РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Душманони хешро бишиносед!!!

Зиндагӣ кабку уқобе дорад,

Ҳам насиҳат, ҳам саробе дорад.

Нест чизи беҳисоб андар ҷаҳон,

Реги саҳро ҳам ҳисобе дорад.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз моҳи майи соли 1992 то июни соли 1997 давом кард. Воқеањои фоҷиавии аввалҳои солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи халқи тоҷик дохил гаштааст. Ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо номҳои «Ҷанги бародаркушӣ», «Ҷанги минтаќавӣ» ва ғайра баён шудааст.

Баъди чанд моҳ тазоҳурот сар шуд ва мардум ба майдонҳо баромада, ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд: яке майдони “Шаҳидон” ва дигаре майдони “Озодӣ”, ном гирифт, ки ҳарду майдоннишастагон мардуми тоҷик ва ҳарду мусулмону хешу ақрабо буданд. Аммо имрӯзҳо боз ҳамон садое, ки сабаби ҷамъ шудани майдоннишинҳо шуда буд, аз сари нав садо медиҳад, ки ин мардумро боз ба ҳам ҷанг андозад ва ин садо аз забони ин иғвоангезон, ки бо номи ПМТ (паймони миллии Тоҷикистон) арзи вуҷуд намуданд садо медиҳад ва онҳо кушиш доранд наворҳои чандин сол пеш вуҷуд доштаро бо роҳи сохтакорӣ ба ҳам пайванд дода, барои худ ҷойгоҳе барпо намоянд ва ин миллати ранҷкашидаро боз ба ҷони ҳам андозанд. Инҳо дар ҳақиқат душманони ин миллат ҳастанд ва бо ҳавову ҳаваси худ мехоҳанд теша ба решаи ин миллат зананд: ин як аблаҳии маҳз аст, ки як гуруҳи ҷоҳталаби нодон аз номи ин миллати бузург сухан гуфта, ҷаҳониёнро мефиребанд. Инҷо метавон ин нуктаро хотиррасон кард, ки Кабирӣ, ки худро раиси ПМТ медонад аз пасттарин ва нолоиқтарин ашхосе ҳаст, ки ҳатто таоруф ва эстетикаи гуфтугӯии сатҳи байналмилалиро дарк ва фаҳм намекунад ва дар минбари ҷаласаи созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки дар пойтахти Лаҳистон шаҳри Варшава баргузор шуд, ба намояндагони ҳукумати Тоҷикистон бо як шеваи пур аз ҷаҳлу нодонӣ, ки мояи таассуф барои мардуми бохирад аст, бархурд мекунад, гуё ки дар маҷлиси ҳизбии ҳизбаш дар деҳот ва ё ноҳияаш бошад.  

Дар он вақт, яъне дар оғози гирдиҳамоиҳо, ки бо хизмати “хирсонаи” душманони миллати тоҷик ба “шаҳидон”-у “озодӣ” ҷудо шуда буданд, гуруҳҳои гуногуни ба ном “исломӣ” байни ањолии бесаводи деҳот реша давонида буданд, нуфузи пешвоёни динӣ баланд гардида буд, сабаби  шиддат ёфтани зиддияти дохилимазҳабӣ ва маҳалгароӣ байни пешвоёни дин буд, ки аз ин ҳолат душманони халқи тоҷик, ба монанди Кабирию Кабириҳои имрӯза аз вазъи нобасомони он давра истифода намуда, қисми ҷомеаи Тоҷикистонро, ки аксаран мардуми ноогоҳ ва нодони деҳотӣ буданд, ба эътирозҳо кашонданд.

