РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Вокуниш бо номи “Бӯй аз тобут“ аз номи 1000 нафар донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар ҳошияи баромади Кабирӣ дар шабакаҳои интернетӣ ва вокуниш
Вокуниш бо номи “Бӯй аз тобут“ аз номи 1000 нафар донишљўёни Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуњанифа Нуъмон ибни Собит дар ҳошияи баромади Кабирӣ (ба гуфти худи онҳо раиси ким-кадом як паймони миллӣ) дар шабакаҳои интернетӣ ва вокуниш алайњи ашхос ва гуруњњое, ки нисбати халқи тоҷик, нисбати Ҳукумати Љумњурии Тољикистон ниятњои бад доранд.
Худованди мутаол дар ояти 18-и сураи Зумар мефармояд: “шахсе ки суханро мешунаванд, пас ба некўтарини он пайравї менамоянд! Он шахсон шахсоне ҳастанд, ки Худо онњоро њидоят кардааст; ва соњибхирадон њамонњо мебошанд”.
Пас барои мардуми шарифи Тољикистон, хусусан нављавонон аз ин оят маълум мегардад, ки сухани њар шахсеро шунида ва аз он хубтарин ва муфидтаринашро ихтиёр карда амал намоянд. Ваќте аз бадхоње сухане шунид ва дар њаќ ва ботил будани он фањме наёфт, дарҳол ба ояти Ќуръонии дар боло зикргардида бояд амал кард, то ки ба фитнаву дасисањои ЊНИ, гуруњи 24, ДИИШ, Ансорулло, Толибон, Њизб-ул-тањрир, кадом як гуруњ, ќисм ва созмону ким-кадом анљуманњои номаълум барин гумроњкунандагони халќи Худо наафтанд.
Роҳбари душманони халқи тоҷик Кабирӣ бошад, аз ҳама оқилу донои як равияи тундрави дигар “Созмони паймони миллии Тоҷикистон” (номаълум бо ки паймон бастааст) тайи якчанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои интернетӣ ба таври мустақим бо мардуми тоҷик барномаи суолу ҷавоб ташкил карда, баромадҳо гузаронида истодааст... Ба фикри Шумо кӣ бо вай паймон бастааст? ки бо вай сухани хуб мегуфта бошад? Якчанд нафар ҳамфикронаш вассалом... Аз он наор каме тамошо карда ба хулосае омадам, ки Кабирӣ саволҳои манфиатовар ба худ ва ҳаммаслаконашро ҷавоб мегуяду бас! Кабирӣ дар аввали суханрониаш ба мардум бо лафзи “ҳамдиёрон” сухан гуфт... мо тоҷикистониён чунин ҳамдиёр надорем, ҳамдиёронат ҳамроҳи ту дар (чи тавре ки шумоҳо талафуз мекунед) “урупо” ҳастанд. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки Кабирӣ доим аз номи халқ ва миллати тоҷик ба манфиати худ, манфиати шахсони сарпарасти худ ва манфиати ҳизби худ, ба манфиати ҳаммаслакони худ аз минбарҳои гуногуни аврупо баромад карда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, халқи қаҳрамони тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ паст зада истодааст. Ҳар як шахс ба ягон шахси дигар гӯш надода, бо зеҳни худ фикр карда барояд, ки вақте аз хориҷи кишвар ба сӯи халқу ватани худ суханҳои носазо мегӯӣ, аҳволи мардуми тоҷик чи мешавад? Аз аҳволи халқ фикр намекунӣ? Оё мумкин аст, ки ҳарчанд зарар аз ватани худ дида бошӣ ба ватани худ бояд хиёнат намоӣ!? Ин бо баҳонаи кайк пӯстин оташ задан аст. Баъзе аз ҳаммаслакони Кабирӣ мегӯянд, ки Кабирӣ оқилу доно буд. Канӣ ҳамон оқилиаш? Канӣ ҳамон доногиаш? Кабирӣ на дар дини ислом ва на дар корҳои дунявӣ илми кофӣ, саҳеҳ надорад. Агар каме ҳам ақлу идрок, хулқу одоби тамиз медошт аз чунин корҳои сафсата даст мекашид ва чун ободкорӣ карда наметавонӣ, ҷазир макун рафтор ҳамекард. Аз суханони талабаи синфи сеюм маълум шуд, ки Кабирии оқилу доно Мулло Абдураҳимро бо “як қасами тоҷикӣ, касами занталоқ” гунаҳкор карданӣ шуд.Оё ин савод аст? Аз даҳони шахси босавод ҳеҷвақт чунин сухан намебарояд, ҳатто дар хоби шаб.
