РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Роғун ояндасози тоҷикон
Тоҷикистонам чароғон мешавад,
Манбаи нури фаровон мешавад,
Аз фурӯғи дидаи Роғуни мо,
Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад.
Ватанам Тоҷикистон - диёри зебо, сабзазору кӯҳсор ва дорои яке аз захираҳои ғании бузурги энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Ин имконияти бузурги энергетикӣ метавонад дар ояндаи наздик Тоҷикистонро нурафкан созад. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ чунин қайд намудаанд: “Роғун - манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод”. Дар ин ҷо низ таъкид бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил соҳиби захираҳои зиёди обӣ аст, ки аз ин неъмати Худованд мебояд оқилонаю сарфакорона истифода кард.
Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи бунёди силсилагиҳо, аз ҷумла Роғун дар Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 70 – уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, вале бо сабабҳои гуногун нотамом монд. Ин лоиҳа нерӯгоҳи обӣ-барқии Роғун ном гирифтааст. Роғун ном гирифтани нерӯгоҳи мазкур аз номи деҳа сарчашма мегирад. Роғун нангу номус ва ифтихори миллати мо аст. Роғун мо мардуми тоҷикро сарбаланд ва бо давлатҳои ҳамсоя пайваст месозад.
Сохтмони Роғун яке аз бузургтарин иншооти давру замон ба шумор меравад. Ин нерӯгоҳ аз якчанд паҳлӯ аҳамияти бузурги стратегӣ дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, кишварамон дар иқтисодиёт ба комёбиҳои беназир муваффақ мешавад. Аз нигоҳи сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад. Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама мақсади сарвари давлат ва тоҷикони кулли ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт. Бунёди ин иншоот барои ҳама гуна соҳаҳо фоидаовар мебошад. Зеро бидуни нерӯи барқ ягон соҳа пеш намеравад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки мо тамоми мардуми Тоҷикистон якдилона ин иқдоми пешгирифтаи сарварамонро дастгирӣ намоем. Итминони комил дорем, ки миллати соҳибмаърифати тоҷик ба ин кор қодир аст ва дар ин роҳ мо ҳатман пирӯз хоҳем шуд.
Қудрату шаҳомати нерӯгоҳи Роғун аллакай, дар хонаи дилҳо эҳсос мешавад ва хушбахтиву комёбии миллатамонро дар ояндаи наздик тасаввур менамоем. Ҳамаи инро хулоса карда, гуфтан мумкин аст, ки Роғун бунёд мешавад.
Сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ки онро Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон номидааст, оғозаш аз солҳои Шӯравӣ мебошад. Ба далели ҷанги шаҳрвандӣ, нарасидани маблағ ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ Ҳукумати Тоҷикистон натавонист, онро такмил диҳад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шурӯъ карданд.
Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,
Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.
Чун миллатро сарвари фархунда накӯст,
Ҳамфикрӣ зи иттиҳод падид омадааст.
Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу суханаш,
Имрӯз ҳама пиру ҷавон даст ба даст,
Созандаи ноби Роғуни ҳамватан аст.
Хулоса, бо бунёд гаштани иншооти Роғун ҳамчун нерӯгоҳи барқи обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато мефармояд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш низ мебояд ёдрас гардид. Ин кохи нур ҳамчун махзани гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан ҳамаи хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишот дар қалби ҳар яки мо ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ сар кашидааст.
Дар охир гуфтаниям, ки бародарони гиромии ман, аз Худо битарсед, чуноне ки ибодату парастиш ҳаққи Ӯст, Ӯро бипарастед ва шукри неъматҳояшро ба ҷо оред, ки подоши шукри Худо зиёдати неъматаш аст, аз ношукрӣ ва оқибати он эҳтиёткор буда, бо ҳазар бошед. Худованд шахсеро дӯст медорад, ки оқилу фаҳмида, доно, ростгӯ, шукргузор, вафодор бо Ӯ ва фиристодааш Муҳаммад (с) бошад. Худованд, ки Паёмбаронашро дӯст медорад, бо хубтарин ахлоқ зинаташон дода, пас касе дорои ин гуна ахлоқ бошад, бояд Худоро шукургузорӣ кард ва шахсе, ки дар он ин гуна ахлоқи некӯ нест, бояд ба Худованд тазарруъ карда, аз Ӯ талабу дархост кард, то ки монанди Паёмбараш Муҳаммад (с) соҳиби ин ахлоқи нек шавад. Худованд дар сураи “Анъом” ояти 53 мефармояд: “Ҳамчунин баъзеро ба баъзе озмудем, то бигӯянд: «Оё аз миёни мо инҳо буданд, ки Худо ба онҳо неъмат дод?» Оё Худо ба шукргузорон донотар нест?”
Аз ин гуфтаҳои Илоҳӣ фаҳмида мешавад, ки бардавомии неъмат ба бандагонаш бо шукгузории Холиқи он неъмат мешавад, зеро Холиқи он неъмат бандагонашро бо ин имтиҳони бузург рӯ ба рӯ кардааст. Бародарону хоҳарони азиз, ҳар чизе, ки дар зиндагии башарият ба вуҷуд меояд, ҳатман аз дидгоҳи ақл аз ду ҳол берун нест, дар ҷиҳати ислоҳу созандагӣ ва ростӣ ҳаракат мекунад ва ё ба акси он ба фасоду вайронӣ ва нашри ботилу хурофот дар байни мардум. Мо мардуми Тоҷикистон Худои таолоро бисёр шукргузорӣ мекунем, ки аз ин бадбахтиҳо наҷот ёфта, рӯ ба сӯи ислоҳу созандагӣ равонаем, ин на фақат аз дидаву фаҳмиши худамон, балки аз гуфтори инсонҳои оқилу донои ҷаҳон, ки мо мардуми тоҷик аз ҳар намуди ихтилофҳо наҷот ёфта, рӯ ба сӯи ободӣ рафта истодаем, ҳадди ақал ба тарафи ақиб, яъне фитнаву вайронии солҳои ҷанг ҳаракат надорем. Ин ҳама кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо мардуми шарифи тоҷикро ба тарафи пешравӣ бо суръати хубу тез раҳнамои мекунад ва мо дар якчанд фисади ин роҳамон муваффақ шудаем. Ба шумо, азизони дил гуфтаниям, ки иҷрои ин корро ба шумо мегузорам, ки шумо ҳам дар ин пешравии ватану давлати азизи худ ҳамроҳ бошед. Ҳамчун лозиму ёдоварист, ки ин фикру гуфтаҳои ман ба ягон ҳизбу созмоне ва ё ташкилоте тааллуқ надорад ва ҳадафи он расондани қарзи худ, ки он ҳам бошад пешравию тинҷии давлати мо тоҷикон ва тинҷии бардавоме, ки мо чандин сол орзу доштем, мебошад.
Каримов Иноятулло, устоди Кафедра «Улуми Қуръон» ДИТ ба номи Имоми Аъзам –Абӯҳанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.