РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Ошӯро мувофиқи дини мубини Ислом

Ошӯро, дар таърихи Ислом ба ду сарчашмаи воқеӣ, яке қадим ва дигаре нисбатан ҷадид иртибот мегирад, ки ҳардуи он ба бани Исроил тааллуқ доранд. Замоне зулму ситам ва такаббурии Фиръавн боло гирифту аз ҳад гузашт, ҳазрати Мӯсо (а) қавмашро ҷамъ намуду қасди аз он минтақа баромаданро кард. Фиръавн бошад, зулму ситам ва қаҳру ғазабашро нисбати мусалмонон шиддат бахшид ва онҳоро мавриди таъқиб қарор дод. Дар он асно аз осмон ваҳӣ нозил гашту Худованд ба Мӯсо амр дод, то ки ба соҳили дарё раванд Фиръавн ва ҳамроҳонаш аз пушти Мӯсо (а) ва бани Исроил омаданд. Мӯсо (а) ва Исроил ба соҳили дарё расиданд, аммо киштӣ ё ин ки ягон чизе дар ихтиёр надоштанд, пеши рӯяшон танҳо дарё ва пушти сарашон Фиръавн бо лашкаронаш онҳоро таъқиб менамуд. Ҳамроҳони Мӯсо (а) мегуфтанд, Фиръавн моро муҳосира хоҳад намуд, Мӯсо (а) гуфт: Фиръавн ҳаргиз ба мо намерасад, зеро Парвардигор бо ман аст, маро роҳнамоӣ мекунад, роҳи наҷотро ба ман нишон медиҳад. Худованд ба Мӯсо (а) амр кард, ки бо асояш ба дарёи Нил бизанад. Ин воқеаро Худо дар Қуръон чунин зикр намудааст:

“Пас мо ба Мӯсо ваҳий кардем, Худованд ба Мӯсо (а) амр кард, ки асои худро ба дарё (Нил) бизан, чун зад, дарё шикофт ва оби ҳар қитъаи дарё монанди кӯҳи бузург ба рӯи ҳам қарор гирифт” (Сураи Шуъаро, ояти 63).

Вақте, ки Мӯсо ва бани Исроил ба соҳили дарё расиданд. Дарё Фиръавн ва лашкарашро ғарқ кард, дар ҳоли ғарқ шудан чуноне, ки дар Қуръон сураи “Юнус” ояти 90-93 баён мекунад, Фиръавн чунин гуфт:

“Мо баннӣ—Исроилро аз дарё гузаронидем. Фиръавну лашкариёнаш ба қасди ситаму таҷовуз ба таъқибашон пардохтанд. Чун Фиръавн ғарқ мешуд, гуфт: «Имон овардам, ки ҳеҷ Худованде ҷуз он ки баннӣ—Исроил ба он имон овардаанд нест ва ман аз таслимшудагонам» (90).  Оё акнун? Ва ту пеш аз ин исён мекардӣ ва аз фасодкорон будӣ. (91).  Имрӯз ҷисми туро ба хушкӣ мепартоем, то барои онон, ки пас аз ту мемонанд, ибрате бошӣ ва ҳол он ки бисёре аз мардум аз оёти Мо ғофиланд! (92).  Албатта баннӣ-Исроилро дар маконе некӯ ҷой додем ва аз покиҳо рӯзияшон додем ва то он ҳангом, ки соҳиби дониш нашуда буданд, зиддияте надоштанд. Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ зиддият  мекарданд,  миёнашон ҳукм  хоҳад кард! (93)”.

Чӣ гунае Қуръон ба мо хабар додааст, Мӯсо амри Парвардигорашро иҷро намуда, бо асои дасташ ба дарёи Нил задааст, ки он ба дувоздаҳ қисмат ҷудо гашта, ба мисоли кӯҳҳои азими сар ба фалаккашида қомат афрохтааст. Мушоҳидаи чунин як муъҷизаи бузурги Илоҳӣ барои Фиръавни тоғӣ (саркаш) дарси ибрат нагашт, ӯро аз роҳи инҳирофаш боз надошт, балки зулми ӯ даҳчанд боло рафту хост садди роҳи Мӯсову қавмаш гардад. Бо ин қасд аз ҳамон роҳи дарё, ки обҳояш мисли кӯҳ гардида буд, раҳсипор шуданд, аммо онҳо роҳро убур накарда буданд, ки бо фармони Худованди қодир об ба асли пешинааш баргашт ва Фиръавн бо кулли пайравонаш дар дарё ғарқ шуданд. Худованд ҳазрати Мӯсоро бо қавмаш аз шарри Фиръавн наҷот бахшид. Вобаста ба ин Худованд мефармояд:

“Ва албатта мо банни Исроилро аз азоби зиллат ва хорӣ наҷот додем” (Сураи Духон, ояти 30).