Ањли низоъ ва ањли бадхоњ бо маќсади бадашон дар назди Худо шунида намешаванд, њатто бисёре аз аимаи кибор фитнагаронро гўш намекарданд, агар Ќуръон њам хонанд, он шахсиятњо соњибилму соњибмаърифат њам бошанд, њаракат менамуданд, ки аз он дурї љўянд. Барои мо мардуми Тољикистон хусусан љавонон бояд, ки аз чунин ашхоси тақалубкори манфиатҷӯ дурї љуст, то ин ки ба њар наѓмаву сирру асрор ва њилаву найранги аҳли урупокабириҳо аз тинљиву оромї ба нооромї ва аз пайравии дини њаќ ба залолат нараванд. Агар буйи он беномусу беватанон, љангљўён, ватанфўрушон ба машом расад, яъне баъзе аз шањрвандони дохилии мо бо онњо робита доранд, супоришњои онњоро дар Тољикистон иљро менамоянд, агар мо аз он пайхас гардем бо он дўст ва ё рафиќ дигар рафтуомадро қатъ намуда, боз њам бояд дурї љўед. Чуноне, ки мегўянд:
Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст,
Бо дўст набоядам дигар бор нишаст.
Бигрез аз он магас ки бар мор нишаст,
Парњез аз он шакар, ки бо зањр омехт.
Чунин шањрвандони дохилии мо, дар навбати худ аз тарафи маќомоти дахлдори Љумњурии Тољикистон мавриди таъқиб ҳастанд ва онҳоро хиёнаткорони дохила “предатель” меноманд, ки ба манфиати хољагони худ аз беруни љумњурї супориш мегиранд. Чунин ашхос умри дароз надоранд. То барраси шудани парванда дар озодӣ мегарданд. Ин тоифа мардум бо фиребу њилањояшон машњур бо он шудаанд, ки байни мардум ќироати Ќуръони Карим мекунанд ва аз шариати Ислом суњбате ороста далелњо меоранд, лекин агар ба иршодоти Паёмбар (с) ва асњоби киромаш назар кунем, лозим меояд, ки аз ин тоифа мардуми низоъсозї ватанфўруш боз ҳам дурї бояд љўст.
Имрӯз ходимони оқилу, доно ва аз ҳама босаводу аҳли интелегенсияи ҲНИ (Кабирӣ, Шонаимов ва ғайра) дар хориҷа бо сардории хољагони хориљии худ мехоҳанд, ки гурӯҳҳои тундраверо аз ҷавонони мо ба миён оварда ҳамон амалҳои террористиву экстремистии солҳои 90-ум содиркардаашонро боз ба миён оваранд ва кишвару миллати орому осударо ба майдони ҷанги абарқудратҳо табдил диҳанд.
Тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини куштору даҳшатафканиҳои гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави кишварҳои мусулмонӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд. Аз он ҷумла баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ оромии кишварамонро дида, тинљию осудагии мардумро намехоҳанд ва аз рӯи кинаву ќудрат бо маблаѓи бегона ва манфиатҳои шахсии худ вазъияти кишварро бо бањонањои риоя нашудани шариати ислом, ноадолатӣ, ҳуқуқи башар, демократия ноором карда, вазифа љому тахт, ва њубби дунё мехоњанд ба даст оранд. Њолон ки дар Љумњурии Тољикистон, дар фазои сулњу осудагї, тинљию амонї, намозхонї озод буда, дар намозњо, на танњо дар намозњои панљваќта балки дар намозњои љумъа низ тамоми табаќањои мардуми тољик, аз он љумла кормандони давлатї, мењмонони хориљи кормандони сафоратњои давлатњо, инчунин баъзе аз миллатњои дигари муќими Тољикистон низ намозњояшонро мехонанд. Ќонунњо вобаста ба шариати ислом (ЌЉТ Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњои миллї, ЌЉТ Дар бораи таълиму тарбияи фарзанд ва ѓ.) тањия шуда, ба амал бароварда шудааст, ки ин ҳама дар ҳошияи шариати ислом мебошад.
