба эътиқоди онҳо саҳобаҳо баъди вафоти Паёмбар, Қуръонро тағйир доданд, ҳамчунон Оиша (р)-ро ба зино туҳмат мекунанд. Аз имом Молик ривоят шудааст: «Касе Абубакр (р)-ро дашном  кунад  дурра зада шавад, касе Оиша (р)-ро дашном кунад кушта шавад!» аз он пурсиданд: Барои чӣ?  Ӯ ҷавоб дод: Касе, ки Оиша (р)-ро ба зино туҳмат мекунад Қуръонро инкор кардааст.

Худо Таоло мефармояд: «Ҳамоно онон, ки тӯҳматро овардаанд, гурӯҳе аз шумоанд; ин тӯҳматро дар ҳаққи хеш бад мапиндоред; балки он барои шумо беҳтар аст! Барои ҳар касе аз онҳо чизе аст, ки аз гуноҳ ҳосил кард; ва аз онҳо барои касе, ки бештари он тӯҳматро саранҷом дод, азоби бузург аст».

Шиаҳои рофизи як хислати бади дигар доранд, ки пинҳон кардани аслу эътиқодашро ҷоиз медонанд. Афсус имрӯз ин одати бади онҳо дар байни мардум паҳн шудааст. Имрӯз дар як эътиқод бошад дигарӯз дар дигар эътиқод аст. Дар охир эътиқоди аслиашро зоҳир карда барои манфиати дунё пинҳонкардаашро мегӯяд: Имом Шофии (р) дар ҳақи рофизиё мегӯяд: «ман дар байни хурофотпарастон монанди шиаҳо дуруғгӯ надидам» («Минҳоҷус-сунна» 1/39).

Паёмбар (с) мефармояд: «Онҳо аҳли исломро мекушанд ва бутпарастонро ба ҳоли худ мегузоранд» (саҳеҳ Бухорӣ 7432, Муслим 2/741)

Онҳо (шиаҳо) аз хавориҷони муташадидан ҳам зарари зиёд ба мардум мерасонанд, чи хеле, ки дар Сурия, Ироқ ва дигар шаҳрҳо ошкор шудааст.

Абдуллоҳ ибни Сабаъ яке аз мунофиқони ҳамон давр, ки мардумро ба залолат даъват мекард. Аз яҳудиҳои Яман буда, ба мардум худашро мусулмон нишон медод. Мусулмононро ба зулму фисқ тарғиб карда, мардумро ба беитоатӣ амр мекард. Ӯ аввалин касе, ки хулафои рошидин –Абӯбакр ва Умар (р)-ро лаънат гуфтанро сар кардааст. Он дар шариати ислом ба номи ислом дасисаву найрангро ба кор бурд, то шикори фарзандони мусулмон осон шавад. Яъне шикори мусулмонон дар байни худ бехабар аз ақидаи ислом ва бовариҳои саҳиҳу холис. Дар раъси ин кор ҳилагари мунофиқ, ки худро мусулмон нишон медод Абдулло ибни Сабаъ буд, ки муассиси фирқаи шиа ва рофиза аст.

Шиъаҳо ва пайравонашон роҳе, ки ихтиёр кардаанд ва ақидаи воқеиашонро намешиносанд. Онҳо нисбат ба ҳақиқати мазҳабашон, ки онро мерос гирифтаанд, дар ҷаҳлу ғафлат ба сар мебаранд, бо номи дустии аҳли байти Паёмбар (с) мардум ва худашонро дода ҳато аҳли байтро намешиносанд. Шиъаҳо манзурашон аз аҳли байт, аҳли байти Паёмбар (с) нест, балки аҳли байти Алӣ (р)-ро дар назар доранд, на аҳли байти Паёмбар (с)-ро ҳатто тамоми фарзандони Алӣро ғайр аз Фотима духтари Паёмбар (с), ки онҳоро ба дунё овардааст аз аҳли байт намешуморанд, пас аҳли байт ба назарашон беҳад кам ҳастанд, ки мувофиқи шиаҳо дар Алӣ (р) ҳам хато кардаанд. Қавли саҳеҳ ин аст, ки аҳли байт иборат аз ҳамсарони Паёмбар (с), фарзандон ва ҳар зану марди мусулмоне, ки аз насли Абдулмутталиб ҳаст мебошад.

Гар аз пайи шаҳвату ҳаво хоҳи рафт.
Аз ман хабарат ки бенаво хоҳи рафт.
Бингар чи касиву, аз куҷо омадӣ?
Медонӣ, ки чи мекунӣ, куҷо хоҳи рафт? ( Умар Хаём).

Каримов Иноятулло, устоди кафедраи «Улуми Қуръон»-и ДИТ ба номи Имоми Аъзам –Абӯҳанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.