Ана ҳамин воқеаи таърихӣ дар рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррам ба вуқӯъ пайвастааст. Пас банни Исроил он рӯзро ҳамчун рӯзи озодӣ ва наҷот аз як абарқудрате, ки даъвои худоӣ дошт ва мехост иҷборан мардумро бандаву мутеъи худ созад, ҷашн гирифтанд ва барои миннатгузорӣ ва шукру сипос ба даргоҳи Худо он рӯзро рӯза доштанд. 

Қиссаи дуюмро аз ҳадиси ривоятнамудаи Ибни Аббос (р) метавонем дарк намоем. Ӯ ривоят мекунад, ки, “Замоне Расули Худо (с) ба Мадинаи мунаввара омаданд, яҳудиҳоро диданд, ки рӯзи ошӯро рӯза медоранд. Паёмбар (с) аз онҳо суол карданд, ки ин чӣ рӯз аст? Онҳо гуфтанд, ин рӯзи хуб аст, рӯзе аст, ки Худованд банни Исроилро аз душманаш наҷот додааст. Пас ҳазрати Мӯсо ин рӯзро рӯза доштааст, мо низ рӯзааш медорем. Паёмбари Худо (с)  ба онҳо хитоб намуда, гуфтанд, ки “Ман аз шумо дида ба Мӯсо ҳақдортарам. Пас Паёмбар (с) он рӯзро рӯза доштаанд ва дигаронро ба рӯза доштани он рӯз роҳнамоӣ менамуданд”. (Ривояти Бухорӣ)

Ҳақиқати таърихии рӯзи Ошуро аз доираи ин ду ривояти саҳеҳ берун нест, ки кулли уламои аҳли суннат ва ҷамоат бар он иттифоқи назар доранд ва ба воқеияти таърихии он баҳои саҳеҳ додаанд. Аммо бо гузашти фосилаҳо ва ривоҷи мазоҳиб атрофи ин падидаи таърихӣ хурофот ва амалкардҳое ба миён омадаанд, ки аз ибтидои мавҷудияташон то ба имрӯз зери тозиёнаи танқиди муҳаққиқони соҳа қарор гирифтаанд.

Аз Абуқатода (р) ривоят аст, ки “Расули Худо (с)-ро дар бораи рӯзаи Ошуро пурсиданд, он ҳазрат (с)  дар ҷавоб гуфт: рӯзаи Ошуро яксола гуноҳони гузаштаро маҳв хоҳад намуд” (Ривояти Муслим).          

Муҳаққиқон таъкид ба амал меоранд, ки қабоили араб қабл аз Ислом рӯзи ошуро рӯза медоштанд. Паёмбар (с) низ пеш аз он ки ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат намуд, дар Маккаи мукаррама рӯзи Ошуро рӯза медошт. Ӯ рӯзаи ин рӯзро аз яҳудиҳо наомӯхтааст, балки ин бо ваҳий ва ё иҷтиҳоди паёмбарӣ сурат гирифтааст. Гарчанде ин қазия бо дидани яҳудиҳо тавъам омадааст, аммо ин ба муҷарради хабари яҳудиҳо набуд. Вобаста ба рӯза доштани Паёмбар (с) дар рӯзи ошӯро, уламо чаҳор ҳолатро зикр намудаанд:

Якум: Расули Худо (с) ин рӯзро дар Макка рӯза медоштанд, аммо дигаронро ба рӯза доштан амр намефармуданд.

Дуюм: Вақте ба Мадина омаданд ва диданд, ки аҳли китоб он рӯзро рӯза медоранду таъзимаш мекунанд, дӯст доштанд, ки дар ин кор бо аҳли китоб мувофиқати хешро изҳор намоянд ва ба рӯзаи он пайравонашро амр кунанд.

Сеюм: Замоне, ки рӯзаи моҳи Рамазон фарз гашт, таъкиди хешро нисбати рӯзаи Ошӯро тарк намуданд ва онро ба дараҷаи мустаҳаб фароварданд, чунки як моҳи расо рӯза доштан фарзи қатъӣ гашт.

