РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Вокуниш ба тавтеа ва мухолифатҳои мухолифон бо Ҳукумати Тоҷикистон дар Варшава, пойтахти Лаҳистон
Ба њамагон маълум аст, ки имсол њукумати Љумњурии Тољикистон дар љаласаи САЊА оид ба њуќуќи башар њайъати ќавии хешро сафарбар намуд. Њайати мазкурро аз нињодњои мухталиф аз љумла собиќ аъзоёни њизби мамнуи нањзат дар ин сафар њамроњї доранд. Љаласаи мазкур дар шањри Варшава оид ба њуќуќи башар ва интихоботи демократї рўзи 10 сентябр ба кор шурў кард ва ќарор аст то 21 сентябр идома кунад. Дар ин љаласа намояндагони 57 кишвари узви САЊА, созмонњои љамъиятиву њомиёни њуќуќ ва њам намояндагони мухолифон метавонанд иштирок кунанд. Гарчанде, ки Стив Свердлов, пажуњишгари масоили Осиёи Марказї дар созмони Human Rights Watch гуфт, ки соли љорї маќомоти ODIHR – Дафтари институтњои демократї ва њуќуќи башари САЊА, ки масъули ташкили ин конфронс мањсуб меёбад, дар муќаррароти баргузории љаласа таѓйирот ворид кардаанд. Мувофиќи ин таѓйирот ва навгонї дар љараёни љаласаи имсолаи САЊА, шиорпароканї ва эътирозу гирдињамої манъ шудааст. Аммо, мутассифона, ки мо аз ВАО хабар ёфтем, ки алакай дар рўзи дуввуми ин нишаст мухолифат, муноќиша ва вайрон намудани муќаррароти конфронс аз тарафи мухолифон сар задааст. Ин худ як мисоли зиндаву ошкоро аз фитнагару бадхоњ будан ва маќсадњои нопоку ѓаразнок доштани мухолифон дарак медињад. Инњо шахсони фитнагар ва мољрољў дар ниќоби «ислоњкорон» баромад намуда, баъзе масъалањоро дар чашми љавонони гумроњ ва бегонапараст ташвиќ намуда онњоро муќоибили амнияту оромї ва вањдати миллии кишвари азиз даъват менамоянд. Аммо љавонон бояд мувофиќи таъкидњои чандкаратаи Президенти кишвар он зиракии сиёсиро аз даст надињанд, то ки тири эшон чун маротиби пештара хок хўрад. Инчунин тамоми дастгирињои њуќуќї ва молиявии гуруњњои мухолиф аз љониби кишварњои ба ном «дўст» амалї мешавад, ки ин худ гувоњи ѓаразноку њадафнок будани гуруњњои мазкурро ошкор месозад. Зеро, дар љањони имрўз ягон созмон ё кишваре бидуни ѓаразњои сиёсиии хеш касеро дар лонаи худ парвариш намекунад. Гуруњњои мухолифи њукумат бошад аз чунин дастгириву кўмакњои њангуфти молї ва «башардўстона»-и кишварњои гуногуни «демократї» бархурдор аст. Њукумати љавони Тољикистон, ки имрўз ба мисли як љавони 27-соларо мемонад, баъзе камбудињои иљтимоиву иќтисодиро дорад, ки барои як кишвари љавон чизи нав набуда, балки як чизи табиї ва мантиќї аст. Мо шоњиди њолем, ки ин мушкилотњо рўз ба рўз њалли худро ёфта истодааст ва умедворем, ки дар ояндањои наздик ба яке аз кишварњои пешрафта табдил мегардем. Бояд таъкид намуд, ки пешрафту тараќќиёт ва гулгулшукуфоии кишвар ба масоили амниятї ва тинљиву оромї иртиботи ќавї дорад. Мо љавонон бояд ин тинљиву оромї ва амнияти кишварро њамчун гавњараки чашм нигоњдорї намуда, барои пешрафти ватани хеш сањми босазое гузошта тавонем. Ба тавтеа ва ташвиќу тарѓибњои фитнагаронаи ин гуруњњои мухолиф ва бадхоњ бовар накарда, баръакс љавонону њамватанонро аз наќшањои шум ва даъватњои ѓаразноки чунин нољавонмардон огоњ созем ва ватани хешро бо њамдастї ва дастгирии якдигар обод созем.
Омўзгори кафедраи «Забон ва адабиёти араб» Эшонхонов М.
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.