РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Дасисаҳои навбатии ҲНИ алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон

Собиқ раиси ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ (ҲНИ) Муҳиддин Кабирӣ дар рафти конфронси Варшава чунин гуфтааст, ки дигар барои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оянда ҳеҷ ҷое мавҷуд нест. Инчунин собиқ раиси ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ (ҲНИ) Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш дар сомонаҳои Интернетӣ алайҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва шахсияти Пешвои миллат таҳқиру интиқод намудаанд. Ҳамаи ин буҳтонҳо иғвоангезиҳои навбатии хоинони ватанфурӯш яъне: Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дар хориҷи кишвар ҷуз хиёнат ба давлату миллати тоҷик чизи дигаре намебошад. Агар мо аз руйи адлу инсоф ба ин гуфтаҳо назар намоем мебинем, ки мардуми тоҷик дар асри гузашта бозичаи дасти ҳамин фитнагарон ва дасисагарон ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ҳизби терористии ҲНИ гардида буданд. Далели ин гуфтаҳо баромади саркардагони фаъоли ин ҳизби Террористӣ Эшони Қиёмиддини ва ҳаммаслаконашон аз ҷумла возеҳ ва равшан сохтани ақидаҳои шуми худ алайҳи мардуми тоҷик мебошад. Маҳз ҳамин Террористи мазҳабфурӯш яъне: Муҳиддин Кабирӣ тӯда-тӯда одамони махсуси худро барои ҷисман нобуд кардани шахсиятҳои мушаххас ва сарнагун кардани сохти давлатдорӣ даъват менамуд. Ҷойи баҳс нест, ки бо ташвиқу тарғиби бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ барин ашхос ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сар зад. Чунин нафарон бо истифода аз эътиқоди динии ба мардуми мо бегона ҷавононро барои нобуд кардани мардуми бегуноҳ роҳнамоӣ мекарданд. Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш ҳатто дар миёни муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари фиребу найранг ва таҳдиди наҳзатиёни хоин ва тарсу ҷони худу пайвандони худро аз даст доданд. Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш дар мураккабтарин  вазъияти миллати тоҷик худ супориши хоҷагони хориҷии худро бе каму кост иҷро мекард. Хулоса, ин иғвоангезӣ ва суханҳои беасоси ин гуруҳи ҷинояткор моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода ақлу идроки худро кор фармуда бозичаи дасти ин хоинони миллат нагардем. Ва зери сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷамъ гардида, нагузорем ки ин душманони бедину мазҳаб фазои тинҷу ороми моро боз аз сари нав ноором бисозанд.Баҳри ҳифзу нигаҳдошти суботу амнияти ҷомеа ва кишвар ҳамеша омода бошем.

Кафедраи Улуми Қуръон ва Аҳодиси набавӣ Ҳабибзод Р, Раҳимов У, Насриддинов Ҳ.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.