РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Рад ба тӯҳматгарон

Бояд ҳар як инсон аз макру ҳила ва дуруғу найранг ва аз бозӣ бо сарнавишти мардум дур бошад ва ёдовар шавад, ки рӯзе дар муқобили додгоҳи адли Илоҳӣ хоҳад истод.

Дар он рӯз чӣ ҷавобе медода бошанд? Оё тақлиди куркурона аз охундҳои ҷоҳталаб, молпараст, дунёдӯст ва зери по ниҳодани дину ақл ва мантиқ дар он рӯз ҷавоб дода метавонанд?

Дар ин мақола ҳеҷ  гуна сеҳр ва ҷодуе нест, аммо суханҳоест, ки тилисми ҷодугаронро дарҳам мешиканад, ки чандин сол мардуми мусулмонро, хусусан тоҷикистониёнро ба ин сеҳру ҷодуяшон ба бозорҳои шиаёну такфириёни хунхур бурда расонда истодаанд.

Рӯзгори сахту сангин, асри вазнин аз сари мо мардуми Тоҷикистон гузашт, рӯзгоре, ки дар он ҷангу куштор ва қаҳтӣ буд, аммо мардуми шарифи Тоҷикистон ин рӯзҳои сахту нангинро бо чӣ гуна машаққатҳо гузаронид, ба гуруснагиҳову ташнагиҳое, ки кас бовар надошт, ки зинда мемонад, аммо Худованди бузург бо раҳму шафқаташ мо мардуми тоҷикро ба ин рӯзҳои тинҷу ором расонид. Лекин мутаасифона то ба ҳол шахсоне ҳастанд, ки боз ҳам он рӯзҳои хунину даҳшатнокро ба миён овардан мехоҳанд, аммо ин мардум аз ободиву осудагии  Ватани азизи хеш ба даргоҳи Худованд шукрона карда, сулҳу суботеро ки бо машаққатҳо ба даст омадааст, аз даст додани нестанд ва нахоҳанд дод.

Назар мекунем ба ҳаёти Паёмбар (с) ва асҳобаш (р) ва мебинем, ки онҳо ҳама вақт дар кӯшиши ободиву дӯстии байни мусулмонон буданд, аммо баъзе аз мунофиқон фитнаву ҷудогиҳоеро дар байни онҳо мунташир мекарданд, то ин ки мусулмонон тинҷу ором набошанд. Онҳо мунофиқон буданд, ки аз дин гашта ва дигар шахсоне, ки мухлиси ин динанд онҳоро аз динашон бо ҳар роҳу хатоҳо мехостанд дур кунанд, ки имрӯз мо ҳам дар байни мардуми мусулмони  руйи дунё ин ҳодисаро дида истодаем. Шукру сипос  Парвардигори покро, ки баъди ҷанги шаҳрвандие, ки аз ҷониби мунофиқони замон ба мо ҳамл карда шуд, инҷониб ба мо тавфиқ дод, то думболи душманони динӣ хеш нагардем ва бо хешону дустони деринаи худ хушу хурсандона зиндагии орому осудаеро дошта бошем.

Чуноне, ки мо мебинем мухолифини миллати тоҷик  дар ин навиштаи худ ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хориҷи кишвар истода туҳматҳои зиёде овардаанд, ки ин ҳеҷ ба ақли солим дуруст намеояд. Дар ин туҳматҳо масъалаҳое гуфта шудаанд, ки куллан дуруғ ва бӯҳтон нисбати Ҳукумат ва Президенти тоҷикон аст.
Инчунин дар ин туҳматнома омадааст, ки гӯё интихоботи охирин, ки соли 2015 шуда гузашта буд, ғайриқонунӣ будааст. Ин дар ҳолатест, ки дар ҳамон сол дар ҳамон интихобот зиёда аз 25 давлати хориҷ намояндагон омада буданд ва рафти интихоботро назорат мекарданд. Дар ҳақиқат гирем, интихоботи охирон нишон дод, ки Шумо ҳизбиҳо барои дар вазифаҳои пурмасъул монданатон ба ҳар ҳиллаву найранг корҳои қонуншиканиатонро давом дода ба бадтарин корҳо хоҳед даст зад.

