РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Асари афкори шум дар Тоҷикистон
Имрӯз дини поки ислом рӯзҳои сахтеро аз сар мегузаронад. Чаро ки душманону дӯстонаш баробар бо ӯ меҷанганд. Ба ислому мусулмонон ҳеҷ раҳме карда намешавад. Бисёр нангин ва нигаронкунанда аст, ки қисме аз мусулмонон бо душманони ислом ҳамкорӣ намуда, чунин рӯзҳои сахтро ба сари мардуми мусалмон оварданд.
Боиси таассуфи зиёд аст, ки фарзанди инсон аз падару модари хеш нофармонӣ кунад, аз шахсе умеди ёрӣ ва кӯмак дорад, ки худи онҳо дар нафси худ кумак карда наметавонанд, балки онҳо сабаби маҳву нобудии худашон мегарданд. Бинобар ин балоҳою мушкилот аз ҳар тараф болои аҳли ислом зиёд шуда, душманӣ ва нотавонбинӣ муҳити исломро фаро гирифтааст ва аз гушаи сарзамини исломи марг сар баланд кардааст. Дар ин ҳолатҳо шахсе устувор мемонад, ки мисли кӯҳ ақидаю имони маҳкам дорад, ки ӯро бод бар осмон монанди хасу хошок намепаронад. Танҳо сипари ҳимояи ӯ имони ӯст, ки фитнаҳои охирзамон ӯро ғарқ намегардонад ва имони ӯ, ӯро ба соҳили мурод, ба оромию рушноӣ ва зиндагии оромбахш мерасонад. Бояд ба ақидаи худ сахт чанг зад, ки ҷуз имон роҳи гурез аз ин балою мусибатҳо роҳи дигаре вуҷуд надорад. Дар ин маврид ҳадисе аз Паёмбари ислом (с) ба ёд мерасад, ки ба Абӯзар (р) гуфт: “Э Абӯзар! Киштиро маҳкам бигир, зеро дарё чуқур аст, тушаи бисёр омода кун, зеро сафар тулонӣ аст ва дар корҳоят ихлосро пеша кун, зеро ҷудокунандаи хубӣ аз бадиҳост”.
Сардамдорони ислом аз аввал мутавваҷеҳи хатари бузурги бидъат дар дин буданд, аз ҳамин ҷиҳат китобҳо, рисолаҳое, ки аз аҳамияти илмӣ бархӯрдор аст, зиёд навиштаанд. Уламо дар бораи бидъат чунин гуфтаанд: бархе аз онҳо бидъатро дар муқобили суннат қарор додаанд ва бархе дигар бошад, бидъатро ба сурати ом ба ҳар чизи наве, ки пас аз асри Паёмбар (с) ба вуҷуд омадааст, гуфтанд. Шояд беҳтарин ва комилтарин таърифи бидъат дар истилоҳи шариъат ҳамин бошад: ба ҳар роҳу равиши нав пайдо дар дин гуфта мешавад, ки бо фармудаҳои шариат монанд буда, ба қасди ибодату савоб ва наздик шудан ба Худо анҷом дода мешавад.
Баъзеҳо бидъатро ба ҳасана (кори нек, амали хайр) ва қабиҳа (зишт) тақсим кардаанд, ки далели шаръӣ надоранд, зеро бо оёти Қуръон ва ривоёти саҳҳеҳи Паёмбар (с) мухолифат дорад.
Бояд донист, яке аз масоили аслие, ки донистани он воҷиб аст, эътиқод доштан мебошад ва имон бидуни он комил нахоҳад буд. Ин аст, ки ислом дине аст, ки Худованд бунёни онро маҳкам ва комил намудааст, ки дигар муҳтоҷи сохтори наве намебошад. Худованд дар сураи “Моида”, ояти 3 мефармояд: “Имрӯз дини шуморо ба камол расонидем ва неъмати худро бар шумо тамом кардем ва исломро дини шумо баргузидем”.
