РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
“Паймони миллии Тоҷикистон” – душмани миллати тоҷик аст, на моли миллат
Тибќи иттилои расонањои ахборотї рўзи 10-уми сентябри соли 2018 дар пойтахти Љумњурии Полша шањри Варшава маросими ба имзорасии декларатсияи эътилоф таҳти унвони “Паймони миллии Тоҷикистон” аз тарафи Ҳизбу созмонҳои манфиатљўю фитнаангез, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, баргузор гардид. Ин нишасти навбатї чун нишастњои ќаблї боз як дасиса ва найрангбозињои душманони миллати тољик аст, ки сулњу оромї, ободию тараќќии кишвари азизамонро дидан намехоњанд. Бо таъсиси ин паймон Кабирӣ ва њаммаслакони хиёнаткору ватанфурўшаш маќсад доранд, ки дар ватани орому осудаи тољикон «саҳифаи нави» ихтилофу парокандагиро боз кунанд ва ба ин васила ба њадафњои шуми худ ноил шаванд. Кабирї шарм надошта гуфтааст: «Эътилоф моли миллат аст на аз чаҳор созмоне, ки онро имзо карданд». Инљо суоле пеш меояд, ки ба ин хоини миллат кї њаќ додааст, то аз номи миллати тољик сухан гўяд, дар сурате, ки мардуми тољик натиљаи хиёнатњои Кабирї ва њаммаслакони ўро борњо дидаанд.
Њар як фарди солимфикр ба хубї медонад, ки Тољикистон дар даврони истиќлолият бо роњбарию љонфидоии Пешвои миллат аз як кишвари љангзада ва ќашшоќ ба як кишвари ободу орому пешрафта табдил ёфт. Вале мутаассифона ин гурўњи њасуд ва бозичаи хољагони хориљ ин њама рушду тараќќї ва хонаи ободи тољикро дида наметавонанд ва боз мехоњанд, ки чун гузашта кишвари азизамонро мисли Сурияву Ироќу Афѓонистон ба майдони љангу куштори мардуми бегуноњ табдил дињанд.
Агар ба љањони имрўз назар афканем, мебинем, ки њама бадбахтї ва фољиањое, ки дар кишварњои олам, хусусан дар давлатњои исломї ва мусулмоннишин рух дода истодаанд, аз њамин гуна паймонњо ва эътилофњои фитнаангезону шайтонсифатон маншаъ гирифтаанд. Њар як фарди љомеа бояд ба хубї дарк кунад, ки дар љомеаи ноором мардум аз рањмати илоњї мањрум мешавад. Агар мехоњем аз рањмати Худованд мањрум нашавем, бояд пеши роњи фитнаву тафриќаро бигирем ва барои њифзи суботу амнияти љомеаи хеш сањмгузор бошем, зеро сулњу осоиш сабаб мешавад, ки Худованд рањмату баракати худро бар мардум нозил мекунад.
Дар Ќуръони карим ва суннати набавї далелњои фаровон мављуд аст, ки инсонњоро аз фитна њушдор дода, канорагирї аз онро амр кардаанд. Пайѓамбари гиромии ислом (с) оид ба оќибати ногувори фитна чунин фармудааст: «Фитна хоб аст, Худо лаънат кунад касеро, ки онро бедор месозад».
Хушбахтона мардуми шарафманди тољик, ки як бор зањри ин гуна паймону эътилофњоро чашидаанд, дигар њаргиз ба суханони Кабириву њаммаслакони хоинаш бовар нахоњанд кард ва дар атрофи Пешвои миллат сарљамъ шуда, кишвари ободу зебои Тољикистонро мисли гавњараки чашм њифз хоњанд кард.
Сармутахассиси Раёсати фатво Хомўшов Љамолиддин
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.