РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Изҳороти Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистони ба номи имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит оид ба таъсис додани Паймони миллии гурӯҳҳои мухолифин дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша)
Санаи 10.09.2018 дар шањри Варшава пойтахти Лањистон љаласаи САЊА доир гардид. Дар љаласаи мазкур аз тарафи гурўњњои ифротгаро ва ташкилотњои экстремистиву террористї аз љумла Анљумани озодандешони тољик, Љунбиши ислоњот ва рушд, Ассосиатсияи муњољирони Осиёи Марказї ва ТЭТ ЊНИ эътилоф намуда, эъломияи “Паймони миллї”- ро ба тасвиб расониданд.
Бояд ќайд намуд, ки ањли илму адаби кишвар, олимону донишмандон, љавонон ва ањли љомеа аз нигоњи масоили илмї ва њам аз нигоњи таљрибаву рўзгор фаъолияти хоинонаи аъзоён ва пайравони ташкилоти Террористию Экстремистии ЊНИТ-ро њељ гоњ фаромўш намекунад. “Паймони миллї”, ки дар раъси он роњбари ТЭТ ЊНИ, ки яке аз шахсони хатарнок ва тарроњони амалњои террористї Муњиддин Кабирї ба шумор меравад, мехоњад бо таъсиси ин паймон сафи террористонро дар хориљи кишвар зиёд намояд. Дар љаласаи мазкур аъзоёни ташкилотњои террористї бояд иштирок намекарданд, аммо мутаассифона аъзоёни ТЭТ ЊНИ иштирок намуданд.
Айни њол дар даврае, ки љањон торафт дар торњои партофтаи наќшањои глобалии абарќудратон печида истодааст, ќарзи њар як фарди бо нангу номуси миллат ва бо имону ватандўст, ин мањкум намудани ташкилоту гурўњњои террористиву экстремистї мебошад. Акнун ваќти он расидааст, ки миллати тољик беш аз пеш зираку худогоњ бошад. Душманони миллат бо макру њилањои худ ќаноат накарда, ошкоро душман будани худро нишон дода истода, мехоњанд, монеи пешрафти кишвари азизамон бошанд.
Њаќиќат ин аст, ки ин ташкилотњои ифротї мероси аљдодии хољагони худро, ки тафриќаандозї, фитнаангезї ва сиёсатбозї аст, бо ҳеҷ ваҷҳ аз даст доданї нестанд. Гурўњњои мухолиф мехоҳанд, барои расидан ба мақсадҳои бади хеш љавонони соддаву зудбоварро гирифтори макру фиреби худ гардонида, бо ташкили эътилофњо ва паймонњо дар атрофи худ љамъ намоянд. Тањлилњо нишон медињанд, ки ҲНИ давомдиҳандаи кори гурӯҳњои ифротгарої мебошад. Бинобар ин, агар мо чеҳраи ТЭТ ҲНИ-ро аз рӯи фаъолияти амалии ин ташкилот баҳо диҳем, мебинем, ки тамоми фаъолияти он айнан ДИИШ буда, дар баъзе масъалаҳо аз ДИИШ ҳам даҳшатноктар аст.
Мавриди зикр аст, ки дар зери ќаноти бегонагон паноњ бурда, ба кишвару сарзамини худ санги маломат партофтан, нишонаи љавонмардї ва мусулмонї нест. Зуњури гурўњњои ифротие, ки дар давлатњои мусулмонї ба вуќўъ пайвастааст, натиљаи он ба њама маълум аст, ки чї ќадар харобињо овард. Овораву саргардонї, ќатлу куштор, ќашоќї, њамаи ин аз дасти ифротгароёни тундрав ба шумор меравад. Мо бояд аз ин њама воќеањои таърихиву имрўза ибрат гирем. Бояд ќайд намуд, ки маводњои паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат чизи дигар нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобкориро пеша карданд. Мутаассифона тарафдорони ТЭТ ЊНИ тавассути шабакањои иљтимої дар зери шиорҳои бофтаву хаёлї фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, мехоханд бо ташкили чунин паймонњо ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои роњбарон ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Сафири САЊА дар яке аз баромадњои худ ќайд намуда буд, ки дар ин љаласа он Њукумат ва созмонњои љамъиятиро барои ширкат иљозат медињад, ки даст ба фаъолияти терористї намезананд.
Мутаасифона бар хилофи суханронињои Сафири САЊА ташкилотњои ТЭТ ЊНИ ва Гурўњи 24, ки њамчун ташкилоти терористї ва экстремистї эълон шудаанд ва фаъолияти онњо мамнуъ гардидааст, дар љаласаи мазкур роњ дода шудаанд.
Мо њайати раёсат, устодон ва кормандони Донишкадаи исломии Тољикистони ба номи имоми Аъзам-Абўњанифа иштироки ташкилотњои ТЭТ ЊНИ ва Гурўњи 24 – ро ќотеона мањкум намуда аз раёсати САЊА хоњиш менамоем, ки љињати дуруст ба роњ мондани љаласањои минбаъдаи худ таваљљўњи хосса зоњир менамуданд.
Раёсати Донишкадаи исломии Тољикистон
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.