Ҳукумати ҳамон вақта аз ўњдаи сари вақт хомўш кардани воқеаҳои сиёсӣ баромада натавонист ва моҳи июли соли 1992 амалиёти ҷангӣ дар вилояти Хатлон (собиқ Қурғонтеппа) оғоз шуд. Ҳамин тавр, оташи ҷанги дохилӣ, ё худ шаҳрвандӣ аланга гирифт. Ҳазорон шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷои иқомати худро тарк карда, ба давлатҳои Афғонистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Русия ва дигар кишварҳо фирор карданд. Ҷанг ба ҷомеа ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз ҷиҳати моддӣ зарар расонда, одамони зиёде ба ҳалокат расиданд, вале онҳое ки дар ин амали хонумонсуз даст доштанд, ҳеҷ вақт дар миёни миллати мо дигар ҷой нахоҳанд дошт. Имрӯзҳо, мо, тоҷикистониён суханонеро, ки аз забони душманони миллат ва сиёҳдилону иғвоангезон мешунавидем, имрӯз аз забони Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ шунавида истодаем, ки дубора мехоҳанд мову шуморо аз ватан беватан ва аз назди хешу ақрабо дур созанд, лек мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин тоифаи шайтонсифат безоранд, зеро муддати чандин сол таҷриба карда диданд, ки ҳама гуфтаҳояшон амру фармони хоҷагони онҳост, берун аз Тоҷикистон ва дигар чизе нест.

Аммо ин дасисаи ТЭТ ҲН ва Кабирӣ, бо сардории хоҷагони хориҷии хеш мехоҳанд дар Тоҷикистон пиёда намоянд, ҳеҷ гоҳ ҷомаи амал намепушанд, чунки мардуми шарифи Тоҷикистон аз амалҳои номатлубу иғвоангезашон бохабар гардида, рехтани хуни хешро бо дасти як гурӯҳи фитнаангез раво намебинанд. Сабаби инкишофи фитнаангезӣ боз ҳам ҳамин ҳизби ба ном “Исломӣ” мебошад, ки солҳост аз паси дарёфти маблағҳои хоҷагонашон овораанду ба мурод ҳеҷ вақт намерасанд:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

 (Сайидои Насафӣ)

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ин гуна бесарусомониҳо ва тафриқа ҷомеаи мусулмононро фаро гирифтааст, ки маншаи он амалкарди доиёне аст, ки аз номи Ислом мусалмононро ба ҳамдигар душман сохта, бо гумроҳ сохтани ҷавонон аз масири воқеии аҳли суннат ва ҷамоат, бахусус таълимоти Паёмбари Ислом (с), онҳоро дар мухолифат бо мусулмонон бармеангезанд, гўё ҳимоя аз Ислом менамоянд. Ба мисли Кабирӣ ва Кабиримаобҳо, ки наворҳои чандин солҳо пеш ба вуҷуд омадаро моли ҳамин рӯз гуфта, бо сохтакорӣ мехоҳанд мардумро ба ошуб кашонанд. Дар њаққи чунин «даъватчиён» Расули Худо (с) фармудаанд: «Гурўҳе аз даъватгарон ба дари љаҳаннам меистанд ва пайравонашонро ба дохили он меафкананд» (ривояти Бухорӣ, 3977).

Мо ба мардуми Тоҷикистони азиз ва хешу ақрабо, ҳамсоягон, ёру дўстон мехоҳем ҳушдор диҳем, ки аз паси гуфтаҳои ботилу тафриқаангези Кабирӣ нараванд, Ватани хешро бо ободиву пешравӣ ва муҳаббат бунёд гардонанд, аз дилҳои худ кинаву адоватро дур созанд, касонеро, ки аз сабаби ҷоҳилӣ нисбати давлату ватани худ ғаразе доранд, пайравӣ накунанд, зеро Кабирӣ, ки як ифротгаро будани худро собит кард, боз мехоҳад бо тафриқаю иғвопароканӣ ҳамон солҳои ҷанги шаҳрвандиро такрор кунад.

Аз ин кирдори разилонаи Кабирӣ ҳануз ҳам бӯи ғализи душманӣ ва миллатфурушӣ меояд, бояд бовар кунад, ки дар мавҷуд будани шахсияташ мардуми Тоҷикистон нафрат доранд, зеро дар будани ваӣ Тоҷикистон руӣи хуширо нахоҳад дид.

 Каримов Иноятулло, устоди Кафедраи «Улуми Қуръон»-и ДИТ ба номи Имоми Аъзам -Абӯҳанифа

 


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.