Чаҳорум: Дар охири умри худ ба хотири мухолифат ба аҳли китоб азм намуданд, то як рӯзи дигар ба рӯзаи Ошӯро зам намоянд. Паёмбар (с) таъкид намуда буданд, ки “Агар ман то соли дигар умр ба сар барам, ҳатман рӯзи нуҳуми муҳаррамро низ рӯза медорам” (Ривояти Муслим).

Шореҳону муҳаққиқони ҳадис ин масъаларо ба ду ҷанба эҳтимол додаанд. Якум ин ки шояд расули Худо (с) мехост соли оянда рӯзи даҳуми муҳаррамро ба рӯзи нуҳум иваз намояд. Дуюм, шояд мехостанд ба рӯзи даҳум рӯзи нуҳумро низ зам намоянд. Вақте ӯ худ ин масъаларо баён накарда аз олам гузаштанд, уламо хулоса намудаанд, ки эҳтиётан рӯзи нуҳуму даҳумро рӯза доштан беҳтару авлотар аст. Бинобар асоси ин андешаҳо рӯзаи Ошӯро ба се мартаба тақсим шудааст. Якум, танҳо рӯзи даҳуми муҳаррамро рӯза доштан, дуюм рӯзи нуҳум ва даҳумро бо ҳам рӯза доштан. Сеюм, рӯза доштани рӯзи нуҳум, даҳум ва ёздаҳум. 

Умуман, метавон таъкид кард, ки Паёмбар (с) рӯзаи ин рӯзро бо пайравӣ аз яҳуд машруъ нагардонидааст, чунки қабл аз он низ ин рӯзро рӯза медоштанд. Дигар ин ки, ин қазия дар як ҳолате ба вуқуъ пайваста буд, ки вобаста ба авзои сиёсии замон, Паёмбар (с) дӯст доштанд, ки дар ин қазия бо яҳудиҳо мувофиқат кунанд ва дар ин мувофиқат ӯ аз ҷониби Аллоҳ манъ карда нашуда буд. 

Таъкид бояд кард, ки мухолифати Паёмбар (с) бо яҳудиҳо дар ин масъала ба мо миллати Ислом як дарси бузургеро талқин мекунад ва хотиррасон менамояд, ки мусалмонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Дар замоне, ки фитнаву найранги яҳуд ва душманони Ислом  ҳадду марзҳоро убур кардааст, дунёи ғарб мехоҳад бо фарҳангу тамаддунаш вориди тамоми кишварҳои мусулмоннишин гардад, ҳадди ақал мусалмонон тариқаи мухолифатро бояд таълим бигиранд ва ба кулли андешаҳову авомири душманони ислом “лаббайк” нагӯянд. 

Умуман, рӯзаи Ошӯро бо таъкид мустаҳаб аст, дар фазилату савоби он ҳадисҳои фаровон аз расули Худо (с) ривоят шудаанд ва месазад, ки ҳар мусалмон аз савоби он бархӯрдор гардад.

Рӯзаи рӯзи  Ошӯро рӯзи даҳуми моҳи Муҳаррам мебошад.       Яке аз беҳтарин моҳҳо ба ҳисоб меравад. Беҳтарин рӯза баъд аз рӯзаи моҳи шарифи Рамазон, рӯзаи моҳи Муҳаррам аст. Дар ин моҳ Аллоҳ таъоло Мӯсоро аз душманаш, Фиръавн наҷот дод. Пас аз он Мӯсо ҳар сол дар рӯзи ҳалоки Фиръавн рӯза медошт. Инчунин Паёмбар (с) дар он рӯз, рӯза медоштанд. Он рӯз, рӯзи даҳуми Муҳаррам аст. Паёмбар (с) дар рӯзи даҳуми Муҳаррам (рӯзи Ошӯро) рӯза медоштанд ва мардумро ба рӯза гирифтани ин рӯз тарғибу ташвиқ менамуданд. Паёмбар (с) фармуданд: “Бо яҳудон мухолафат кунед, як рӯз пеш ё ин ки як рӯз баъд аз онҳо рӯза гиред” пас бояд мусулмон як рӯз пеш ва ё як рӯз баъд рӯза гирад, то бо гуфтаи Паёмбар (с) мувофиқ шавад. Чунки ин рӯз, рӯзест  ки Худованд дар ин рӯз Мӯсо ва қавми ӯро аз Фиръавн наҷот дод ва Фиръавнро бо  қавмаш  ҳалок сохт.

