РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Намоиш бо дастгирии хонум Марям ал-Шиносӣ (АМА)
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
3-уми октябри соли ҷорӣ як гурӯҳ меҳмонон, аҳли илм аз давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳангоми ташриф меҳмонон, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва рӯзи баъдӣ вохӯрии худро бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит баргузор намуданд. Боздиди меҳмонони АМА вобаста ба додугирифти дуҷониба сурат гирифт.
16-18-и декабри соли 1995 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Раиси давлати Амороти Муттаҳидаи Араб аз шаҳри Абу-Забӣ боздиди расмӣ ба амал овард.
9-13-и апрели соли 2007 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, ки зимни он мулоқоту музокирот бо Раиси давлат шайх Халиф ибни Зойид ва дигар шахсони баландпояи Аморот сурат гирифт. Ин ҳама натиҷаи алоқаи сарварони ду давлат мебошад, ки имрӯз байни мардуми тоҷику араб рафтуомад ба миён омадааст.
Дар сафари гурӯҳи давлати Амороти Муттаҳидаи Араб 11 нафар иштирок доштанд, ки сардории ин гурӯҳро дуктур Марям ал-Шиносӣ ба ӯҳда дошт, ки бори шашум аст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд. Номбурда роҳбари корхонаи табъу нашри “Ёсамин” аст. Ӯ мегӯяд, ки “Тоҷикистон ватани зебост ва манзараҳои зебо дорад, мардумаш меҳмонпазиру меҳмондӯст мебошанд. Аз он шод ҳастам, ки мардуми ин сарзамин хурду калонро эҳтиром менамоянд ва инчунин таърихи бой ҳам доранд. Аз ҳама болотар, ва сарвари арзандаи мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои равнақи забони арабӣ хизмат мекунад ва мардуми мусулмонро эҳтирому иззат менамояд. Ман ҳар боре, ки ба Тоҷикистон меоям, дар ин кишвар навигариҳои беназирро мебинаму хушҳол мешавам ва ба ин шахси арзанда ва дӯстдори ватану миллат, бунёдкори давлати тоҷикон дар асри навин аҳсан мегӯям”.
Хонум Марям хело хурсанд аз он аст, ки ба мамлакати мо доим сафар менамояд. Аз бори шашум ташриф оварданаш ба Тоҷикисон таассуроти баланде ба худ касб намудааст, дигаргуниҳои мамлакатамон ӯро хеле шод гардониданд. Давлати ором, сулҳу амният ва меҳмонавозиву меҳмондӯстдории мо ба ӯ хеле маъқул шудааст. Ин дар ҳолест, ки имсол с аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гаштааст.
Фотима ал-Муғнӣ, муҳаққиқи иҷтимоӣ, корманди Институти Шарҷа оид ба мерос низ, аллакай бори дуюм аст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Ба вай урфу одати мо - тоҷикон хеле писанд омадааст ва зимнан мегӯяд, ки “Урфу одати мардуми Амороти Мутаҳидаи Араб бо мардуми Тоҷикистон хеле наздик аст ва ба мардуми тоҷик тавсия медиҳам, ки урфу одатҳояшонро аз даст надиҳанд, зеро ин бисёр хуш аст, ки ин мерос аз аҷдодҳоятон ба шумо боқӣ мондааст”.
Марям ал-Зуъобӣ, адиб ва нависанда дар давлати Амороти Мутаҳидаи Араб, мегӯяд: “Хурсандам, ки имрӯз дар байни мардуми Тоҷикистон гаштугузор мекунам, дар ин “Намоиш”-и тарвиҷи забони арабӣ иштирок карданам ба ман таъсири зиёд расонид, ки бо ин мардум аз наздик шинос шудам, хусусан, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи Исломии Тоҷикистон ба номи Имом Аъзам Абӯҳанифа. Аз ин диду боздидҳои дӯстона маълум мешавад, ки давлати Тоҷикистон ба таълиму тарбияи насли худ дар роҳи ислом бисёр аҳамият медиҳад ва дар таълими забони арабӣ низ, ки забони аввали ислом аст, саъйи зиёд менамояд. Ман нависанда ҳастам ва ба донишҷуён китобҳоямро ҳадя кардам ва баъди бозгаштан ба ватанам дар бораи Тоҷикистон ва мардуми он гуфтаниҳои зиёде дорам ва онро менависам ва дар охир гуфтаниям, ки дар оянда алоқаҳои Тоҷикистону Амороти Мутаҳидаи Араб боз ҳам хубтар мешаванд ва ин диду боздидҳо боз ҳам зиёд хоҳанд шуд”.
Вадод Бушнин мегӯяд: “Ман бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон меоям. Дар ин ҷо амну осудагӣ, дӯстию бародарӣ, пешравию созандагӣ, тозагию тартибот ҳукумрон аст. Дар вақти вохурии ман бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бо донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа, тавсия додам, ки бисёр китоб мутолиа намоянд ва аз таърихи худ бохабар бошанд ва урфу одатҳои худро аз даст надиҳанд.
