РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Роғун натиҷаи сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ

Ҳар як бино пояи асосӣ дорад, пояи асосии мардуми мусулмон, хусусан Тоҷикистон, муҳаббату дӯстӣ ва эҳтироми якдигар мебошад. Дӯстию бародарии ҳар шахс дар шинохту ошноӣ бо ӯст. Бинобар ин, банда хостам, ки ҷиҳати ошноӣ ва дӯстиву рафоқат байни мардуми Тоҷикистон ба хусус ҷавононамон пеш аз ифтитоҳи  агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун  қатрае иншо намоям, то ки ин миллат, ин рӯзро чандин солҳо мунтазир буданд.

Пешрафту тараққиёти ҳар миллат дар кӯшишу заҳматҳои ҷавонмардони ӯст, ки дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олӣ ва ормонҳои баланди деринаи хеш аз ҳар машаққату заҳматҳо чашм пӯшида, вазниниҳоро пушти сар мекунанд, то давлату миллати худро ба иззату обрӯи баланд расонанд. 

Ба ҳама маълум аст, ки як коре бисёр мушкил  ва муҳим, назди баъзеҳо мубҳам аст, ки мешавад ё не. Вақте хабар шавад, ки ҳамон кори бисёр муҳиму олӣ барои як миллат дар давлат барпо шуда истодааст, ин хабар бисёр хабари хуш аст. Чунин хабар барои мардуми минтақа то набинад, ба чашми сар бовар намекунад. Имрӯз мо мардуми Тоҷикистон дар ҳамон лаҳзаҳо қарор дорем, ки аз ҳар тараф шунида мешавад, ки агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун ба кор медарояд, ҳама мардуми мо аз хурсандӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти дуо боло карда, ба гузаштаву ояндааш аз Холиқи якто раҳмату мағфират мепурсанд, зеро Ҷаноби Олӣ амалеро анҷом доданд, ки хеле муҳим ва ин миллат дар фикри он хаста шуда буданд. Дар даврони кашмакашҳои сиёсиву иҷтимоӣ, ки солҳост дар байни мардуми ҷаҳон идома дорад, ба пешрафту рушди иқтисодиёти ватанамон диққати ҷиддӣ дода тамоми қувва ва имкониятҳоро сафарбар намуда, чунин як нерӯгоҳи азимро, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад сохта ба истифода додан худ як қаҳрамонӣ аст.

Акнун як чизи дигарро низ ёдрас шудан айни муддаҳост, ки халқе, ки аз пайи меҳнат асту марде ки дар фикри миллат аст, баъзе аз кӯрсаводон, чалласаводон, душманои миллат дар чунин ҳолат тавассути шабакаи интернетӣ суханони носазоро нисбати ин миллат ва сарвари он раво медонад. Чунончи дар ин давру замон фикру ақидаҳо бисёр зиёданд. Баъзеҳо ба ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиш барои тамоми мардуми Тоҷикистон даъват ба амал менамоянд. Аммо баъзе гуруҳҳои дигаре ҳастанд, ки бо хабарҳои ҷаълӣ ва фитнаангез ҷавонони моро, ки аксарияташон аз сиёсат бехабаранд гумроҳ намуда, ақидаҳои онҳоро заҳролуд менамоянд. Ин чӣ маънӣ дорад? Ҳамаи ин даъвоҳо пеши роҳи тинҷиву осоиштагӣ ва пешравию тарақиётро гирифта наметавонад. Душманон мутмаин бошанд, ки мардуми Тоҷикистон аз ҳар намуд бархӯрди ғайриахлоқӣ худро ба канора гирифта, талош ба сӯи ободиву созандагӣ доранд, ки ифтитоҳи чунин як агрегати бузурги нерӯгоҳи Роғун нишонаи он мебошад.

Рӯзҳо гузашт ва ин гузашта барои ҳамаи мардуми мо-тоҷикистониён дарси ибрат аст. Ҳар ғалате кардем, ин кардаи мо барои дигарон дарс аст, рӯзе нест, ки ман дар ин бора фикр накунам, ки мо ҷамъ бошем, сарҷамъ будани мо иқтисоди мо, қуввати мо, ахлоқи мо, афкори мо, ҳунару дини мо ва кулли фарҳанги мо аст.

Чаро ин пешравиҳо дар ҷумҳуриямон рӯ ба афзоиш аст? Ҳама дар дӯстиву сулҳу салоҳ ва муттаҳид будан бо Пешвои худ ҳастанд, ва мо нишонаҳои ин иттиҳоду ваҳдатро бараъло дар корзорҳои диёр бо чашми сар мебинем. Худовандро шукрона мекунам, ки ман имрӯз дар байни мардуми тинҷу ором ва дӯсту заҳматкаш қарор дорам, ки чанд сол пеш ман гирифтори тӯфоне шуда будам, ки дар байни тӯдаҳои вайронкорони роҳгумзада сарсону саргардон будам. Ҳар қадаре фикр мекунам, ғайр аз нобудию сиёҳӣ ва бесаранҷомӣ чизи дигаре ба чашмам наменамуд.

Дар дунёи кунунӣ тиҷорату саноат густариш ёфта, навовариҳои тозае пайдо шуда истодаанд, ки инсонро ба тафаккур водор месозад. Ҷавонони мо низ дар худ неруеро эҳсос мекунанд, ки бо ин эҳсосоти ватандустию ватанпарварӣ барои миллату давлати худ дар ҳар гушаи дунё, ба мувафақиятҳо ноил гардида истодаанд.

Имрӯз барои мардуми тоҷик давраи тиллоӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳимматбаландии худро исбот карда истодаанд. Ин миллат аз таърихи куҳан ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар пайи ободиву тинҷию оромӣ қарор дошта бошад. Роғун нерӯгоҳи бузурге аст, ки ба дилу ҷони мардуми шарифи Тоҷикистон ҷой гирифта ба зиндагии тоҷикон марҳам мебошад.

  Карим Раҳим, декани факултети филологияи Шарқ ДИТ ба номи Имоми Аъзам–Абӯҳанифа (р)


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.