 Биёед бо хешу таборонатон ба тоҷику тоҷикистониён, Ба Тоҷикистон даст назанед. Агар пушаймон шуда бошед, баргардед. Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият ҳар сол шахсияту амалкардҳои ҷиноии Шуморо авф карда истодааст. Шуморо низ авф менкунад. Биёед  бори дигар мамалакатро ба хоку хун оғушта накунед! Аз ду сар аз дастатон ҳеҷ як коре хайр намеояд. Бе Шумо низ Тоҷикистон обод шуда истодааст. Ман яқинам, ки тавассути шабаҳои телевизион Тоҷикистонро тамошо карда ҳаловат мебаред, вале ҳисси кибру ғурур дар Шумо Шуморо намегузорад, ки сар хам кунед. Аз тақдири Садом Ҳусен, Наҷибулох, Кадафӣ ва ба монанди инҳо сухан гуфта, ташкилкунандаҳои он ба монанди Шумо барин касифон буданд, ки баъдан пушаймон гаштанд. Шумо агар ин қадар таҳлилгар бошед ҳодисаҳои Садом Ҳусен, Наҷибулох, Кадафӣ то ба охир хонед. Барои ин суханонро ба забон овардан ман яқинам, ки нақшаҳои нопок низ доред. Аз Гулмурод  Ҳалимов мепурсед? Гулмурод ба монади Шумо нав намозхон шуд, ҳама мусулмониро дар ҷиҳоде, ки Муҳаммад (с) ба ҳар шахс талқин накардааст, мусулмониро сар кард.Ба фикри ӯ мусулмони ана ҳамон қатлу кӯштор, несту нобуд кардан, вайронкорӣ ва дар дохили он намоз хондан аст. Мо зид нестем, агар кору кирдор ва амали Гулмурод дар хоки Афғонистон ба Шумо писанд омада бошад, ӯро бо худ гиред.

Мардуми бо ору ба номусу мусалмони тоҷик бо даъвати бефаросатнаи ҳеҷ як номард ба митингу роҳпаймоиҳо барнамехезед. Мардуми тоҷик аз фосиқию хиёнаткорӣ, ватанфӯрушию муртад будани Шумо барин касифон хабардор аст. Шумо як маротиб ба худ суол кунед, ки чанд нафарро барои намоз даъват кардаед? Чнд нфарр баи иҷрои кору амалҳои солеҳ даъват намудаед? Чанд нафарро барои адои закот даъват амудаед? Аз қабул намудани ин даъватҳо аз Шумо биеед намепурсем.Инак чанд нафарро барои митингу роҳпаймоиҳои беасос ва алангаи ҷангро ба бор овардан даъват намудаед? Ҷавоби ин саволҳоро муқоиса кунед, ки будани Шумо маълум мегардад.

Мо нағз мефаҳмем, ки баъзе шағолҳо дар байни халқ пинҳон гашт, ба Шумо маълумотҳо мефиристанд, аммо ин маънои онро надорад, ки халқ бо Шумо ҳаст ва ё ягон нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо гуфтаҳои Шумо кор мекунад. Чунин шахсон аз пушти маълумотдиҳи ба Шумо яъне хиёнат ба Ватан рӯзе аз рӯзҳо пушти панҷара меравад.

Бори дигар сар ба кафи андеша гирифтану ба мардуми мусулмони кишвар руи овардани ҲНИ беасос ва беҳуда аст, зеро исломи асл чунин амалкарди разилонаи ин палидҳоро манъ ва гумроҳи шуморидааст. Аз дурӯғу фитна, дасисаҳою ҷудоиандозиҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ, зери дафи хоҷагони хориҷӣ рақс кардани ҲНИ мардумро хаста кард. Ман хуб дарк мекунам, ки дар вазъи мураккаби ҷаҳони муосир ва бархӯрди қудратҳои бузург, раванди ҷаҳоншавӣ қисме аз миллату давлатҳои хурд аз байн мераванд. Ин бархӯрдҳо чун бархӯрди амвоҷи бузурги уқёнусҳо киштиҳои шиноварро ба коми худ фурӯ мебаранд. Боиси таасуф аст, ки қудратҳои ҷаҳонӣ, ки ба дини мубини ислом ҳеҷ иртибот ва ҳамбастагӣ надоранд, барои ҳифзи мавқеи геополитикӣ ва сиёсии худ неруҳои имонӣ ва исломиро истифода мебаранд. Яке аз чунин омили фитнабори онҳо таъсиси созмон ва ҳизбҳои ба ном исломӣ мебошанд, ки дар ҷомеа ва кишварҳои исломӣ манобеъи тафриқа ва низоъ гаштаанд. Дар чунин вазъият донистану лаб ба хомӯшӣ бастани мову шумо хиёнати маҳз ба ин дину миллат ва ҷомеаи худ аст.

Марҳалаи ба нестӣ расидани фаъолияти ҳизбу гуруҳбозӣ дар кишвари мо Тоҷикистон фаро расидааст. Хуб мешуд, ки роҳбарияти ин гуруҳҳои зархарид, ки дар охири эъломияашон мардуми тоҷикро ба барканории давлату миллати тоҷик даъват намудаанд, бо эълони фаолияти ҳизбҳои сохтаи хоҷагонашонро қатъ намуда, чун дигар шаҳрвандон дар муҳити дустию бародарӣ зиндагӣ менамудан.

Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ ДИТ ба номи Имоми Аъзам–Абӯҳанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


[Ном: Тоҷикистони]

Инҳора зувоношона буридан даркор, ки туҳматгарои накунан, ба насиҳату гап зани фоида надорад.
[Ном: Тоҷикистони]

Инҳора зувоношона буридан даркор, ки туҳматгарои накунан, ба насиҳату гап зани фоида надорад.

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.