Ба Паёмбар Муҳаммад (с) лозим буд, ки ҳаққи рисолаташро адо карда ва бидуни каму кост исломро ба мардум бирасонад ва бе шак, ки Паёмбар (с) ин корро анҷом додааст ва агар намекард, рисолаташро нарасонда буд (дар ҳоле, ки чунин нест) ва Паёмбар (с) низ бо дини Худоро комил кардан, ки ниёзе ба афзудани он нест. Худованд ва муъминон ба ин ҳақиқат гувоҳӣ додаанд ва гувоҳии Аллоҳ кофист. Паёмбар (с) дар ин маврид мефармояд: “Хеҷ чизе аз дастуроти Худовандро нагузоштаам, магар ин ки шуморо ба он амр кардам ва ҳеҷ (наҳӣ) мамониъати илоҳиро нагузоштаам, магар ин ки шуморо аз он манъ кардам”.
Агар афзудан ба дин ва кам кардан дуруст бошад, дар натиҷа бидъатгузор ба забони ҳол гӯяндаи ин аст, ки шариат комил нашуда ва чизе боқӣ мондааст, ки ба он афзуда шавад. Аммо ҳар кас бовар кунад, ки дин аз ҳар ҷиҳат комил аст, ҳеҷ навоварӣ намекунад, чизе ба он намеафзояд ва ҳар кас ба хилофи ин боварӣ дошта бошад, ба иттифоқи аҳли суннат аз роҳи рост каҷ шуда, гумроҳ шудааст. Бидъатгузор худро шабеҳи шореъ (Худованд) қарор медиҳад, зеро Худованд шариатро фиристода ва аз бандагон хостааст, ки онро иҷро кунанд ва ба ихтилофоту кашмакашҳо худро овора насозанд.
Агар қонунгузории шариат ҳаққи махлуқот ва дар дасти онон мебуд, Худованд қонуни шариатро намефиристод, Паёмбаронро намефиристод, бо ҳамин фаҳмида мешавад, ки шахсе дар дин қонунгузорӣ кунад, яъне дар дин каму зиёд кунад, худашро шарики Аллоҳ таоло медонад, ки ин шак овардан, дарвозаи ихтилофро боз карда ва бо Худованд дар қонунгузорӣ ба рақобат пардохтааст. Он чи гуфта шуд, фаҳми пеш гузаштагони мо мусулмонон аст. Имом Шофиъӣ мегӯяд: “Ҳар кас дар шариат навоварӣ карда ва онро хуб шуморад, ӯ дар ҳақиқат шариати наве сохтааст”. Имом Аҳмад мегӯяд: “Эътиқод ва роҳу равиши мо ин аст, ки ба асҳоби Паёмбар (с) пайравӣ кунем ва ҳар навоварӣ (бидъат)-ро тарк намоем зеро ҳар як бидъат гумроҳиву торикӣ ва куштору хунрезист”.
Бидъат (навсозӣ дар дин) дарвозаҳои ихтилофро ба ҳар тараф боз мекунад ва ҳар шахс равиши номатлуберо дар ислом биёварад гунаҳгор аст ва шахсе, ки ба он амал кунад ҳар ду баробар гунаҳгоранд, зеро роҳнамои амали бад ҳаммонанди анҷомдиҳандаи он аст. Болотар рафтан аз хайр хайр нест, зеро ҳар вақт ва ҳар чиз аз ҳади худаш бештар шуд, баракс мешавад. Мисол: ҳар гоҳ шуҷоат аз ҳад бигузарад, инсонро дучори гирифторҳои бисёр бад мекунад, ки ба зарари хешу наздикони худ даст мезанад ва агар аз ҳади худ камтар шавад, ба тарсу буздилӣ бурда мерасонад. Агар саховат аз ҳад гузарад ба исрофу риёкорӣ бурда мерасонад ва агар аз ҳад камтар шавад ба бахилӣ мебарад, бинобар ин беҳтарини корҳо миёнаравист.
Касоне ки мегӯянд, бидъати ҳасана аз дин аст, агар хуб андешида бинанд, он шаку гумони бадашон дар дини ноб ғайр аз балою гирифторҳои зиёд ва ошубҳову нотинҷӣ ҳам дар дин ҳам дар дунё чизи дигаре нест.
