РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Даъвоҳои беасоси мухолифини хориҷ аз кишвар
Аз замоне, ки ин марди шариф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад то ба имрӯз солҳои зиёде сипарӣ гардид, ки ин миллати сарбаланди тоҷик ҳамроҳ бо Сарвари хирадмандашон дар паҳлӯи ҳамдигар истода, монеаҳои басо зиёдеро паси сар карда, баҳри ояндаи неки халқи тоҷик заҳматҳои хеле зиёде кашиданд. Худованд худ донои ҳол аст, ки ин оромиш ва пешрафти кишвар дар соҳаи дину илму маориф ҳамаи ин аз заҳматҳои шабонарӯзии ин марди наҷиб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз масҷиди калоне дар пойитахти кишварамон дар садади ба итмом расидан асту хушҳолӣ ва хурсандии дигар болои ин хурсандии мардуми мусулмони тоҷик зам шуда истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали донишгоҳи Исломиро дар паҳлӯи масҷиди калонтарин дар ҳудуди Осиёи марказӣ гузоштанд, ки ин барои ояндаи ин миллати мусулмон ва ҷомеаи суннатии мо мардуми тоҷик як иқдоми басо муҳим ва хурсандиовар мебошад. Боиси шукргузорист, ки дар партави ин амнияту оромӣ ва суботи кишвари азизамон ва ҳамаи ин гуна навовариҳо дар мамлакати мо ки ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуда истодааст мо сокинони мамлакатро лозим аст, ки баҳри боз ҳам зебову гулгулшукуфо гардидани кишвари азизамон саъю талоши худро дареғ надорем. Ин иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти кишвар як дастовардест, ки гузаштагони ин миллат ин орзуҳоро ба хок бурда, мутаассифона ба ин неъмат нарасидаанд. Имрӯз дар даврони истиқлолияти кишвар бо ташабуси Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон ҷавонони дӯстдори илму маърифат ба орзуи деринаи худ хоҳанд расид. Мусалмонони кишвар бояд як умр аз Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон миннатдор бошанд, ки ин иқдоми имрӯза аввалин ва охирин ҳам нест Худованди меҳрубон ин сулҳу ваҳдати кишвари азизи моро бо раҳбараш нигоҳ бидорад иншо-Аллоҳ хубиҳо ва пешрафтҳои зиёде дар интизори ин миллати азият кашидаву бало дида мебошад. Пайравони, собиқ ҳизби Террористии ҲНИ ки аз асли дин огоњ нестанд, ба гуфтањои пешвоёни худ мисли Муҳиддин Кабирӣ кўр-кўрона таќлид намуда, миёни мардуми мусулмони тоҷик ихтилофу фитна эљод намуда истодаанд. Роҳбари собиқ ҳизби Террористии ҲНИ ва ҳаммаслаконаш аз хориҷ нисбати дину миллат муғризона ва бадбинона туҳмату буҳтони худро бешармона нисбати мардуми шарифи Тоҷикистон давом дода истодаанд. Зеро собиқ ҲНИ ва гуруҳи 24, «Давлати исломию», «Ҷабҳату-н-нусра» ва дигар њизбу њаракатњои исломии хориљиву дохилї танњо як маќсад доранд: пароканда намудани мусулмонон ва ба гуруњњо ќисмат намудани онњо ќатлу куштор, вањшату дањшатро ба роҳ меандозанд.Хулоса барои ҷавонони бофарҳанги имрӯза зарур аст, ки зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри кишвару миллату мазҳабу ватан ва марзу буми давлати азизи худ ҷоннисор бошанд. Ҷавонони ватандӯсти ин миллат бояд хуб дарк намоянд, ки ватану миллат ва мазҳаби хешро дӯст доштан ин нишонаи хирадмандӣ ва фидокорист. Агар мо ба вазъияти имрӯзаи кишварҳои ҳамсояи худ таваҷҷуҳ кунем мебинем ки ин гуруҳ бо ном «дӯстон» ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоку ғаразноки худ оромиш ва суботи ин кишварҳоро барҳам зада истодаанд. Ин мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳама давру замон пойбанди дину мазҳаб буданду ҳамеша пайрави ин фарзанди баруманди миллат мемонанд. Расули Худо (с) мефармоянд: «Ҳаркасе қадри хизмати як шахсро надонад он нафар Хидмати Худовандашро надонистааст». Пас ин миллати баруманди тоҷик бояд ин хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмонро хуб бишиносанду қадр гузорӣ намоянд, то Худованди Маннон ин амнияту оромиши кишварро бештар гардонад.
Гар бигӯйи шукри неъмат неъматат афзун кунам ,
Вар нагӯйи шукри неъмат аз кафат берун кунам.
Барои ҳамин мардуми шарифу мусалмони кишвар ин иқдомро бояд ба ҷон бипазиранду Худоро шукр бигӯянд бинобар ин неъматҳои фаровонаш, ки барои ин мардум арзонӣ доштааст. Худои меҳрубон ин иқдом ва иқдомҳое, ки ҳама барои ободии ин кишвари азизи мо равона шудаанд ҷомаи амал бипушон.
Мудири кафедраи аҳодиси набавӣ Ҳабибзод Р.
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.