Матлабе, ки дар як нишасти ЊНИ гуфта шудааст, иттињоди мухолифони давлат бар зидди Њукумати Тољикистон мебошад. Бояд ќайд кард, ки ин фикри онњо хатост, њељ њаќиќате надорад ва роњи њал њам надорад. Баръакс мардуми шарафманди тољик дигар бо он њизб ё афроде, ки ба муќобили давлату њукумати феълии Тољикистон мухолифат мекунад, бовар надоранд, зеро як бор самараи фиреби ин гуна ашхосро дар зиндагии худ дида ва чашидаанд. Љумњурии Тољикистон дигар он давлати кўчак ва баъди навистиќлолї заиф буда он нест. Фикрњои пучу хоми “иттињоди мухолифони давлат бар зидди Њукумати Тољикистон” будаатонро аз зењн дур кунед. Шумо бар зидди Њукумати Тољикистон њастед? Аз ин ҷо маълум мешавад, ки шумо бар зиди халќу ватан ва мардуми тољик њастед. Вале халќи озодихоњи кишвар инро намепазирад. Чунончи гуфтаанд:
Њар ки бо душмани халќ равон аст чу бањр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад.
Як нуќтаро ба гуши маќомотњои ќудратии мамолики Аврупо расониданием, ки кишварњои аврупої Фаронса ва Белгия аз ин пеш дар бораи њизбу њаракатњои дар ниќоби “ислом” айнан њамин тарз рафтор мекарданду онҳо дар остонаи дари худ роҳ доданд аммо маќомотњои ин кишварҳо то он лањзае, ки аз кирдорњои террористии чунин афрод љони садњо нафар шањрвандони бегуноњи худро аз даст доданд, ба хулосае омадаанд, ки хатои бузург ва љиддї кардаанд. Пас аз ин Њукумати Фаронса ва Белгия оќибати онро дарк намуда, барои нест кардани ташкилоти террористии «Давлати исломї» куввањои худро равон намуда, дар кишварњояшон нисбати чунин экстремистон чораандешї намуданд, ки алакай дер шуда буд. Дерӣ дар чи буд? “љони садњо нафар шањрвандони бегуноњи худро аз даст доданд”.
Мухолифони Давлати ҷавони тоҷикон аз кашмакашњои солњои 90-ум ташкилкардаи худ ибрат нагирифта, боз мехостанд миллати тољикро оғуштаи хуну пароканда аз ватан кунанд. Дар мисоли ин Њољи Њалим, ки ба “њољї” гуфтанаш забони кас намегардад ва боз бисёр чунин “њољиён” дар Тољикистон њастанд, ки дар навбати худ яке аз пайравону тарафдорони ЊНИ буда мехостанд, ки бо макру њиллаи душманонаи миллат боз дубора ин мардумро дар соли 2015 ба шуру ѓавѓо ва бесаранљомї бурда расонанд. Вале бо ин афкори пучу хомашон ба њадафи хољагони хориљии хеш нарасиданд. Хушбахтона мардуми тољик имрӯзҳо дорои мафкураву идроки васеъ ва љањонбинии равшан гаштааст, ки ба њељ гуна дасисањои душманон гӯш намедињанд.
