РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Ҷанозаи Муҳаммадсаидро кӣ мехонда бошад, Кабирӣ ё А. Меркел?

           Расонаҳои хабарии интернетӣ - иттиоолтиро варақ зада ва мутолиа намуда, аз марги яке аз думравони Кабирӣ, ҷиян ва хоҳарзодаи собиқ роҳбари ТЭТ ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ, узви фаъоли ҳамон ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби наҳзати ислом - Шайхов Муҳаммадсаид Маҳмадаминович, зодаи водии - диёри зебоманзари Вахшонзамин, огаҳӣ пайдо намудем, ки бесоҳибу бепарастор дар кӯчаҳои шаҳри Дортмундӣ давлати  Олмон бо сад алам, ормону ҳавасҳои дар дил дошта, дар ғарибӣ, дур аз Ватан, дидори модарро нодида, олами равшану ҳастӣ, дунёи фониро падруд гуфт. Ҷанозаи ӯро як тӯда хоинони Ватану миллат - Кабириву думравони наҳзатии ӯ адо намуда, майит ё худ ҷисми беҷони Муҳаммадсаидро ба хоки бегона супориданд. Ҳамин аст оқибати беандешагиву болоравии ҳисси мансабталошӣ, молу сарватпарстӣ ва оқибат хоиниву хиёнат ба Ватану мардуми шарифи хеш, ки касро ба кӯчаҳои сарбаставу дуриҳои дури ғарибӣ бурда, билохира аз дунёи ҳастӣ бе ному нишон маҳрум месозад.

Айни муддост зикр намудан, ки ҳатто ҷавонписарони муҳоҷири меҳнатии тоҷик, ки ба хотири беҳтар намудани шароити оилавии худ дар шаҳрҳои гуногуни Руссия бо азобу шиканҷаҳои зиёд, бо обилаи кафи даст ва меҳнати ҳалолашон музди ночизе пайдо менамоянд ба ин нигоҳ накарда, дар ин гуна ҳолатҳои ғамовару фалокатангези мотам дастҷамъона маблағи пулӣ ҷамъоварӣ намуда, ҷисми беҷони бародари мусибатзадаи тоҷикашро ба зодгоҳашон мефиристанд, то ин ки волидайни бечораашон бори охир ба дидани дидори ҷигарбандаш мушарраф гардаду майиташро дар зодгоҳаш, дар бари наздикону пайвандонаш ба хок супоранд.

         Аҳсану офарин ба ин гуна ҷавонони ба нангу номуси тоҷик, ки ба мисли Кабириву думравони наҳзатии ӯ ҷисми беҷони бародари тоҷикашро дар кӯчаҳои мулки бегона хору зор ва бесоҳиб намепартоянд.

         Рости гап ва ошкоро арз намудан ба маврид аст, ки дили ҳеҷ як фарди Ватандору Ватандӯст барои марги ин гуна пайравону ҳамсафони хоинони миллату Ватан, ки ба хотири манфиатҳои шахсии худ шуда, Ватани гул- гулшукуфону амну осоишта, ободу ҳамаҷониба тараққӣ кардаистодаи худро дар назди мардуми дигари мусулмону ғайри мусулмон бадном месозанд, ҳеҷ гоҳ ва заррае ҳам намесӯзад. Аз тарафи дигар ҳайрони он ҳастем, ки чаро волидайну хешу ақрабои Шайхову ӯ барин ҷавонони сарсону саргардони фиребхӯрдаву ба доми Кабириву косалесони наҳзатии ӯ афтода аз онҳо талаби бо обрӯӣ Муаҳммад (с), то ба зодгоҳашон, ба назди модари пир ва дигар пайвандонаш оварда расонидани ҷасади беҷони ӯро намекунанд. Охир ҳамон Кабирии тоҷиру молпараст аз ҳисоби ҳамин гуна ҷавонони беандешаву фиребхурдаи тоҷик сарватҳои нобаҳангому барои дигарон дастнорасро соҳиб гаштааст. Ҳамзамон, қарзи инсониву виҷдонии худ медонем ёдрас намоем, ки волидайну пайвандони Шайхову ӯ барин ҷавонони фиребхӯрдаву ба доми наҳзатиҳо афтода, бояд ҳис намоянд ва хуб бидонанд, ки касе, на Кабириву Гадоев, на Шерзамону Ёқубзода ва на Муҳаммадиқболи Садриддин дар фикри фарзандони онҳо набуданду нестанд ва ба дарди онҳо чорае ҳам намеандешанд ва чораандешӣ низ карда наметавонанд.