Дуктур Сайф ал-Ҷобирӣ, адиб ва нависанда дар Амороти Араб аст. Ӯ мегӯяд, ки “Ман аввалин маротиба аст, ки ба ин кишвар меоям, аз зиёрат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо аҳли ин диёр бисёр хушнудам ҳастам. Ин ватан дар ҳақиқат соҳиби таъриху фарҳанг аст, ки дар симои шаҳри Душанбе маркази фарҳангии ин миллат инро дидан мумкин аст. Дар аввал шукри тақдир мекунам, ки раиси ин Давлат барои халқи мусалмони тоҷик кӯшишу меҳнатҳо мекунад, баъд ба мардуми меҳнаткашу меҳнатдӯсти тоҷик бо чунин эҳтирому пешвозгириашон нисбати мо - меҳмонон сипозгузорам. Маълум аст, ки ҷавононро ояндаву нури ин давлат мешуморанд, ки инро даор ҳақиқат худам дидам. Дар ҳақиқат меҳмонавозӣ ва итоати бузургон, ростиву дӯстӣ ва дигар хислатҳои наҷиб дар ҷавонони ин кишвар дида мешавад, ки ин ҳам аз дустдории ватани маҳбубашон аст. Ман ба ҷавонони ин миллати меҳмонавоз се чизи муҳимро роҳнамоӣ кардан мехоҳам: аввалан ҳифзи урфу одати аҷдодӣ, ки шахсро ба дустии ватану миллат ва аҷдоди хеш хусусан бузургону ҳоким ва олимону гузаштагон мерасонад, ки аз ин ҷо якфикриву якдили ва якманҳаҷӣ пайдо мешавад. Имрӯз мо намози ҷумъаро дар масҷиди маркази хондем, дидем, ки ҷавонон бо эҳтиром ва тозагиву озодагӣ дар масҷид бо мо дар як саф намоз адо карданд. Аз ин ҷо фаҳмида мешавад, ки ҷавонон аз исломи ҳақиқӣ, исломи васат, исломи (тасомуҳ) бахшиш, исломе, ки эҳсон ба дигарон аст, чӣ ба ватан бошад, чӣ ба хешу наздикон, ва чӣ ба меҳмонону бегонагон бошад, хабар доранд. Дар ин замони кӯтоҳи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр ободиву пешравиҳо дида мешавад, ки ин ҳама бо кӯшиши Ҳукумат ва халқи тоҷик аст.
Доктор Сайф Маҳруқӣ, устоди забони арабӣ ва адабиёт дар Донишгоҳи Аморот – Ал Айн мегӯяд: “Мо вохуриҳо бо донишҷӯён дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон гузаронидем бо муҳозароти навиштани забони арабӣ ва аҳамияти навиштан, аз ин вохуриҳо фаҳмида шуд, ки ҷавонони тоҷик бисёр ташнаи таълими забони арабӣ мебошанд. Дар ин вохурии худ 3 нуқтаро гуфта гузаштам:
-
- Баъзе равишҳои китобат.
-
- Шинос кардани донишҷуён бо китобам (Ал қироату ибдоияҳ)
-
- Маркази таълимии давлати Халиҷ ва кӯшиш дар пешбарии забони арабӣ.
Аз ин китобам ба донишҷуён ҳадя кардам, то истифода кунанд. Мардуми бофарҳангу ботамаддуни ин миллат на фақат дар илми исломӣ хизмат карданд, балки дар дигар илмҳо ҳам хизмати шоистае намудаанд ба монанди илмҳои Себвай, қоидаву қонуни забони арабӣ.
Набояд фаромӯш кард, ки забони арабӣ аз рӯйи тартиб дар интишори олам баъд аз забонҳои англисӣ, хитоӣ, ҳиндӣ ҷойи чорумро ишғол мекунад, ва инчунин забони арабӣ дар ООН яке аз забонҳои шашгонаи расман ба қайд гирифта шуда мебошад.
Аз қасри Наврӯзгоҳ низ дидан намудем, ва шоҳиди он гаштем, ки фарҳанги исломӣ дар ин қаср таҷассум ёфта буд. Ҳар хориҷие, ки ба ин давлат ҳамчун меҳмон меояд ҳатман хоҳиши дидан аз қасри Наврӯзгоҳро меунад, ки ин дар ҳақиқат арзандаву сазовор аст.
Оиша Шамсӣ. раиси қисми забони арабӣ дар Донишгоҳи Аморот аст ва бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Чунончӣ худи ӯ қайд карда мегӯяд, “Ман аз ин сафари худ хело хушҳол шудам ва бо фарҳанги ғанӣйи ин давлат аз наздик ошноӣ пайдо намудам. Инчунин дарк намудам, ки фарҳангӣ ин давлат бо фарҳанги мардуми араб хело ҳам шабоҳат дорад.
Бояд нуқтаи асосиро қайд намуд, ки ин ҳама созгориҳову мулоқотҳо, ҳамкориҳои дуҷониба бо ташаббуси ин марди шарифу ғамхор, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Каримов Иноятулло, устоди Кафедраи «Улуми Қуръон»-и ДИТ ба номи Имоми Аъзам –Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.