РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Тоҷикистон аз ободкорон аст на ин, ки аз вайронкунандагон ва ватанфӯрушон
Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятро ба ҷо меоварем. Дӯст доштани ватан - модар гушаи имондорӣ ба ҳисоб меравад. Мо мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз шаҳрвандони оддӣ сар карда то саркардаҳои давлатмардони кишвари соҳибистиқлол, соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, Ватандорӣ масъулияти гаронеро бар дӯши шаҳрванд гузоштааст ва ҳамеша аз ӯ бо ҷиддият тақозо мекунад, ки ватанро ба мисли гавҳараки чашм муҳофизат намуда, чун модар ҳимоят намоянд. Пешрафту некуаҳволии ҷомеа ва тараққиёти бо суботи кишвар ба касоне вобаста хоҳад буд, ки саҳми созандаи худро дареғ намедоранд ва пайваста дар ин роҳ кушиш намуда, онро аз вайронкунандагони меҳану миллат ҳимоя мекунанд.
Бояд инро дарк намоянд, ки ин сулҳу Ваҳдати миллӣ бевосита бо ташаббусҳо ва заҳматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чи қадар саъю талошҳои зиёде ба даст оварда шудааст. Ҳеҷ гоҳ ба хатогиҳо роҳ надода ва нагузорем, ки миллати азизамон ба монанди дигар давлатҳо ба харобазор мубаддал нагардад. Миллати бузурги Тољикистон сулњу суботе, ки бо мушкилињои зиёд ва зањматҳои шабонарўзии фарзандони баруманд ба даст оварда шудааст, њаргиз аз даст нахоњад дод.
Имрўз дар кишвари азизи мо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд, озодии виљдон ва тамоми њуќуќњои шањрвандон пурра таъмин намуда, кишвари азизи мо њам аз љињати сиёсї, иљтимої ва ҳам фарњангиву иќтисодї бо суръат пеш рафта истодааст. Сулњи ба дастомада натиљаи зањматњои чандинсолаи зиёди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва миллати тољик мебошанд.
Бинобар ҳамин он конфронсе, ки дар Варшава, пойтахти Полша ҷараён дорад ва намояндаи Љумњурии Тољикистон, ки дар он дуруст баромад карда, аз љумла гуфтааст: “Террорист худию бегона надорад”, мо аз ин созмони бонуфўзи байналмилалї дархост менамоем, ки њар гуна дасисањое аз тарафи ватанфурўшони кишварамон барои ноором кардани вазъи сиёсии имрўзаи мо сафарбар карда шудаанд, напазирад. Зеро онњо бо роњбарии хољагони хориљии худ забон як карда мехоњанд, ба Њукумати ќонунии имрўзаи мо бо ҳар роҳу восита туҳмат зананд ва ватани бињиштосои миллати куњанбунёди моро аз байн баранд.
Пас, “Паймони миллӣ”-ро, ки моли ин миллати ҷафокашидааст, кӣ тасвиб карда ба имзо мерасонад, хоиноне, ки миллату давлатро бо пули ночиз ба бегонагон фурухтанд. Динбезороне, ки аз динашон назди хоҷагони хориҷа ор мекунанд. Яке аз мазҳабфурўшоне, ки эътиқодашонро дар ивази курсию мансаб аз даст додаанд, аз ҷумла ин марди нопок ҳамчун як мубаллиғи ин ҳизби хиёнаткор хоинон, динбезорон ва мазҳабфурўшон роҳбари хиёнаткори ҳизби мамнуъшуда дар Тоҷикистон (ЊНИ), Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки фандхӯрдаҳои ақидаи ботили салафию шиа ва дигар муздуронеро, ки ба ким-кадом хотир ба хоҷагони хориҷии худ содиқона хидмат карда, ба миллату давлат ва дину эътиқоди саҳеҳи гузаштагони худ хиёнатро раво мебинанд, атрофи худ ҷамъ намуда, мехоҳад сарнавишти миллатро бисозад. Гуфтан ба маврид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ба фитнаю фанду хиёнати фиреб нахоҳанд хӯрд, зеро хоҷагони Муҳиддин Кабириро хуб хоҳанд шинохт.
Аз ин хотир, мо бояд фаромўш накунем, ки Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳояш қайд намуда, мегўянд, ки зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, бояд шукрона намоем, ки чунин як Ватани ободу амну амон ва ободу зеборо Худованд ба мо насиб гардонидаст, ки ҳама бо ҳам дар паҳлўи якдигар зиндагии осоишта дорем. Ин неъмат ва сулҳе, ки Худованд барои мо аз осмон ҳадя намудааст, моро мебояд шукронаи ин неъматҳо ва ободии Ватани азизамонро ба ҷой оварем.
Ман ҳамчун як омўзгор ва шаҳрванди ин Ватану миллат чунин гуфтаниям, ки пеш аз ҳама вазифаи асосии мо омўзгорон ҳаминаст, ки ба шогирдон ва толибилмони худ шахсияти давлату давлатдорї ва гуфтањои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсатҳои пешгирифта ва некбинонаи Пешвои азизамонро барои шогирдон ва толибилмоне, ки дар Донишкадаи исломї таълими илм менамоянд, содиќона фањмонем, вазифаи нони ва ҷонии мо аҳли омўзгорон њамин бояд бошад. Мо қотиёна ҳадафҳои шум ва нопоки ин ҳизби манфур ва њампаймононашонро маҳкум менамоем ва то он даме, ки ҷон дар бадан дорем, ҳаргиз намегузорем, ки ягон нопок ва хоин ва мазҳабфурўш ин сулҳу ваҳдати моро халалдор намояд, чунки, мо як маротиба соли 1991. ва 1992. ин бозиҳои пушти пардагиро дар ҳаёти гузаштаи худ дидабудем ва барои сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва ба Ватани азизамон содиќона фаъолият менамоем.
Кафедраи Забон ва адабиёти араб Мирзомуддинов Амирҳамза
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.