РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Эътироз ба Муҳаммадиқболи Садриддин
Боиси таассуф аст, ки баъзе бадсириштон ва ҳасудхурон ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, ки то имрӯз аз пешрафту гулгуншукуфон гаштани Тоҷикистони азиз нороҳат шуда, бо суханҳои бофтаву бе асоси худ мехоҳанд мардум ва ба хусус ҷавононро фиреб ва гумроҳ созанд ва аз ҳар ҷиҳат далелу мадраки бофтаи худро меоранд, ки гуё суханҳояшон бофтаву найранг нестанд.
Шахси мазкур тайи чанд хабарҳои худ бо танқиди ба хусус Ҳукумати кунуни ва бузургони таърихии ин миллати сарфароз пардохт, ки шахси шунаванда ва хонандаро тар тааҷуб мегузорад, ки инсон инқадар сиёҳдил ва курнамак мешвад, ҳато ин шахс баъзан дар суханорниҳояш худро зиёи ва маълумотдори динии хуб вонамуд мекунад, аммо дар асл аз рафти суханронияш маълум мегардад, ки ҳеҷ маълумоте аз дини мубини Ислом надорад ва барои корҳои паси пардагии худ мехоҳад аз номи дин ҳарф бизанад, ки мутаассифона аксаран бад сириштон бо ин услуб кор мекунанд то суханҳояшон пазируфтатар бошад. Таърихи ҷамъият нишон медиҳад, ки гарчӣ дин дар ташаккули фарҳанги башарӣ, дар тарбияи ахлоқиву маънавӣ ва инчунин дар муттаҳидсозии инсонҳо нақши мусбӣ дошта бошад ҳам, вале мавридҳое мешавад, ки гӯруҳҳои иртиҷоӣ онро ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода мебаранд дар зери шиори дин ҷангҳои хунину кушторҳои зиёде ба анҷом мерасонанд, намояндагони илму маърифатро бо баҳонаи ширку бидъат таҳқиру паст мезананд, ки ин ҳам аз рӯи ҷавонмардӣ ва ҳам аз диндорӣ фарсахҳо дур аст. Аммо як нуктаро бояд тазаккур дод, ки ҷавони имрӯзаи тоҷик ҷавони солҳои 90-ум нест, ки ба доми фиребу найранги онҳо афтад ва ҳар шахси оқил вақто ҳар субҳ дар ҳаввои софу тоза ва ободу амни кишвари худ яъне Тоҷикистони азиз қадам мезанад хуб дарк ва ҳис мекунад, ки барои ободу зебо ва амн нигоҳ доштани ин сарзамин абармардони таърих ба монанди Пешвои Миллат чӣ ҷонбозиҳое карданд.
Муҳаммадиқболи Садриддин бояд аз хотираш набарорад, ки пахши мустақиме, ки дар саҳифаҳои интернети санаи 20-уми сентябр дорад баргузор мегардад, агар даҳо ингуна пахшҳо доир намояд мардуми сарфарози Тоҷик ва ба хусус ҷавононро бо фиребу найрангаш гумроҳкарда наметавонад, зеро ҳар як ҷавони тоҷик имрӯз ифтихор аз он дорад, ки чунин Пешвои бо фарҳангу бо хирад ва қаҳрамоне доранд. Ва ин сухани таърихии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамеша дар вохуриҳояш такид менамояд « Зираки ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳаед» сармашқ дар зиндагӣ ва шиори ҳаряк ҷавони бо нанугу номси ин ватан мебошад.
Омӯзгорони кафедраи таъриху диншиносӣ: Шарифзода С., Шоҳрухов Ф.
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.