РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Ҷавоб ба Муҳиддин Кабирӣ роҳбари Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом

Суњбати Муњиддин Кабирї, роњбари Ташкилоти террористї-экстремистии њизби нањзати исломро замоне дар расонањои интернетї рў ба рў мешавї, боиси нороњатї дар ќалби сокини ин ватану ин миллат меорад. Зеро ин ободию пешрафту тараќиёт дар ин миллате, ки замоне пеш аз дасти хоинону љангљўён рў ба нестї оварда буд, ба назар мерасад, боиси ифтихори њар фарди ватандўст мебошад.

Аммо ин курдилон, ки имрўз љайбњои хешро бо дасти хољагонашон пур сохтаанд, боре тасаввур намекунанд, ки дар њар гўшаи љањоне набошанд, онњоро бо амалњо, ниятњо ва суханони нопокашон беватан меноманд.

Истиќлолият ба ин пешрафту тараќиёташ, ки тавассути сиёсати созандаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бо суръат пеш рафта истодааст, боиси фарању шодии мардуми шарияи Тољикистон аст. Шумо, ки аз таърихи истиќлолият ба таври худ огоњ њастед, пас чаро дар решаи ин нињоли мевадор бо суханњои беандешаатон теша мезанед.

Шумо њамон хабисаконе њастед, ки сулњу вањдатро ба дасти нопоки ТЭТ ЊНИ бањо медињед, истиќлолиятро низ зањмати худ мењисобед, ки ин гуфторатонро ба љуз њаммаслаконатон касе ќобили ќабул намешуморад.

Табрикоти Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон дар њар љашну идњои миллию динї, аз љумла ба муносибати 27-умин солгарди Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон барои мардуми шарифи тољикистон, хусусан љавонон дастурамали зиндагї мебошад.

Зеро ин марди мардонаи миллат дар гуфтораш ростї ва дар наќшањояш амалї дида мешавад. Шумо, ки исломро њамчун бозичаи дасти ТЭТ ЊНИ ќарор додаед, ин дини пок ниёз ба њизбу њаракат ва пуштибонии Шумо баринњоро надорад.

Соњибсухане мефармоянд:

Айби худ аблањ набинад дар љањон,

Бошад андар љустани айби касон.

 И.Музафарї, ноиби ректор оид ба илм ва тарбияи ДИТ


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.