РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Дастовардҳо дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ

Қонуни танзим дар низоми қонунгузории муосир санади муҳиму саривақтӣ буда,дар радифи дигар дастовардҳои миллии даврони соҳибистиқлолӣ арзиши олӣ дорад. Зеро он бо беҳтар намудани вазъи зиндагии мардуми кишвар пояҳои  давлату давлатдориро низ мустаҳкаму устувор мегардонад. Муҳимияти ин қонун на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар мамлакатҳои минтақа , аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон низ дарк шуд   ва барои онҳо намунаи  ибрат гардид. Агар риояи талаботҳои  Қонуни танзим аз ҷониби сокинони кишвар як масъала бошад, паҳлуи дигар бетарафи  зоҳир накардан дар татбиқи ин санади  ҳуқуқӣ дар ҷомиъа аст. Бояд гуфт, ки қонуни мазкур бо тақозои  рушди ҷомиъа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда ,ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги милли ва эҳтиром ба суннатҳои  мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Ҷомиъа асоси давлат аст ва рушду пешрафти  соҳаҳои гуногуни кишвар  аз зиндаги ва фаъолияти ҳадафмандонаи ҷомиъа сарчашма мегирад. Ҳамин аст ,ки қонуни Ҷ\Т Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милли қабл. аз ба тасвиб  расиданаш нахуст  дар байни ҷомиъа мавриди муҳокима қарор гирифт ва танҳо  пас аз таклифу  пешниҳодҳои  мушаххас он қабул гардид. Бо бовари метавон аз натиҷаҳои ин қонун дар самти пас кардани сатҳи камбизоати миёни аҳоли ва рушди иқтисоди милли сухан кард. Аз њисоби кам намудани харољоти маъракањо ва пасандоз намудани маблаѓњо шањрвандони љумњурї имконияти бењтар намудани шароити зиндагиро ба даст оварданд. Сабабхои асосии ба чунини харҷотхои бо дабдабанок ва риёи руй овардани шаҳрвандон, аз паст будани маърифати дониши онҳо ва инчунин дур ва ноогоҳ будан аз таълимоти шариъат мебошад.Зеро дар тамоми маъракаҳои зикр шуда исрофкории аз  ҳади маъмул зиёд ба мушоҳида мерасид,ки тибқи дастуроти шариъати Ислом исрофкори худ яке аз гуноҳони кабира ба шумор меравад чи хуб мешуд  баҷои сарф намудани маблағҳои зиёд дар маросимҳои азодори ва дигар намудҳои он  мо ин маблағҳоро равонаи фақирону,ятимон ва маъюбон созем  ки ин амал сабаби хушнуд намудани Офаридгор мегардад.

Исрофкори аз нигохи Курони Карим

Худованд дар чандин оятҳои Қуръони карим дастур медиҳад,ки аз исрофкорӣ ва зиёдхарҷкунӣ худро дур нигоҳ дорем. Вожаи исроф танҳо ба маънои зиёдарави ва харҷи аз ҳад зиёд дар мавриди хурду нуш нест балки исроф дар вакт, исроф дар умр ва исроф дар мол ҳам бахше аз исрофкорӣ мебошад.Худованд мефармояд; дар сураи Аъроф ояти 31 (Бихуред ва бинушед вале исрофкорӣ накунед,,зеро ки худованд исрофкорхоро дуст намедорад) Пас маълум гардид, ки набояд дар хурду нўш зиёдравї намуд чунки ин амал боис мегардад мо аз раҳмати Худованд дур гардем.Бузургон мефармоянд: ҳикмат ин аст,ки бар асари исрофкори хатари аз байн рафтани неъмати худованд мегардад,зеро дар тули таърих касоне, ки дар зиндаги  исрофкор буданд ниҳоятан фақиру тангдаст шуданд.Дар мавриди касоне,ки дар умри худ ва нафси хеш зиёдарави намуданд худованд мефармояд: قُلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِن رَّحْمَةِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ (сураи Зумар ояти 53) Бигу эй Муҳаммад (с) эй бандагоне,ки бар ҷони худ исроф намудед аз раҳмати Аллоҳ ноумед нашавед,зеро худованд тамоми гуноҳонро меомурзад.Пас, аз ин оят маълум мегардад исроф дар умр ва нафс ҳам ҳаром мебощад, зеро умри инсон бузургтарин неъматест парвадигор насиби ӯ гардондааст.Ва як  амонати бузургест дар дасти инсон, бояд дар корҳое машғул созадаш ки бар манфиати худ ва ё ҷомиъа бошад.Дар ривояте аз Пёмбар (с) омадааст:Ду неъматест,ки аксари мардум нисбат ба ин неъматҳо беаҳамиятанд ки дар натиҷа фиреб мехуранд: яке сиҳату саломати ва дигаре фароғат яъне вактхои холи,набояд инсон вактҳои худро холи гузаронад ҳатман барномарези дар зиндагиаш дошта бошад то нашавад, ки вақти гаронбаҳои худро дар беҳудагӣ ва роҳҳои нодуруст сарф намояд .

Хулоса мо шукронаи онро мекунем, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардум Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» ќабул гардид ва мардум аз исрофи бењуда озод гардид, тўю маъракањо низ ба танзим дароварда шуд ва исрофкорї аз байн рафт.

Мудири кафедраи   «Ањодиси набавї»                       Ҳабибзод Р.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.