РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Асрори пардапӯши ҲНИТ

Аъзоёни ЊНИТ ба мисли ихвонињо аз демология зиёд истифода менамоянд ва шиорњои озодї, демократия, баробарї, ва озодии матбуотро ба миён мегузоранд, ки чунин шиорњо дар воќеияти исломи сиёсї тадбиќшавандаанд. Агар онњо дар як давраи кутоњ то замони расидан ба њадафњои худ аз ин шиорњо истифода менамоянд, вале њангоми ќудратро ба даст гирифтан, онњо баръакс амал менамоянд. Масалан Муњаммад Мурсї, ки худ ихвонї буд. Дар муддати кутоњи президентиаш дар Миср барои аз байн бурдани принсипњои демократи кушиш карда њатто ба та­гйир додани кониститутсияи ин кишвар иќдом намуд ва як ќатор корњоеро ќабул намуд, ки зидди принсипњои демократия ва озоди буданд. ЊНИТ ва пайравонаш дар замони фаъолияти расмияшон чунин вонамуд мекарданд, ки гўё онњо ба мушкилоти сиёсию иќтисодии кишвар ягон дахле надоранд ва њамаи љурмро  сари њукумат њавола менамуданд ва худро пушти бони озодию адолат ва демократия ба намоиш мегузоштанд. Айни њол низ роњбарону масъулони дар кофтукоб ќарор доштаи ин њизби мамнуъи террористӣ дар хориљи кишвар бо фазилатфурушиву демалогї ба бадномсозии роњбарият ва њукумати кишвар машгул буда, ќарор гирифта ба роњи бечоранолї дар назди созмонњои байналмилалї аз адолату демократия ва њуќуќу озодињои инсон њарф мезананд. Барои фиреби назар, роњбари ин њизб њамеша бо галстуку либоси тағйири мазњабӣ дар назди мардум њозир мешуд. Њамчунин пайваста дар матбуоти даврии ваќт таблиғ шудани шахсиятњои исломї ва нашри фатвоњои руњониён яке аз њадафњои дигари ором ором табдил додани љомеаи дуняви ба љомеаи дини сиёсї буд.

Аз таърихи ихвонињо маълум аст, ки усули «Ќадам ба ќадам», ки роњи ором-ором истифода бурда ва ба љалби љавонон ва махсусан донишљуён ба ин гуруњ сафарбар карда шуда буд. Дар солњои 90-ум бо кам шудани ќудрати сиёсии иттињоди шўравї усули нав яъне «сиёсати зуроварї»-ро пеш гирифтанд. Дар њамин замина Њизби Нањзатї Исломии Тољикистонро созмон дода бо истифодаи сиёсати зуроварї вазиятро дар кишвар ноором сохтанд ва сохти конститутсиониро аз байн бурданд, сабаби асосии сар задани љанги шањрванди дар Тољикистон, мањз сиёсати зуроварии ихвонипешаи ЊНИТ  буд.

Зинда ҳар касрат зибанди ваҳдат аст,
Ваҳдати муслим зидини фитрат аст.
Дини фитрат аз “Набӣ” омӯхтем,
Дар раҳи ҳақ машъале афрӯхтем.

“Иқбол”

Њодисањои моњи сентябри соли 2015 дар Тољикистон низ бозгу кунандаи он аст, ки ЊНИТ бо ихвон-ул-муслимин пайванди наздик дорад ва дар њар вазияте аз усулњои хоси фаъолияти он истифода менамоянд. Роњбари ЊНИТ мутаќоид буданд, ки онњо дар кишвар бо методи ќадам ба ќадам тарафдорони зиёдеро соњиб гардидаанд ва дар моњи сентябри соли 2015 ба марњалаи дигари сиёси худ «сиёсати пешгирифтаи худ» ворид гардидаанд, ва  баръакс мардуми кишвар кушиши табадулоти давлатиро , ки ба дастгирию роњбарии ЊНИТ роњандозӣ шуда буд ќотеъона мањкум намуданд.

 Хулоса ЊНИТ дар тамоми замони мављудияти фаъолияти хеш чи аз назари аќидавӣ ва чи аз назари амалӣ аз усулњои ихвон-ул-муслимин ба тарзи густурда истифода менамояд. Терроризми аќидавии ЊНИТ, яъне усулан «ќадам ба ќадам», ки мутаасифона солњои охир ором ором ба марзњои гуруњњои иҷтимоїи сироят карда буд, њатто кушиш намуд то андозае баъзе шоирону рузноманигорон ва олимонро низ ба самти худ моил созаду онњоро мадюни худ гардонад. Дар бахши амалї бошад, ЊНИТ мисли ихвон-ул-муслимин аз сиёсатњои зуроварї ё терроризми амалӣ кор гирифта, сабаби фољеаи солњои 90-ум-љанги шањрвандӣ гардид ва инчунин террори густурдаи мхолифини аќидатї даст зада, дар моњи сентябри соли 2015 даст ба табадулот барои гасби њокимияти сиёси зад.

  Азизов Тоҳир  


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.