РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Баракати тинҷиву оромӣ
Яке аз бузургтарин неъмати Худованди тинҷиву оримӣ аст, ки инсони боимон бояд шукргузорӣ он зотеро намояд, ки ин неъмати бебаҳоро ба ӯ ато кардааст. Вақте шахс ба он зоте, ки ин неъмати бебаҳоро ба ӯ додааст шукр накунад рӯзе мешавад, ки ба ин ношукрии кардааш ҷавоб хоҳад дод, зеро ин неъматест, ки ба ҳар шахс муяссар намешавад.
Имрӯзҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ тафриқаангезӣ ва ифротгароӣ дар бисёре аз кишварҳои дунё дида мешавад. Мардум ғарқи афкори ифротӣ ва идеологияҳои таҳмилӣ, ба гурӯҳу фирқаҳои гуногун ҷудо шуда истода, яке дигареро ба пастиву душманӣ ва инчунин баъзеяшон дар ҳоле ки аз як халқу миллат ҳастанд, муқобили ҳамдигар меҷанганд. Ба гуфтаҳои боло панҷ нафар аз сарони гурӯҳҳои мусаллаҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо эътирозу норозигӣ ба назди додситонии ин вилоят ташриф оварда аз бегуноҳиашон даъво мекунанд дар ҳоле, ки худи онҳо ба саркардагони гурӯҳҳои муташакили ҷиноӣ ҳастанд, шуда метавонад. Ин ашхос аз беаҳамиятии баъзе аз кормандони давлат ва аз пойтахти давлат дур (яъне бо фикрҳое, ки ба онҳо ҳеҷ кас халалдор нест) будани ВМКБ истифода бурда, корҳои ношоямро нисбати халқ, кормандони давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ раво дида ба таври пинҳонӣ бо онҳо ҷанг эълон кардаанд.
Яке аз нишонаҳои зикргардида он аст, ки давлатҳои орому осударо ба харобазор табдил медиҳанд, монанди вабое, ки пеши роҳи онро гирифтан хело мушкил аст. Илова бар ҳамаи робитаҳои диннӣ, мову шумо шоҳиди он ҳастем, ки дар нооромиҳои давлатҳои ховари миёна асарҳои ифротгароӣ ва терорризм ба таври намоёну ошкоро дида мешавад, ин ҳам бо истифодаи силоҳи ғайрирасмӣ дар дасти ҷавонони нодон дар Бадахшон бошад дар дасти ҷавонони Бадахшон, ки тули чанд сол бо силоҳ дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои Бадахшон гашту гузор мекардаанд мебошад. Имрӯз ин ашхос болои гунаҳкор будан даъво карда овоз баланд мекунанд. Бояд гуфт, ки бо ин амалҳои кардаашон дар дунё назди қонун ва дар охират назди Худованд ҷавоб ҳастанд.
Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба мақсади таъмини тарзи ҳаёти солими ва амнияту тинҷию осудагии шаҳрвандон дар кишварамон ба муқобили муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир ва аслиҳаи ғайриқонунии дар дасти баъзе ашхосбуда муборизаи қавӣ бурда истода дар ин самти фаъолият ба муваффақиятҳои бузург ноил гардида истодааст. Талошҳои мақомоти қудратии кишвар дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа баҳри мубориза бо ҷинояткорӣ натиҷа бахшанда, мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус сокинони шаҳри Хоруғро зарур аст, ки муборизаи шадидро ба муқобили қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳар шакли зуҳуроти он ҳаматарафа мебояд идома дод ва дастгирӣ намуд.
Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тоҷиронро ба инсофу виҷдон, имон даъват мекунем, зеро ки Худованди бузург дар сураи “Аъроф” ояти 157 мефармояд: “онон, ки аз ин расул, ин паёмбари уммӣ, ки номашро дар Тавроту Инҷили худ навишта меёбанд, пайравӣ мекунанд — он кӣ ба некӣ фармонашон медиҳад ва аз ношоист бозашон медорад ва чизҳои покизаро бар онҳо ҳалол мекунад ва чизҳои нопокро ҳаром ва бори гаронашонро аз дӯшашон бармедорад ва банду занҷирашонро мекушояд. Пас касоне, ки ба ӯ имон оварданд ва ҳурматашро нигоҳ доштанд ва ёриаш карданд ва аз он китоб, ки ба ӯ нозил кардаем, пайравӣ карданд, аз ҷумлаи наҷотёфтагонанд!” ва боварӣ дорем, ки сохторҳои салоҳиятдори давлатӣ ба ҷойи пуштибонӣ ва ҳамдастӣ бо ин гурӯҳи хавфноки ҷинояткори фурӯши маводи мухадир ва аслиҳаи ғайриқонунӣ, ки дар вилояти Бадахшон чун тори анкабут реша давондааст, муборизаро барои ошкор ва мусодира намудану нобуд сохтани аслиҳа ба тинҷиву оромии мардум зараровар вусъат мебахшанд. Мо омодаем, ки дар решакан намудани ин ҷинояти мудҳиш бо сохторҳои давлатӣ ҳамкории самарабахшро густариш диҳем.
Шахсони нохалаф, Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев, ки чандин сол ба қонуни халқу давлат, худ итоат накарда, аслиҳа ва маводи ғайриқонуниро ба давлат супоридани нестанд, ки мувофиқи қонун дар назди давлату ватан, ва халқу миллат ҷавобгаранд, бе ину он ба ҳабс гирифта шаванд. Зеро қонун барои ҳама як аст ва надонистани қонун аз ҷиноят пинҳон шуданро нашояд.
Мо дар замоне ва шароите зиндагӣ мекунем, ки дониши мардуми ҷаҳон густариш ёфта ҳар рӯз пешравӣ дар илму техника дида мешавад, ки барои иҷрои амали номатлуб низ ҳар роҳҳою намудҳои гуногун пайдо шуда истодаанд. Яке аз онҳо шабакаи умумиҷаҳонии интернет мебошад, ки истифодабаранда, ҳар рӯз корҳои худро дар руй ҷаҳон пешкаш карда истодааст. Ин пешравиҳо барои иҷоди чизе талаби меҳнату заҳмат намехоҳанд,
Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кӯшиш ба харҷ диҳем, то фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа, билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки ба тақлидҳои кур-куронаи гурӯҳҳои ифротию террористӣ дода нашаванд. Вазъияти фазои динии ватанамон, хусусан Бадахшон ба ҳамагон маълум аст, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама як оила буда, ба муқаддасоти динӣ фарҳангӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром гузоштан амал намоем.
Каримов Иноятулло, устоди кафедра «Улуми қуръон» ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.