РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Сарқонун дастур ва кафили ҳаёти мардум
“Адолат варзед, ки ба тақво наздиктар аст ва аз Худо битарсед, ки Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!” сураи “Моида” ояти 8.
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тариқи раъйпурсии умумӣ халқӣ, соли 1994 қабул шудааст. Тоҷикистон як кишвари ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ буда, шароитҳои иҷтимоии он аз рӯи фаъолияти халқии агросаноат дониста мешавад. Одатан ин рӯзро мардуми шарифи Тоҷикистон, чун рӯзи қабули Сарқонун ё Қонуни Асосии ин кишвар қайд мекунанд.
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии мардуми Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз дастури асосии ҳаёти ин кишвар ба шумор меравад. Дар сарқонун адолати иҷтимоиву фарҳангӣ ва сиёсиву иқтисодӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин масъалаи мазкур аз ҷумлаи масоили асосии зиндагии мардум буда, он дар кишварҳои демократӣ ва рӯ ба тараққӣ, боиси дастгириву тавсеа ва ҷонибдорӣ мебошад. Воқеан ҳам давлатҳои пешрафта ва ҷомеаи мутамаддинро бе адолати иҷтимоӣ тасаввур кардан номумкин аст. Адолат боиси ризоияти ҷомеа, дар навбати худ ризоият боис ба сулҳу субот, пешрафту шукуфоии ва файзу баракат аст. Дар он ҷое, ки адолат нест, суботу оромӣ ва файзу баракат нест. Ин қонуни ҳаёти зиндагии мардум аст ва касе инро инкор карда наметавонад. Агар инкор кунад, дер ё зуд мефаҳмад, ки хато кардааст. Аз ин рӯ, ин рукни муҳими башарӣ ва ҳаёти инсонӣ дар санади асосӣ ва аз тарафи шахси мансабдор ва ё мақомоти ниҳоят бонуфузи кишвар амалӣ карда мешавад.
Умуман, ҳар як фарди ҷомеа бояд бо адлу инсоф бошад ва дар кирдори хеш онро риоя намояд. Мардуми Тоҷикистон низ тавассути Сарқонуни кишвари худ бо пайгирӣ аз ин усули куҳан амалӣ намудани адолатро ба зиммаи Президент ва суд вогузор кардааст. Дар қисми дуюми моддаи 84 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: «Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд». Дар баробари ин, Сарқонун риояи ҳуқуқи инсонро ба зиммаи Президенти кишвар низ вогузор намудааст. Мувофиқи қисми дуюми моддаи 64 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Дар ин ҷо, пеш аз ҳама мафҳуме, ки вобаста ба адолат аст ва маҳаки ин ҷумларо ташкил медиҳад, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон будани Президент аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар як паёми телевизионӣ мардуми кишварро ба муносибати 23-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта ва аз “6 ноябри соли 1994” ба унвони “рӯзи таърихӣ” ёд карда, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ хонд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки “ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа баён гардид”.
Дар ин мавзуъ “Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷии худ сиёсати дарҳои кушодаро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар асоси принсипи баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ эълон доштааст"- иброз доштанд раиси ҷумҳур дар аснои таҳлили сиёсати хориҷии кишвар.
Хулоса метавон гуфт, ки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳком кардани қишрҳои ҷомеа ва масъалаҳои ҳуқуқиву фарҳангиву ахлоқи иқтисодиву иҷтимоиву сиёсӣ ва ба раванди зиндагии мардум ҳамеша мусоидат мекунад, бинобарин лозим аст, ки ҳар фарди ҷомеа аз Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда манфиати худашро ҳимоя карда метавонад. Чуноне, ки аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Дар амал пӯшида мазмуни ҳаёт,
Лаззати тахлиқ қонуни ҳаёт.
Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ ДИТ ба номи Имоми Аъзам–Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.