РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Хатару зарари террористӣ ба ҷавонон

 

 

Одамӣ андар ҷаҳони хайру шар,
Кам шиносад нафъи худро аз зарар.

                   Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

 

 

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи  ҷаҳонро фаро гирифтааст, ин экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Барои ба ҳадафҳои  ғаразноки худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. 

Терроризм содир намудан амалҳое мебошад, ки ба одамон хатарҳои ҷиддӣ ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсо­нидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан ба гурӯҳҳои этникӣ (қавмӣ) ҷудо кардани инсоният аз ҷониби ҷомеа ва давлат қобили қабул набуда, эътирозро ба вуҷуд оварад, барои он ки он мумкин аст ба ифратгароӣ сабзида расад.

Қурбони терроризм дар ин ё он минтақаву давр асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омил ва мақсади шахсони ифротгаро ва гуруҳҳои терроризмро хуб биомӯзанд ва барои рафъу дафъи он  кӯшиш намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Тамоми мардуми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ва экстемизм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандон давлатҳои гуногун, рушди устувории кишварҳо ба ташвиш омадаанд.

Дар давоми 20-30 соли охир амалиётҳои террористӣ ва экстримистӣ доираи васеи мамалакатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, хатари терроризм ва экстримизм ҳамчун як вабои аср аз таъсири яроқу аслиҳаи атомӣ ҳам зиёдтару даҳшатноктар гардидааст.

Имрӯз аз ҳодисаҳои харобовар дар давлатҳои Шарқи Наздик бавуҷудомада хулоса баровардан мумкин аст, ки васеъ гардидани амалиётҳои террористӣ ва умуман терроризми байналхалқӣ ин маҳсули давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ба мақсади пиёда намудани ҳадафҳои геополитикии худ мебошад. Ин давлатҳои абарқудрат бо мақсади фароҳам овардани “Озодиву демократия”, кофтукови беасоси яроқи химиявӣ дар кишварҳо оташи ҷанги байни мусулмононро аланга андохта, дар заминаи ин нобасомониҳо боигарии ин кишварҳоро ба манфиати давлатҳои худ истифода бурда истодааст.

Пешвои миллат, Президент ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки “дард ва доғи рӯз” мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротию террористӣ нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром гузошта амал мекунанд. 

“Гуфтори нек, рафтори нек, пиндори нек, асоси зиндагии ҳар фарди ҷавони мо бояд бошад”  чуноне, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ:

Бандае, к-аз хештан дорад хабар,

Офаринад манфиъатро аз зарар.

Каримов Раҳим, Декани факултети филологияи  Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)           


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.