РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Созмони ифротӣ ва иғвоангез

Имрӯзҳо мо бо чашми худ мебинем, ки чи тавр террористон, ирҳобиҳо на як шахси муайянро, балки бар зидди ҳазорҳо инсонҳои бегуноҳ бархостаанд ва ҳар рӯз хуни ноҳақ мерезанд. Оё магар, инҳо аз ин оёти Қуръонӣ хабар надоранд? Ё хабар надоранд ва ё агар хабар доранд, пас имони комил надоранд! Амалиёти онҳо яъне фаъолияти чунин афрод на барои ислом, балки баҳри бадном кардани ислом ва бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсии нафсонии худ анҷом меёбанд.

Мо инсоният дар киштие савор ҳастем, ки номаш умр аст, лекин ҳизбҳои террористӣ ва экстремистие, ки мардумро ба пастиву харобиҳо ва нокомиҳо оварда мерасонад яхи шинокунандаеро мемонанд, ки  бешак сарчашмаи бадхоҳиҳо мебошад ва зарари худро ба кишти мерасонад.

Созмони “Ихвон-ул-муслимин”, ки аз забони арабӣ гирифта шуда, маънояш (бародарони мусалмон) мебошад, созмон ва ё гуруҳи муташакили сиёсии ҷаҳонӣ буда, онро моҳи марти соли 1928  шахсе ба номи Ҳасан-ул-Бано дар шаҳри Исмоилияи давлати Миср ташкил намудааст. Аз соли 1933 идораи марказии ин созмон ба шаҳри Қоҳира пойтахти Миср кӯчонида шудааст. Соли 1954 баъд аз қасди номуваффақ ба ҷони раиси ҷумҳури Миср Ҷамол Абд-ул-Носир аз тарафи ин созмон фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср манъ гардид.

Мақсади асосии чунин ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳо ба монанди “Ихвон-ул-муслимин” тасарруфи ҳокимияти ин ва ё он давлат бо ҳар роҳе, ки ба даст ояд мебошад. Аз ҷумлаи чунин амалиётҳо бо роҳи мусаллаҳона ва ташкил кардани “ҷиҳод” мебошад, ки ин амали ғайришаръии худкушӣ дар тамоми дунё паҳн гаштааст. Бояд зикр намуд, ки ҳатто қарори Суди Олии Федератсияи Русия аз 14-уми феврали соли 2003 созмони «Ихвон-ул-муслимин»-ро созмони террористӣ эълон карда,  фаъолияташро дар қаламрави давлати Руссия манъ намудаст.

Пас ҷои саволе нест, ки чаро даъват ва мақсадҳои ҲНИ дар Тоҷикистон бо ниятҳои тундгароёнаи худ чун “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҳизб-ул-таҳрир”, “ДИИШ”, “Ал-қоида”, “Ансоруллоҳ”, “Шиаҳои дувоздаҳимома” ва ғайра чунин ҳизбу ҳаракатҳои тунгарои ғайриқонунӣ мувофиқ омадааст?

Дар тамоми давлатҳои дунё, хоҳ Аврупо бошад ва ё давлатҳои Шарқ ҳадафи диндорони шукргузор бартараф кардани низоъҳои ҳизбиву гуруҳи буда, сарҷамъ намудани миллатҳо дар роҳи сулҳу амонӣ мебошад. Аз ҷумла, диндорони кишвари мо Тоҷикистони азиз ба санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии ҷомеаи кишвар арҷ гузошта, риояи онро ҳатмӣ медонанд.

Фитнаи навбатии замон аз “Ихвон-ул-муслимин” таъсиси созмон ва ҳизбҳои ба ном исломӣ мебошанд, ки имрӯзҳо ҳар як чунин ҳизбу ҳаракатҳо ба номи ислом доғ гузошта истода, ҳамаги як шохае аз пайванди “Ихвон-ул-муслимин” мебошад, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои исломӣ манобеъи тафриқа ва низоъ гаштаанд. Чунин вазъият донистану лаб ба хомӯшӣ бастани мою шумо хиёнати маҳз ба дину миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки худ ба дасти фарзандони мусалмон дини комили хешро тағийр дода, аз роҳи аслӣ ба роҳи каҷ гардонида, дигаронро низ ба ин гумроҳи даъват мекунем.

  Дар замони муосир гуруҳҳои ифротӣ ва муғриз баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз номи дини мубини Ислом истифода бурда, мардумро ба вартаи ҳалокат меафкананд. Зуҳури «Давлати исломии Ироқу Шом», «Ҷабҳат-ун-нусра», «Аш-шабоб», «Боко ҳарам», «Ҳизби наҳзат-ҲНИ», «Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи-24», «Шиаҳои дувоздаҳимома», задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишварҳои мусулмоннишин, тарконидани масҷидҳо, қатли ваҳшиёнаи занону кӯдакон ва садҳо мисоли дигар аз ноогоҳӣ ва зудбоварии ин қабила мардум – натиҷаи тафриқаандозӣ, иғвогароӣ, дунёталабии гурӯҳу равия ва ҳизбу ҳарактҳои гуногуни ба ном “исломӣ” аз қабили маҳсули созмони “Ихвон-ул-муслимин” мебошад.

