РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Посӯх ба Умеди Рӯҳонӣ. Барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Эрон.

Љаноби Умеди Рўњонї, Шумо дар номаи хеш баён доштаед, ки Тољикистону Эрон тайи се сол боз марњилаи мушкили њамкориро паси сар мекунанд, оё саволе бо худ намедињед, ки љаро?

Зеро Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон сиёсати дарњои боз аст, ба њама мамоликњо. Аммо мо мардуми мусалмони Тољикистон аз он шикоят дорем, ки миллати њамфарњанг ва њамзабони мо Љумњурии исломии Эрон макони паноњдоштани хоинон ва душманони миллати тољик гардидааст.

Таљрибањо нишон дод, ки  солњои баъдї Љумњурии исломии Эрон паноњгоњи роњбарон ва пайравони Ташкилоти экстремистию террористии њизби нањзати ислом мебошад.

Шумо хуб аз таърихи сулњи тољикон огањ њастед, ки бо чи гуна љонбозињо ба даст омад. Агар дастандаркорони Ташкилоти экстремистию террористии њизби нањзати ислом њадафашон сулњи воќеї мебуд, пас чаро дар зери ливои сулњ зиндагии осударо нахостанд.

Њар хоњише, ки ин нољавонмардон аз Њукумати Тољикистон талаб намуданд, амалї гардиданд. Аммо дар зери ниќоби ислом аз сари нав ба давлатхоњї ва табаддулот даст заданд. Бояд тазаккур дод, ки дини мубини ислом ин дини тафриќаандозї ва љангљўї нест, балки ислом дини рањмат аст, ислом дини вањдат аст, ислом дини сулњу осоиштагї аст.

Мо мардуми мусалмони Тољикистон аз он шикоят дорем, ки миллати њамфарњанг ва њамзабони мо, Љумњурии исломии Эрон макони паноњдоштани хоинон ва душманони миллати тољик гардидааст.

Њукумати Љумњурии Тољикистон марњилаи мушкили њамкориро ба Љумњурии исломии Эрон эљод накардааст, балки Љумњурии исломии Эрон сармоягузории он Ташкилоти экстремистию террористии њизби нањзати исломро ба роњ мондааст, ки ин боиси мушкили њамкорї байни ин ду мамлакат гардидааст.

Соњибсухане мефармоянд:

Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст,

Бо дуст набоядам дигар бор нишаст.

Парњез аз он шакар, ки бо зањр омехт,

Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст.

И.Музафарї, ноиби ректор оид ба илм ва тарбияи ДИТ


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.