Аз Абусаиди Худрї (р) ривоят аст, ки гуфт: Њангоме ки мо назди расули Худо (с) будем ва ў моли ѓаниматро миёни мардум таќсим мекард, ногоњ Зулњувайсира омад. Ў марде аз банни Тамим буд, пас гуфт: Эй расули Худо (с) адолат кун, расули Худо (с) гуфт: Вой бар ту, ки метавонад адолат кунад модоме ки ман адолат накунам. Пас Умар (р) гуфт: Эй расули Худо (с) иљозат дењ то ӯро адаб дињам. Расули Худо (с) гуфтанд: Ӯро бигзор, албатта барои ў пайравонест, ки мо ибодатњои худро дар баробари ибодатњои онњо ва рўзањои худро дар баробари рўзањои онњо ночиз мешуморем. Эшон Ќуръонро тилловат мекунанд, вале Ќуръон аз хулкуми онњо намегузарад (яъне: ба Ќуръон ањамият намедињанд ва ба он амал намекунанд) аз дин хориљ мешаванд, њамчунон, ки тир аз камон рањо мешавад».
Инњо касоне њастанд, ки дар замони хулафои рошидин низ чунин фитнаву ошубњо меандохтанд. Расули Худо (с) сароњатан аз њоли эшон хабар додаанд. Чунончи аз Алї ибни Абутолиб (р) ривоят аст, ки гуфт: Аз расули Худо (с) шунидам, ки мефармуд: «Дар охири замон гуруње пайдо мешаванд, ки наврасу нављавон, камаќл ва камфањманд, бењтарин суханонро мегўянд ва Ќуръон мехонанд, вале аз њулкумашон поён намегузарад. Ба иллати сахтгирї ва тундравї аз дин хориљ мешаванд, њамчунон ки тир аз камон рањо мешавад, пас ваќте ки бо онњо рў ба рў шудед, эшонро ќатл намоед, зеро дар ќатли онњо барои шахсе, ки онњоро ќатл мекунад, назди Худо дар рузи ќиёмат аљр аст».
Тоифаи хавориљ дар замони Хулафои рошидин (р) барои амали кардани фитнаву дасисањои худ ба њама роњу воситањо чанг мезаданд, то ин ки ба њадафњои шуми худ бирасанд. Лозим ба ёдоварист, ки онњо дар замони хилофати Усмон (р) алайњи ў тавтиа намуда, уро њангоми тилловати Ќуръон ба шањодат расониданд. Дар замони хилофати Умар (р) яке аз намояндагони Хавориљ бо сардории Абдурањмон ибни Мулљам аз љониби халифа Умар (р) ба њайси бехтарин муфассири Ќуръон ба тарафи Миср фиристода шуда буд, ки дар ибтидо мардум ба ў ањсан мегуфтанд.
Дар замони кунунї ашхосе, ки дар кишварњои арабии Сурия, Ироќ, Яман, Лубнон, њатто дар кишвари Афѓонистон ва Тољикистон акнун аврупо ќадам карда дар дурӣ аз кишвар, иддио мекунанд, ки «адлу адолатпешагї дар ин кишварњо вучуд надорад», пайравони хавориљ ҳастанд. Аз љумлаи яке аз онњо дар Тољикистон Кабирї ва њаводорони у Мулло Абдуллоњи Каротегинї, Њољи Њалим Назарзода ва дигарон мебошанд.
Бояд гуфт, ки ин тоифаи хавориљ ба Паёмбари Худо Муњаммад (с) туњмати «беадолатї» зада, ба асњоби ў ќатлу хунрезиро раво дидаанд, пас чигуна мумкин аст, ки ин тоифа нисбати халќу ватан ва Њукумати Љумњурии Тољикистон, Сардори давлат, Ќањрамони халќи тољик, Асосгузори сулњу вањдати миллӣ, Пешвои миллат, Роњбари тољикони љањон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти давлат муњтарам Эмомалї Рањмон чунин туњмат раво набинанд. Мо љавонон-донишљуёни Донишкадаи исломии Тољикистон аз ғамхориҳои Президенти Љумњурии Тољикистон миннатдорӣ баён намуда, дар мушкилиҳои диннӣ баробари Президенти Љумњурии Тољикистон рост истода, ба њар як амалњои номатлуби шумо нокасон ояту њадисњои чигунаии ноњаќ будани шумобарин ашхосро нишон дода, амну субот, осмони софу беғубор аз ҷанги ҷидол ва марзу бум ватани азизамонро њифз менамоем.
