РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Иди нӯру равшанӣ

 

Санги раҳ об аст, агар ҳиммат қавист,

Селро пасту баланди ҷода чист.

                  Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ

 

Рӯзи 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Мансаби Президентӣ бо муқаррароти Конститутсионӣ буда, дар Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Зикр мегардад, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи дубораи давлати тоҷикон, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нӯфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст. 

Иддае низ аз ин иҷлосия, ки дар моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълиро ба қудрат овард, маҳз ба хотири роҳбарии ин кишварро ба дӯш гирифтани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор медонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқил ва фозилу хирадмандест, ки давлатро аз нобудӣ наҷот дода, мардумро дар  атрофаш муттаҳид гардонид  ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро нисбат ба зиндагӣ бедор намуд ва бо қадамҳои устувору қатъии худ  сулҳу осоиш, рушду  суботро дар Ватани маҳбуби хеш  побарҷо намуд.

Бо омад - омади рӯзи Президент кулли мардуми кишвари азизамон ва ҳамкасбони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гул-гул шукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

Ҳукумати Тоҷикистон бунёди нерӯгоҳи Роғунро бо 6 чархаи иқтидори ҳар кадомаш 600 мегаватт як василаи асосӣ барои билохира расидан ба яке аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегӣ – истиқлолияти энергетикӣ мешуморад. Сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар 90-километрии шаҳри Душанбе ҳанӯз дар поёни солҳои 70 оғоз ёфт, вале то суқути Шӯравӣ дар соли 1991 нотамом боқӣ монда буд. Сели азими соли 1993 сарбанди қисман бардошташудаи ин нерӯгоҳро шуста бурд. Ҷанги хунини шаҳрвандӣ низ дигар идомаи сохтмони Роғун монеъа шуд. Ногуфта намонад, ки ин ҷанги хонумонсӯз на фақат ҷони мардумро гирифт, балки ба иқтисоду иҷтимоиёти кишварамон низ зарарҳои зиёде расонид.

Бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки аввалин чархаи нерӯгоҳи обии Роғун 16 ноябри соли ҷорӣ ба тавлиди барқ шурӯъ намояд. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз ягон мушкилот нотарсида бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдаи тамоми мушкилот ба осонӣ мебароянд. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки дигар ин мардуми ғаюр дар ҳеҷ мушкилоте банд нахоҳанд монд.

Тоҷикистонам чароғон мешавад,
Манбаи нур фаровон мешавад.
Аз фурўғи дидаи Роғуни мо,
Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Хулоса ба мардуми кишварам гуфтаниям, ки ....

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Дар ҷаҳоне, ки мо имрӯз зиндагӣ мекунем, ҳар намуд кашмакашиҳо байни мардум ва давлатҳо сурат гирифта истодааст, ки ташвишҳои нав ба нави сайёра гашта истодаанд. Яке аз муҳимтарин нофаҳмогиҳо, ин ҷанги иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни давлатҳо аст, ки мо имрӯз шоҳиди ҳол ҳастем.

Вой ба он миллате, ки ҷавононаш аз ин ҷангҳо хабар надошта ва дар ин ҷангҳо шикаст хӯрда, ба ватану миллати худ зарар оварда аз дунболи корҳои пучу хом гардида сармояҳои арзишмандро дар зиндагии худ аз даст медиҳанд. Имрӯз сайъ ва кӯшиш намудан лозим аст, ки чӣ чизеро бояд дӯст дошт? барои чӣ чиз бояд бештар фикр кард? барои чӣ чиз бояд бештар заҳмат кашид? барои кадом ҳадаф хасоратро таҳаммул намуд? ва дар охир барои чӣ ҳадаф ҷони худро қурбон кард? то ки ба мақсади худ ба зудиву осонӣ расид. Ба ҷойи ҷанг кардан мисраҳои шоирро ба кор бурдан лозим аст:

Одамон аз дӯсти ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба марду рӯзи сахт.

Каримов Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ ДИТ ба номи Имоми Аъзам–Абӯҳанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


[Ном: Аҳмадҷон]

Роғунда гап нест, зинда бод Тоҷикистони азиз.

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.