РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло МеликНомзади илмҳои фалсафа___________________________
Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал
Осиёи Марказӣ ва нақши Эрон барои пањни ташайюъ, хусусан дар Тољикистон.
Худованди таоло дар Ќуръони карим сураи «Зумар», ояти 18 мефармояд:
«Ки суханро мешунаванд, пас ба некўтарини он пайравї менамоянд! Онон касонеанд, ки Худо онњоро њидоят кардааст; ва соњибхирадон њамонњоянд».
Имтидоди сафавият (шоҳ Исмоили Сафавӣ яке аз хунхортарин шахс дар таърих зикр гардидааст. Ў њатто ибтидои салтанати хешро бо хунрезї оѓоз намуда ва бо њамин восита аз даст додааст. Аз Озарбойҷон соли 1501 омада, Эронро тасарруф намуда, шиагароиро дар онљо мазҳаби давлатӣ эълон ва бо хунрезиҳо паҳн кард)
Оё шумо аз мазњаби ташайюъ огањї доред? Мутмаинам посухатон мусбат хоњад буд, шумо дар посухи ин суол хоњед гуфт: Мазњаби ташайюъ мазњабест, ки пайравони он Алї ибни Абутолиб ва фарзандони эшонро имомони худ медонанд. Намозњои худро дар се навбат мехонанд ва рўзњои Тосуо ва Ошуроро ба синазанї ва навњахонї мегузаронанд ва сиѓа(никоњи муваќќатї) ва аќидањои худро дуруст шуморида, аќоиди ањли суннат ва љамоатро дуруѓ мешуморанд.
Мақсад аз омўхтани таърихи динҳо ва равияњо дар чист? Дар он аст, ки ҳақро аз ботил шиносем, то ин дуро бо ҳам омехта накунем.
Аммо суннат чист? Суннат гуфтору кирдор ва баёни Пайѓамбар (с) мебошад. Бинобар ин, тибќи эътиќоди мо, њељ инсоне пас аз Паёмбар (с) холї аз гуноњ нест. Аммо суннат дар назари ањли ташайюъ аз он чи Паямбар (с) ва имомони дувоздањгона кардаанд, иборат аст . Пас чаро ањли ташайюъ ин эмомонро бегуноњ шуморидаанд? Гуё тамоми гуфтањои онњо аз руйи њавою њавас набуда, балки њамагї дурустанд. Аслан шиањо њаќиќати оинашонро намедонанд, эшон танњо ин мазњабро аз гузаштагонашон мерос бурда, дар љањлу ѓафлати амиќ умр ба сар мебаранд ва бо номи дўстї бо хонадони Паямбар (с) худро мефиребанд. Онњо њатто хонадони паёмбарро дуруст намешиносанд, балки манзурашон аз хонадон, хонадони Алї ( р) аст. Њатто тамоми фарзандони Алиро љуз ў ањли байт намешуморанд.
Шиъаён мегуянд: ки ањли суннат бародарони мо њастанд, мушкилии мо бо вањњобињост, аммо агар назар ба китобњояшон кунї, мебинї, ки на хайр, њељ мушкилї бар ин ду надоранд, балки бар ањли суннат њаст мушкилашон ва њељ бародарие бо ањли суннат надоранд, на дар илоњият на дар Паёмбар (с), зеро аз забони худашон дар муътабартарин китобашон омадааст.
Неъматуллоњ Љазоирї мегуяд: «Мо бо онњо (яъне ањли суннат) дар њељ асле муштарак нестем на дар Илоњиёт, на дар Паёмбар (с) ва на дар имом, зеро онњо муътаќиданд Парвардигорашон зотест, ки Паёмбараш Муњаммад (с) ва халифааш Абўбакр аст, дар њоле, ки мо он Парвардигоре, ки Паёмбараш Муњаммад (с) ва он Паёмбаре, ки љонишинаш Абўбакр бошад њељ кадомашро ќабул надорем».
Бузургон фармудаанд:
Њабибамро касе, ки дўст дорад,
Кучо Молик в-аро дузах дарорад.
Ба чону дил муњибби Мустафо бош,
Ба ёрони Муњаммад љонфидо бош.
Абдуллоњ ибни Сабаъ яке аз мунофиќони њамон давр, ки мардумро ба залолат даъват мекард, аз яњудињои Яман буда, ба мардум худашро мусулмон нишон медод. Мусулмононро ба зулму фисќ тарѓиб карда, мардумро ба беитоатї амр мекард. Ў аввалин касест, ки хулафои рошидин –Абў Бакр ва Умар (р) лаънат гуфтанро сар кардааст. Он дар шариати Ислом ба номи Ислом, дасисаву найрангро ба кор бурд, то шикори фарзандони мусулмон осон шавад. Яъне шикори мусулмонон дар байни худ бехабар аз аќидаи Ислом ва боварињои сањењу холис. Дар раъси ин кор њилагари мунофиќ, ки худро мусулмон нишон медод, Абдулло ибни Сабаъ буд, ки муассиси фирќаи шиа ва рофиза аст.
Дар шариъат маънии дигар маҷў, Ғайри зав дар ботини гавҳар маҷў,
Ин гуҳарро худ Худо гавҳаргар аст,
Зоҳираш гавҳар, бутунаш гавҳар аст.