Шинохти бидъату бидъатгарон ва фитнагарон воҷиб аст. Зеро Паёмбар (с) фармуданд: “Тамоми бидъатҳо гумроҳиянд ва поёни ҳама гумроҳиҳо оташ (азоб) аст”. Аз ин фармудаи Паёмбар (с) фаҳмида мешавад, ки шинохти бидъат (дар дин) ва дурӣ аз онҳо воҷиб мебошад. Чуноне, ки ҳакиме мегӯяд: “Шарро (бадиро) шинохтам, на ба хотири (бад) буданаш, балки ба хотири ҳифзи худ аз он, ҳар кас хайрро аз шар ҷудо накунад, ба доми он гирифтор мешавад”.
Хатари навсозиву ифротгароӣ дар дин ва дунёву охират, ин аст, ки аъмолашон радшуда аст. Паёмбари ислом мефармояд: «Ҳар кас дар дини мо чизе, ки аз мо нест, биёрад, мардуд (радшуда) аст». Бародарон, бояд донист, ки навоварию навсозӣ дар дини мукаммал аз бадтарин гуноҳост ва роҳ ба сӯӣ куфр аст, ки аз ин динсозону ифротиён ҷудо шуда, аз онҳо дурӣ бояд ҷуст. Қатъи робита бо онҳо намуда, амалҳояшонро мункар бидонем. Худованди таоло дар ин маврид дар сураи “Оли Имрон”, ояти 105 мефармояд: “Ба монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф (зиддият) варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург (дар қиёмат) хоҳад буд”.
Имом Шотибӣ мегуяд: “Гуруҳи наҷотёфта (аҳли суннат) амр шудааст, ки бо навоварону навсозон ва ифротгарон дар дин душманию мухолафат кунанд ва бо онҳо ҳеҷ гуна робитаи дустӣ накунанд ва аз ҷангу куштор ва таркишу харобкорӣ пешгирӣ намоянд. Олимони ислом моро аз ҳамроҳию ҳамнишинӣ бо онҳо барҳазар доштаанд ва ин дурӣ нишонаи танаффуру безорӣ аз ДИИШ-иҳо ва наҳзатиҳо мебошад. Ин дар хусуси он афроде аст, ки бо ин амалҳояшон аз мардум дурӣ меҷӯянд ва худро ҳақ гуфта, дигаронро кофиру гунаҳгор мешуморанд, ба ҷангу харобкорӣ бармехезанд.
Ин дин дар нафси мардуми мусулмон чунон ҷойгир шудааст, ки душманону кинадорони худро ҳайрону саргардон сохтааст ва ҳеҷ ойне ғайр аз ислом дорои ин хусусият нест ва ин хусусият дар ягон таълимоти динӣ, ғайр аз динӣ ноби ислом ёфт намегардад. Лекин душманони ин дин аз дохили худашон бо таҳрифи Қуръону суннат мардуми худро гумроҳ намуда, ҷангу ҷидол ва душманиро байни бародарони худ эҷод менамоянд ва ин барои душманони беруна дастаке барои ғасби миллату сарзаминҳои аҳли исломи ноб.
Ин дин дорои чунон барномаҳое аст, ки хайри дунёву охиратро бо ҳам гирд оварда, зиндагии мардумро бо як роҳи хуб дар танзим даровардааст. Ягон даре аз дарҳои хайр нагузошта, магар ин ки мардумро ба он ташвиқ карда, калиди онро дар дасташон надода бошад.
Дар охир гуфтаниям, ки имрӯзҳо фикрҳои номатлуб дар сари баъзе аз шаҳрвандон дар ватани азизи мо Тоҷикистон ҷой доранд, ки мардумро ба роҳи ғалат мебаранд. Ин маҳсули афкори як гуруҳаке тундрави мусулмонкуш ба номи “Давлати исломӣ” мебошад. Ба мардуми шарифи Тоҷикистон расониданиям, ки мо бояд чунин фаолиятҳои номатлубе, ки барои ноором кардани диёри мо ҳаракат дорад ва мехоҳанд воқеаҳои хунини асрҳои гузаштаро такрор намоянд, маҳкум намоем ва нагузорем, ки ин дасисаҳо бори дигар ба сари миллату давлати мо сояафкан гардад.
Каримов Раҳим, Декани факултети филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.