Он чӣ дар муқаддима зикр гашт, воқеияти таърих аст. Таърих ба мисли оинаест, ки ҳақиқати тамоми чизро дар худ бехато  инъикос менамояд. Бо мурури замон ҳеҷ нафар ва ҳеҷ мазоҳибу равияҳо натавонистаанд бори дурӯғро ба пойи таърих занҷир бизананд. Агар ин корро карда бошанд, пас бешубҳа оинаи таърих онро дар сурати ҳақиқияш ҷило додааст, ки аз касе пӯшида намемонад. Вобаста ба рӯзи Ошӯро низ бо гардиши айём бидъатҳо ва хурофотҳои бешумор рӯи кор омад. Пас аз даргузашти ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат ба рӯзи Ошӯро суннат якмаром ва бе каму кост идома ёфт.

Пас он одати мусалмонон нисбат ба рӯзи Ошӯро чуноне, ки дар замони Паёмбар (с) буд, ҳамон тавр боқӣ монд. Чунин оромӣ пас аз қатли Ҳусайн (р) то замони истилои давлати Бувайҳӣ, ки сардамдорони он аҳли ташайюъ буданд, то замони давлати  Аббосӣ дар Бағдод боқӣ монд. Аммо дар замони зуҳури шиаҳои Бувайҳӣ дар Ироқ воқеа табдили сурат намуд ва хурофоту бидъатҳо аз он замон рӯи кор омаданд. Аз аҳли ташайюъ, тоифаи гумроҳ, ба андешаи худ гӯё дӯстии худро нисбати аҳли байти Паёмбар (с) изҳор медошта бошанд, аз ин хотир рӯзи Ошӯро, рӯзи мотам, ғаму андӯҳ ва нолаву фарёд қарор доданд. Дар ин рӯз шиори ҷоҳилиятро изҳор намуда, мӯйҳо ва рӯйҳои худро меканданд. Сурудани қасидаҳои ғамангез, ривояти ахборӣ дурӯғу ботил, амалҳое, ки ғаму андуҳро аз нав мекунанд, таассубкорӣ, барангехтани душманиву ҷанг ва паҳн намудани фитнаҳо дар миёни уммати Ислом аз ҷумлаи аъмоли хурофотпарварии шиъаҳо дар қиболи рӯзи Ошуро ба шумор меравад. Бо ин кор барои дашном додани бузургмардон, саҳобаҳои Расул (с) ба худ роҳи қулай ва муносиб пайдо кардаанд. Бояд гуфт, ки шарру бадӣ ва зарари амали онҳо ба аҳли Ислом то андозае аст, ки ҳатто шумораш карда намешавад. Ибни Касир доир ба хурофоти эшон чунин таъкид кардааст: “...ҳамин тариқ даб-даба саросари шаҳри Бағдод ва кишварҳои атрофи онро ба ҳам мезад. Дар роҳҳову кӯчаҳо, дар бозорҳову хиёбонҳо хокистар ва тибн (коҳ) гузошта мешуд. Дар пештоқи дӯконҳо лавҳаҳо овехта мешуд, мардум ғаму андуҳи хешро изҳор мекарданд ва аксари онҳо об наменӯшиданд, то худро ҳамтақдири Ҳусайн (р) гардонанд, чунки ӯ ташналаб кушта шуда буд. Занҳо низ бо ҳасрат ва пои урён ба кӯчаҳо хурӯҷ мекарданд ва рӯйҳову мӯйҳои хешро мехарошиданду меканданд...” (Бидоя ва ниҳоя). Гузашта аз ин, онҳо дар рӯзи Ошӯро сурма кашидан, ҳино бастан, ба аҳли оила хӯрокаву нӯшокиҳои фаровон фароҳам овардан, омода намудани таомҳои аз одат берун ва ғайраро суннати хеш қарор дода буданд. Баъдан бо гузашти замон рӯз то рӯз ҳаҷму доираи хурофот бузургтар гашт ва навъҳои гуногуни он рӯи кор омад.

Дар замони Сафавиҳо ва баъди онҳо фазои азодории хунин ба миён омад, ки бо шамшер ба сарҳо ва аъзои бадан зада мешавад, ки аъзои бадани ҳар як азогиранда хуншор мегардад. Вазъият то ин замон бо ҳамон ҳол идома дорад, ҳатто бо истифода аз технологияи ҷадид, аз қабили моҳвораҳо, шабакаҳои телевизионии гуногун, шабакаи ҷаҳонии интернет ва ғайра, доманаи чунин амалкарди номатлуби аҳли ташайюъ дучанд гашта, аз пештара дида зиёдтар ба чашм мерасад  ва зарари он бошад бештар мегардад. 
Дар маҷмуъ, таъкид бояд намуд, ки ин фазои хурофотӣ аз муҳити Бувайҳӣ ва Сафавиҳо манбаъ мегирад ва ба Ислом ҳеҷ гуна рабте надорад ва ин яке аз гумроҳиҳо ва инҳирофоти аҳли ташайюъ дар қиболи рӯзи Ошӯро дониста мешавад.

