РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Дастгиркунӣ: гумонбарӣ бар ҷиноят
Дар шабакањои иљтимої изњороте оиди боздошт шудани чанд тан аз љавонони Язѓулом пањн гаштааст. Њаминро бояд ќайд намуд, ки ягон нафар бе асос дастгир намегардад. Албатта, ин љавонони боздоштшуда бо љурми содир намудани љиноятњои мудњиш гумонбар шудаанд. Мувофиќи маълумоти оморї љавонони ин водї бештар ба хориља, хусусан Россия сафар намуда, њангоми дар муњољират буданашон аќидањояшон таѓйир меёбад. Бо ворид шудан ба шабакањои иљтимої афкорку аќидањояшон ба ифротгароиву тахрибкорї майл мекунад.
Бино бар иттилое, ки маќомоти амниятии кишвар ошкор карда буд, шумори ҷавононе, ки аз Ванҷ, хусусан ҷамоати Язғулом ба гуруҳҳои ифротиву ҷангҷӯ пайвастаанд, ба 25 нафар мерасанд. Шумори муайяни дигаре ҳам аз сокинони Язғулом дар миёни ҷангиёни тоҷик дар Афғонистон ҳам дида шудаанд. Зоҳиран нигарониҳо аз гароиши ҷавонони ин мавзеъ ба ақидаҳои ифротӣ мақомотро дар фикри тақвияти тадбирҳои амниятӣ кард.
Чанде пеш мақомоти Афғонистон чор нафар зодагони ҷамоати Язғулом, ки дар Афғонистон ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ пайваста буданд, боздошт ва ба дасти мақомоти тоҷик супурданд.
Мувофиќи иттилои маќомоти амниятии кишвар як гуруҳ аз ҷавонони ин ҷамоат барои таҳсил ба мактабҳои динии Зоҳидони Эрон ва Покистон рафтанд.
Пажӯҳишгарон муътакиданд, ки дар ин манотиқ шумори бештарини афроди гумонбар дар ифротгароӣ дар њамин љо бузург шудаанд.
Албатта, мо мутмаин њастем, ки маќомоти амниятии кишвар бо ахбори муътамад, далелњои собитшуда ин љавононро боздошт намудаанд. Дар њолати собит шудани љиноятњои содирнамудаашон маќомоти тањќиќотиву тафтишотї парвандаи бозшударо ба маќомоти судї ирсол медоранд. Ва маќомоти судии кишвар бо исботи љинояти содирнамуда ононро чун љинояткор љазо медињад.
То ба имрўз ягон нафар аз љониби маќомоти интизомии кишвар беасос дастгир нагардидааст. Мухолифин, шахсони ноогоњ бошанд, дар шабакањои иљтимої бо фиѓону нола, эњсоси бадбинона нисбат ба њукумату маќомоти он изњори андеша мекунанд. Њамин гуна воќеаро тасвир медињанд, ки амалњои маќомоти амниятии кишвар аз кирдори фашистон њам бадтар бошад. Њол он ки ин бехабарон аз асли воќеа хуб огоњ нестанд.
Касе бар љурми ягон љинояте боздошт мешавад, бояд тибќи ќонунњои амалкунандаи кишвар љазояшро бигирад….!
Расулов Т.М. - и.в.мудири кафедраи педагогика ва психология номзади илмњои иќтисодї, дотсент
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.