         Ба ибораи дигар гӯем, ин гуна ашхос барои Кабирию хоҷагони хориҷиаш фақат рисолати рифоларо иҷро намуданду халос, дигар ҳеҷ гуна қадру қиммати инсониеро соҳиб набуданду намешаванд. Гоҳ-гоҳе садо баланд кардани Кабирию думаровни наҳзатиаш танҳо ба хотири «Ҳалол намудани маблағҳои калони пулии ҷудо намудаи хоҷагони хориҷиаш мебошад».

         Мушоҳидаҳои ҳамарӯзаи ҳаётӣ - воқеи нишон медиҳанд, ки шиори доимии Кабирию пайравонаш барпо намудани давлати бо ном исломӣ мебошаду ҳама миллати ғайри мусулмонро кофир эълон намудаву кофир ҳисобида, ҷиҳоди зидди онҳоро барои ҳар як фарди мусулмон ҳатмӣ ва фарз медонанд. Аммо ҳайрон аз онем, ки ҳамин Кабирию дигар ҳамаслаконаш барин лаънаткардаҳои мардум боз ба хотири сарватғундорӣ ва бадастовардани маблағҳои калони пулии бедардимиён шуда, худ ва ҷавонони зудбовару беандешаи дигари тоҷикро лухтаки дасти хоҷагони хориҷии ғайримусулмон карда, бар зарари кишвару манфиатҳои ин гуна хоҷагонашон хирсона хизмат карда истодаанд.                

         Мутмаинем ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки Кабирию дигар наҳзатиҳои дар атрофи ӯ гирдомада, ки худ як тоҷиру гурги борондидаанд, фақат ба хотири фаровонтар намудани сарватҳои ҷамъ намудаашон омодаанд, ки  ҳатто мазҳаби қабулкардаи шиаро низ тарк гуфта, мазҳабҳову динҳои дигари ғайри мусулмонӣ - католику будоиро ҳам қабул намуда, дар хизмати хоҷагони навпайдокардаашон ба муқобили давлату миллати худ муборизаи душманонаашонро давом диҳанд. Аз фурсат истифода бурда ба Кабирию кабириён муроҷиаткунон маслиҳатеро дареғ намедорем, ки шумо ба Ватан баргашта, дар назди Қонунҳои мавҷуда сари таъзим фурӯд оварда, ба гуноҳҳои вазнини содирнамудаатон иқрор гашта, тавбаву надомат намоед ва билохира аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиши авф намоед.

         Воқеан, ҳам Сарвари давлатамон Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шоҳи одилу ғамхори миллат ҳастанд ва борҳо ҳазорҳо ҷинояткоронро бахшидаанд, шояд нисбати шумо ҳам чорае андешад. Бояд фаҳмед, ки ба шумо касе ҳуқуқи аз номи мардуми шариф, хусусан ҷавонони ояндасози тоҷик талаб кардан як тараф истад, ҳатто сухан карданро ҳуқуқ надодааст ва шумо барои талаб намудани озодии маҳбусони бо ном «сиёсӣ», ки дар асл ҳамаслакону ҳамонанди шумо барин наҳзатиҳои ҷинояткоранду ҷиноятҳои вазнини содирнамудаашон аз ҷониби мақомоти маъмурӣ бо асноду далелҳои асоснок исбот шудаанд, ҳеҷ гуна ҳуқуқи моддиву маънавии талаб карданро надоред. Баръакс, шумо наҳзатиҳо як умр дар назди мардуми шарифи Тоҷикистон қарздоред ва онҳо талаби қарзашонро, ҷуброни талафоти ҷонию молии солҳои ҷанги шаҳрвандиро то рӯзи қиёмат аз шумо наҳзатиҳо талаб доранд.

         Ба ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистон муроҷиат намуда, гуфтанием, ки дигар бора ба ваъдаҳои сохтаву бофта ва дуруғини Кабирию ӯ барин наҳзатиҳо фирефта нашуда, якҷоя ва дастаҷамъона сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя намоем ва бар зиддӣ душманони миллат зери парчами кишвар ва роҳбарии бевоситаи Сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид бошем.

         Саидзода С. Ш. масъули бахши тарбия ва шуъбаи кадрҳову таъминоти ҳуқуқии ДИТ ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.