Мутаассифона дар раддаи ин равияи хурофотсозиҳо равияи дигаре хурофотпараст  зам гашт, ки онҳо бо мавқифгириашон нисбати рӯзи Ошӯро гарчанде ба гумроҳии аҳли ташайюъ нарасидаанд, аммо вобаста ба таҷлили он ҳаммаслаки равияи аввалӣ метавонанд бошанд. Аҳли хурофот ин рӯзро ҳамчун ҷашн таҷлил мекунанд. Дар он рӯз хушҳолӣ мекунанд, ба ҳамдигар ҳадяҳо тақдим менамоянд, барои он рӯз шириниҳои хос омода месозанд. Ибни Касир баъзе аз хурофоти онҳоро низ дар китоби таърихиаш ба қалам овардааст: “Онҳо дар рӯзи Ошӯро ғусл мекунанд, аз хушбӯиҳо истифода мебаранд, либосҳои намоишкорона ва беҳтарини худро ба тан мекунанд, дар он рӯз таъомҳои гуногун омода месозанд, хушҳолии худро изҳор менамоянд ва рӯзи “Ошӯро”-ро рӯзи ҷашн қарор медиҳанд.

Онҳо бо ин амалкарди хеш мехоҳанд бо рофизиҳои шиъа мухолифат варзанд ва акси онҳоро ба амал оранд” (Бидоя ва ниҳоя). Бо гузашти замон онҳо низ дар самти хурофот тараққӣ ва рушд намудаанд. Ба он ваҷҳ, ки дар рӯзи Ошӯро ҳалқаҳои рақсу бозӣ ташкил мекунанд ва онро бо пиндори худ “зикр”-и Худо меноманд. Мавриди таъкид аст, ки соҳибназарон ва равшанфикрони исломӣ чунин амали баъзе аз аҳли хурофотро маҳкум мекунанд. Ин амалҳои хурофотӣ дар ягон ҳадиси Паёмбари ислом (с), на заифу на саҳеҳ ва на дар ҳаёти саҳобагонаш наомадаанд, ҳатто аз доираи чаҳор мазҳаби Ислом берунанд. Ҳеҷ олиму донишманде низ ба хубии ин амалҳо тавсия надодааст.
Чуноне аз мушоҳидаҳо хулоса бароварда мешавад, бидъат аз паси бидъат, паё-пай болои уммати Ислом ворид мегардад, ки ба ҷуз чанг задан ба Қуръон ва суннати поки Паёмбар (с) дигар ҳеҷ нерӯе наметавонад мусалмононро аз ин ботлоқ наҷот бахшад. Суннати ростини Расулуллоҳ (с) аст, ки аҳли суннат ва ҷамоат бо пайравӣ аз он рӯзи Ошӯро то ин дам рӯза медоранд, ки уламои шиъа рӯза доштани онро дар асоси қавонини ботили худ ҳаром ҳукм намудаанд. Аҳли хурофот рӯзи Ошӯро ид мекунанд, аммо аҳли суннат бо пайравӣ аз суннати Расул (с) онро ҷашн намегиранд.

Каримов Иноятулло, устоди кафедра «Улуми қуръон» ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)

Иловатан (бо забони рӯсӣ): https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%90%D1%88%D1%83%D1%80%D0%B0

http://rus.shiya.biz/2013/03/ktoubilhuseyna.html


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


[Ном: Хушвахт ]

Ин тоифа мардум ҳайвонан ба нафси худашон раҳм намекунан ҷо кадестан мефаҳман ё ки герчикан.
[Ном: Хушвахт ]

Ин тоифа мардум ҳайвонан ба нафси худашон раҳм намекунан ҷо кадестан мефаҳман ё ки герчикан.
[Ном: Ҳайрон шуда]

Ошноҷон хапаш кун, ки дар Тоҷикистон зиёд шудагиян нашнаван, ки миёян аз хоб хезан агар, ними дигараш дар карбало занҷир зани кадестан, Худо хоҳад намеоянд, дар ҳамон мемуранд, ба ин ҳоле, ки доран, ин чи зиндагиву чи диндорист аз ин ҳолда мурдан хубаст худат худата мекуши чи гуноҳ карда бошан.

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.