Алома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Аз "кун"-и ў заҳр Кавсар мешавад,
Хайрро гўяд шаре, шар мешавад.
Эй зи одоби амонат бехабар,
Аз ду олам хешро беҳтар шумар.
Аз румузи зиндагӣ огоҳ шав,
Золиму ҷоҳил зи ғайриллоҳ шав.
Чашму гўшу лаб кушо, эй ҳушманд,
Гар мабинӣ роҳи Ҳақ, бар ман биханд.
Бояд зикр кард, ки дар навбати худ, дигар љавонони Тољикистон низ бояд њушёру зирак ва сипоњ бошанд, то ки душман (номард) бо њар роњу восита: њавасмандгардонї бо маблаѓ, бо овардани далелњо аз њадиси Паёмбар (с), ки шарњи онро ба манфиати шахсиии худашон нишон медињанд, тавассути шабакањои иљтимоии интернетии Facebook, Мой мир, Одноклассники, Instagram, Ютуб, Twitter ва ѓ. инчунин тавассути барномањои паёмакрасони: Vaiber, WeChat, WhatsApp, майл-агент, Imo ва ѓ. онњоро ба худ љалб карда, ин дунёю дунёи охираташро месўзонанд. Њамзамон дар шабакањои иљтимоии интернетї, барномањои телевизионии хориҷӣ ашхосе пайдо шудаанд, ки бо дархост ва талаби ашхосе «босаводони дини ислом» ба халќи тољик фатво медињанд. Мо донишљуёни Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуњанифа Нуъмон ибни Собит ба чунин ашхос иброз медорем, ки халќи тољик ба ќарору фатвоњои шумо муњтољ нест. Мо худ аз илмњои исломї бохабар буда, барои мо танҳо Қуръон ва аҳодис басанда аст. Дар Љумњурии Тољикистон барои фањмидани саволњои шаръи Кумитаи дин, танзиму анъана ва љашну маросимњои миллии назди ЊЉТ, Шўрои уламои динии ислом, Институти исломшиносї, дар њар масҷиди ҳар як ноњия сархатиб ва аъзоёни ў дар охир Донишкадаи исломии Тољикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуњанифа Нуъмон ибни Собит бо устодони самти Ќуръон, улуми Ќуръон, тафсири Ќуръон њадиси набавї, шариати ислом озодона кору фаъолият мекунад ва ба саволҳои шаръи исломӣ доим тайёр ҳастанд ҷавоб гӯянд. Аз ин љо бармеояд, ки ҳар як шахс аз њар љое дар мавриди шариати ислом сухане шуниданд, дарњол бовар накарда, ба корхона, маќомот ва даргоњњои илмии дар боло зикргардида мурољиат намояд. Ё ин ки ихтиёр доред, аз оёту њадисњо истифода баред. Дар ин замима ба кулли донишљуёни тамоми донишкадаю донишгоњњо, коллељу мактабњои миёнаи кишвар муроҷиат кардани ҳастем, ки зудбовар набошед, илм омўзед, зеро илм омўхтан фарз аст ва шахсро аз фикрњои људоихоњї, террористї ва манфиатпарастї дур месозад.
Дониста бошед! Дар љомеаи ислом ашхосе, ки аз амали худ манфиат мегирад, фикру аќидањои худро омехта бо оёту њадис намуда, ояту њадисњоро сањлан ба мардуми зудбовар мерасонад. Њол он ки фикру аќидањои онњо тамоман дар дигар мавзуъ ва масъала, ҳасту фикри шумо дар дигар масъала, яъне қассобро ғами гӯшту гусфандро ӯами ҷон, ё зери коса нимкоса аст. Ин љо гуфтан мумкин аст, ки њар шах
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.