РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Ҷавоб ба сару садоҳои беасоси мухолифин

Дар љомеаи муосир имрўз њар навъ њизбу равияҳое пайдо шудаанд, ки худро мусулмон шуморида, дар байни мусулмонон тафриќа ва ихтилофот эљод намуда, боиси парокандагї ва иғвоангезии мардум мегарданд. Дар натиљаи сар задани бархӯрд миёни намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва фаъолони мухолифин дар санаи 11.09.2018 дар шаҳри Варшава ин ҳодиса иғво ва дасисаест аз ҷониби гурӯҳи Террористони наҳзатӣ бо сардории Муҳиддин Кабирӣ ва ҷонибдорони онҳо барои бадном кардани миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ тарҳрезӣ карда шуда буд. Чунин як ҳизб дар гузашта бо номи ЊНИ хуруљ карда, худро дар зоҳир адолатхоњ ва њаќиќатљӯ номида, таълимоти онњо бо исломи ноби Муҳаммадӣ, ки аз чањор мазњаби ањли суннат ва љамоат маншаъ мегирад созгор набуд. Чунин аќидањои фосиду беасос дар қалби љавонони мо шакку тардидро эљод намуда, ба ин васила итминон ва бовариашонро нисбат ба ин гуна ашхоси иғвоангез яъне: Муҳиддин Кабирӣ ва ҷонибдорони онҳо дур сохта, ба эътироз водор намуд.

Оё ягон мусулмон бовар карда метавонад, ки мо тољикони пайрави мазҳаби Ҳанафӣ монанди собиқ ЊНИ мухолифи дину мазҳаби хеш бошем? Ҳамин буд, ки имрўз баъзе љавонони фиребхўрда ва дунболарави ҳизби Террористии ЊНИ дар баробари бародарони исломии худ бисёр беадаб ва машѓули ихтилофу иғвоангеззї мебошанд. Собиқ ҳизби Террористии ЊНИ ва амалкардҳои эшон боиси эљоди ихтилоф ва омилњое мебошанд, ки сабаби ба гуруњњо људо шудани мусулмонон ва дар ин замина сар задани муноќишањои дохилӣ гардида буд. Мисоли ин парокандагї ва муноќишањои њарбї, дар ниќоби ислом рехтани хуни њазорон мусулмони бегуноњ, вайронї ва фасоди давлат дар якчанд кишварњои исломї шуда метавонад. Мањз ворид шудани аќидаҳои фосиду бегона сабаби асосии низоъњои мазҳабӣ ва динї гардида истодаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки њар кас бояд ба ватану миллати худ содиќ, дар њифзи марзу буми он њамеша омода буда, нангу номуси ватандорї дошта бошад.

Дар љое, ки он љо чунин ашхоси муғризу иғвоангез ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҷонибдорони он вуљуд дорад, фазои кинаву кудурат ва якдигарбадбинї, хушунат, кибр, ѓурур мављуд аст. Шахси мусулмон он ҷо њаловати зиндагиву диндориро эњсос намекунад, чунки он ҷо мухолифат асту иғвоангезї. 

       Имрӯз барои љомеаи шањрвандии мо хусусан ҷавонон зарур аст, ки фазилати сулњ ва меваи вањдатро аз њар гуна ошубу фирефтагарињое, ки аз љониби баъзе хољагони хориҷӣ ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҷонибдорони он барои вайрон кардани афкору андешаҳои љавонон тарроҳӣ карда мешавад, љилавгирӣ бояд кард. Зеро пайравӣ кардан аз њар гуна равияњову љараёнњои тунгарои беаслу беасос ин боиси нооромии кишвару ҷомеа гардида, сабаби нооромӣ дар њар як хонадони мардуми тоҷик мебошад. Зеро маншаи амалкарди ин доъиёне аст, ки бо номи ислом мусулмононро ба њамдигар ба  василаи ҳиллаю найрангҳо душман намуда, бо гумроњ сохтани љавонон аз масири воќеии ақидаи ањли суннат ва љамоат, бахусус таълимоти Паёмбари ислом (с), онњоро барои мухолифат бо мусулмонон таълими динию мазҳабии бегона медињанд.

Хулоса, дини мубини Ислом пайравони худро дастур медиҳад, ки бо хешу аќрабо, њамсоягон, ёру дўстон муносибати хубро барќарор намоем, аз дилњои худ кинаву адоватро дур созем ва ба ашхосе, ки аз сабаби надонистани ҳақиқат нисбати давлату ватани худ ѓаразе дар дил доранд, насињат намоем.

Кафедраи Аҳодиси  набавӣ:          Ҳабибзод Р., Раҳимов У.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.