Илми Ҳақ, ғайр аз шариъат ҳеҷ нест,
Асли суннат ҷуз муҳаббат ҳеҷ нест.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ
Ба эътиќоди хама олимони Ислом, њар касе, ки кўчактарин шаке дар китоби Аллоњ дошта бошад, ё як лафз аз Ќуръонро инкор намояд ва ё бигўяд ояте ба Ќуръон зиёд карда шудааст ва ё лафзе таѓир дода шудааст, аз доира Ислом хориљ шуда, кофир мегардад. Фирќаи рофизї, ки дар зоњир худро мусалмон меноманд, аз љумлаи аќидаи кофирона ва такфир ва ињонати асњоб ва азвољи Паёмбар ва аќидаи ботили онњо дар тањрифи Ќуръон ва ба ин фикрашон аз доираи доираи Ислом хориљ њастанд, ин гурўњ муътаќиданд, ки Ќуръон тањриф шудааст.
Никоњи муваќат яке аз масоили ихтилофї ва љангљолї байни мусалмонон ва ањли ташаюъ аст, ки зери ањодиси сањењ ва оёти мухталифе њаром будани он исбот шудааст ва то рузи ќиёмат низ бино бо њамон ривоятњо ва оятњо њаром гардидааст ва ањли ташаюъ ањодис ва ривоёте љамъ ва худсохтаеро ба аимма ва Паёмбари Акрам (с) нисбат додаанд, ки бо ин роњ ва ривоятњои сохта љоиз будани онро собит менамоянд, ки ба ѓайр аз занони зинокор ва бадахлоќ њељ зани дигаре ќодир ба анљоми чунин коре намешавад.
Далели адолати Сањобањо дар шариати ислом:
Адолати Сањобањо (р) назди ањли суннат аз масоили муњиме дар дину аќида мебошад ва ё метавон гуфт, ки ин мавзўъ дар дин ба таври зарурї маълум ва мушахас аст ва барои ин иддао аз Ќуръон ва њадис далелњо зиёд аст, ки шахсият ва адолати сањоба исбот карда мешавад.
Худованди тавоно дар Ќуръони карим чунин фармудааст:
«Ба дурустї ки Худо аз муъминон ваќте ки дар зери дарахт бо ту байъат мекарданд,хушнуд шуд ва ончиро донист,ки дар дили онњо аст.Пас, бар онњо оромиш фуруд овард ва ба онњо фатњи наздик подош дод; »Ҷобир ибни Абдуллоњ (р) гуфт: мо њазор ва чорсад нафар будем.(Сањењи Бухорї, китоби “маѓози”, боби ѓазватул Њудайбия (4154); Фатњулборї : 507/7, чопи Раён.
Ин оят ба таври ошкорову равшан далолат мекунад,бар ин ки Худованд ононро тазкия (сифат)намудааст, ки ба љуз Худованд, касе наметавонад бар он огоњ бошад, зеро ин тазкия ботинан дар дилњояшон љой гирифтааст ва ба њамин хотир аз онон розї шуд; Ва касе, ки Худованд аз ў розї шавад, ѓайримумкин аст, ки кофир бимирад, чун дар инљо ният, ма ќсад, њадаф ризоияти Худо бар вафот аст,зеро ризоияти Худо дар робита бо касоне аст, ки медонанд мусалмон хоњанд мурд.Он чи, ки ин собит мекунад, ривоятест, ки Муслим дар “Сањењ”-и худ овардааст,ки Паёмбар (с) фармудаанд:
Хељ шахсе аз асњоби шаљара ки бо Расулуллоњ (с) байъат кардаанд, ба дўзах дохил нахоњанд шуд.
Чунончи аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Эй ки бар асњоби Пайѓамбар ињонат мекунї,
Хештанро мустањиќќи тавќи лаънат мекунї,
Тухми куфру ширку бидъатњо ту бар дилњо чунон.
Бизр мекорї чу шайтону зироат мекунї.
Њам ба азвољи Набї он модарони муъминон,
Бар њарими покашон буњтону туњмат мекунї.
Доманат олуда аз фањшову аз фисќу фуљур,
Молу номуси касонро љумла ѓорат мекунї.
Хондани оёти Ќуръонро ту натвонї дуруст,
Иддаои донишу илму шариат мекунї,
Марљаи таќлид меномї худатро, эй сафењ.
Халќро водори таслиму итоат мекунї.
Хулоса, давлати Эрон мехоњад бо дасти хољагони худ мољароро дар Тољикистон роњандозї намояд, ќатлу куштор ва хунрезиву нооромиро созмон дињад ва боз мехоњад маќсадњои нопоки худро бо истифода аз дини мубини Ислом амалї намояд. Ба якояки мо лозим аст, ки фирефтаи ин аќоиди дур аз Ислом нагардида, аз давлату њукумат, алалхусус Пешвои миллат-Асосгузори сулњу вањдат, Президенти мамлакат, муњтарам Љаноби олї, Эмомалї Рањмон ибрат гирифта, тавассути он Тољикистони азизамонро як кишвари мутараќќї ва ободу зебо гардонем.
Каримов Рањим,
Декани факултети филологияи Шарќи ДИТ
ба номи Имоми Аъзам – Абўњанифа (р)
Андешаи Шумо
Ҳамаи шарҳҳо
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj
"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.