РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Тири хокхурда

Имрузњо  расонањои хабарї ва сомонањои интернетї аз нишасти   Созмони амният ва њамкории Аврупо, ки дар Варшава 9-21 сентябр баргузор гардид,ба таври васеъ хабар дода истодаанд. Бояд ќайд намуд,  ки ду сол инљониб  њукумати Тољикистон мањз ба сабаби роњ ёфтани мухолифони њукумат ва бахусус аъзои ТТЭ њизби мамнуи нањзати исломї  ба њамоийиши солонаи њуќуќи инсони Созмони Амният ва Њамкории Аврупо намоянда нафиристод.Дар Варшава имсол њайати њукуматї бо амриРаиси Љумњур муњтарам Эмомалї Рањмон дар њамоиш иштирок карданд  ва мавќеи худро вобаста ба масъалањои љойдошта ба таври воќеї  дар чорчуби манфиати миллии кишвар баён карданд. Маќсаду њузурашон “шиносої бо ин гуруњњои мухталиф дар љаласаи САЊА буд”- иброз дошт Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадќиќоти стратегї, ки аъзои њайати расмии Њукумати Тољикистон буд.Бино ба гуфтаи ў бо ин гуруњњо, ки  “ кї њастанд, чї мегуянд, сатњи фарњанг ва тањаммулпазириашон то куљост, “ шинос шуда пешнињоди музокира кард ва даъвати бозгашт ба Ватанро намуд. Аз муносибати намояндагони САЊА зимни баргузории конфронси Варшава маълум гардид, ки созмонњои байналмилалї њам дигар чењраи аслии нањзатињоро шинохтаанд ва ба онњо бовар њам надоранд. . Ба фикри мо ин њизби ифротгаро бисёртар кўшиш мекунад, то ҷавононеро, ки дорои нерӯи тавонои давлату миллат ва парчамбардори меҳани хеш ҳастанд, ба худ ҷалб кунад. Ба хотири он ки ҷавонон аз мақсадҳои нопоки онҳо бинобар сабаби надоштани донишњои њуќуќиву сиёсї ва динї бехабаранд ва гумон мекунанд, ки тавассути онон маблағњои муфту њангуфт ба даст меоранд, ё ба ќавли он ифротгароён, ки худро муборизони Ислом мегӯянду аммо ин дуруѓи мањз аст,  Исломи муќаддас барои њимоя ба касе эњтиёљ надорад. Онҳо аз номи дини мубини Ислом истифода намуда, бо хољањои хориљии худ мехоҳанд сохти конститутсионии Тољикистони сохибистиќлоли мо ва дилхоњ кишвари мардумаш номуттањидро халалдор созанд, ки иншоаллоњ њељ ваќт ба маќсади нопоки худ намерасанд. Ба фикри мо ба вуќуъ пайвастани муноќиша  дар рафти њамоиши сатњи байналмилалї хуб нест, аммо баъди бодиккат  тамошо кардани навори видеої фаќат ба хулосае омадан мумкин аст, ки ин тудаи манфуру хабиси нањзатињо бо маќсади бадном кардани њайати Тољикистон ин фитнаи навбатиро барангехтанд.Ин маротиба њам ин њизби террорист мехоњад  дар кишвари ободу осудаамон љангу љанљолро хезонда, хуни бегуноњонро резонад. Агар бо аќли солим чунин корњояшро бо фаъолияти пешинааш муќоиса намоем, њељ фарќиятеро намебинем, бо вуљуди он, ки ба Аврупо рафта беруёнаву бешарафона бо бадном сохтани миллати худ машѓуланд.аммо наметавонанд моњияти ифлоси худро ислоњ кунанд, ё њадди аќал дар паи ислоњи он бошанд.Холо муњим он нест. к и вобаста ба ин муноќиша натиљаи санљишу маќомоти њифзи њуќуќ дар Варшава  чї гуна бањо хоњад дод. Муњим он аст, ки мардуми мамлакат ва љомеаи љањонї бори дигар шоњиди фитнаангезию маккории нањзатињои иѓвогар гардиданд. Ташкили муноќиша бо дастури Кабирии хоини миллат роњандозї шуда  буд.

Онњо мехостанд Айёмиддин Сатторовро масхара кунанд, аммо тирашон хок хурд.Бояд гуфт. ки табиати ин тудаи  манфур чуни н  аст, ки њамеша фитна меангезанд ё ягон њиларо ба кор мебаранд. Илоље њам надоранд, зеро тамоми љиноятњояшон фош шудаасту маќсади нопокашон маълуми њамагон гаштааст. Иштироки ду нафар аз роњбарони  собиќашон Айёмиддин Сатторов ва Мулло Абдурањим дар конфронси мазкур онњоро сахт дар изтироб овард. , зеро  тамоми амалњою љиноятњои  ин ташкилотро медонанд ва зимни баромад нањзатихоро пурра фош мекунанд.Миллати азияткашидаи тољик он фитнаву нооромињое, ки  бо дасти њамин нањзатиён шуда буд, фаромуш накардааст ва  барои худ сабаќ бардоштааст.Ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки масъулони САЊА низ ѓарази ТТЭ ЊНИ-ро фањмиданд. Аммо кофист бигуем, ки  ба афсонапардозињои  ин тудаи манфур дигар тољику тољикистониён бовар надоранд.

Њар фарди солимаќлу боимон њар рўз аќаллан  як маротиба ба њаводису воќеоти кишварњои олам нигараду ба худ хулоса кунад, ки пеш аз њама як кишвари орому осуда дорад, сониян, ањли хонаводаву хешовандон ва дар умум њамватанонаш дар њимояи љавонмардону масъулини ин Ватани азиз ќарор доранд ва  аз Худованди мењрубон шукрона  кунад, ки њамин неъмати Илоњї ба њама мардуми олам ва ба- хусус кишварњои љангзада њам насиб гардад.  Дар  ин рузњо њамагонро ба ватандустиву  созандагї, сулњу субот, рањму шафќат, оромии кишвар, пос доштани арзишњои миллӣ ва дар њама љода дастгирї намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Љумњурии Тоҷикистон,  муњтарам Эмомалӣ Рањмон даъват намудан вазифаи љонии њар яки мост. Иншоаллоњ,иттињоду њамбастагии халќи бошарафи тољик нахоњад гузошт, ки  наќшањои харобиовару носозгори як туда оворагардони хабису хоинони миллат амалї гардад , зеро халќи бошарафи тољик њељ эњтиёље ба ин хоинони дину миллат надорад .

Насриддинова Мулкия


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.