Ноиби Муфтии Миср, доктор Маҷдӣ Ашур, ки аз номи Муфтии Миср доктор Шавқӣ Аллома суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки сифати “Хавориҷ” бар созмони “Ихвон-ул-муслимин” ва қанотҳои хориҷии он, ки ҳамеша дар талоши таъсиси як нерӯи опозитсионии зиддиҳукуматӣ ҳастанд, амалӣ мегардад. “Ин созмонҳо ҷавононро бо идеологияи тундгароии худ ҷалб намуда, танҳо “ҷонибҳои лозима”-и худро, яъне он чи ки дар шариати ислом дар замони зуҳури ислом дар қатраи охирин истифода мешуданд аз фармудаҳои дини Ислом мегиранд ва ба боқи ҳадис ва оёти Қуръони азим-уш-шаън эътибор намедиҳанд. Чунин афрод ба шакл (дар зоҳир) бештар аҳамият дода, аз мазмуни таълимоти динӣ кор намегиранд”  таъкид намуд вай.

Номбурда афзуд, ки пас аз реша гирифтани шуъбаҳои ихвониҳо ҷомеа бо чолишҳои гуногуне рӯ ба рӯ хоҳад шуд. “Онҳо низоми “пирамидаи чаппагардон”-ро истифода мебаранд. Дар аввал “ҷиҳод” (куштор ва хунрезӣ) ва пас аз он “ақидаи исломӣ”-ро ба таври худ меомӯзанду меомӯзонанд. Дигаронро фаҳмидан, фикри дигаронро қабул кардан намехоҳанд”, - ёдовар намуд доктор Маҷдӣ Ашур.

Ба таъкиди доктор Маҷдӣ Ашур: созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” ва шохаҳои он ба мисли ТТЭ ҲНИ арзиши Ватан ва ватандориро эътироф намекунанд. Онҳо принсипи иттиҳоди миллат пеш аз иттиҳоди динҳоро низ қабул надоранд. Принсипашон гумроҳкунӣ, назорат ва решакан намудани ақидаҳо буда, тибқи барномаҳои илмӣ амал намекунанд. Онҳо аз таҳаммулпазирии Ислом ва фаҳмиши дурусти он дурӣ меҷӯянд. Дар ин масъала ҳолати ихвониҳои Миср ва Тоҷикистонро ёдовар гардидан мумкин аст.

Доктор М. Ашур аз Ҳукумати Миср талаб намуд, то фазои холии ҷавононро бо таълим дуруст пур намуда, ахлоқи онҳоро дар муошират ва зиндагӣ беҳтар созанд. Ин масъалаест, ки бояд аз ҷониби ниҳодҳои иттилоотӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳ бояд қарор гирад. Ӯ зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди фишорҳои беруна, ба мушкилот мутаваҷеҳ гардондани иқтисодиёти кишвар аз ҷониби онҳо, роҳ ёфтани равияҳои бегонаи динӣ ба фарҳанги қадимаи тоҷикона, ки ба суботу якпорчагии миллат рахна ворид месозад, диндоронро бетаъсир намегузорад, аммо дар навбати худ мардуми бофарҳанги тоҷик, алалхусус аҳли дини ислом аз як гиребон сар бароварда, дар паҳлуи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ гашта, супоришҳои ин шахсиятро ҳамчун Роҳбари давлат босабурона гӯш меандозанд ва тибқи он амал мекунанд. Аммо баръакси ин Кабирӣ чун як афроди ғаразнок дар яке аз баромадҳояш бар зидди шиаҳо, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ихвон-ул-муслимин” ва дигар гуруҳҳои муғриз ишора намуда, савол гузоштааст, ки “ҷомеаи оромӣ моро ноором месозанд?” Ё шудааст, ки Кабирӣ фаъолияти онҳоро инкор карда бошад? Ё ин ки онҳоро ба узвият қабул кардааст? Аз амалу рафтори Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш хулоса баровардан мумкин аст ки онҳо ҳам шохае аз созмони “Ихвон-ул-муслимин” мебошанд. Пас халќи тоҷикро мебояд зиракии сиёсии худро аз даст надода аз ин ҳизбу ҳаракатҳо дурӣ ҷуяд ва ба ин масъала ки доғи аср ба шумор меравад, бетараф набошад.

 Бетарафии мову Ту теша ба реша задан аст,

 Дур шудан зи асли хеш, маҳву заволи миллат аст! 

Дар охир андешаҳои худро бо таъкидҳои доимии Пешвои миллат мехоҳам ҷамъбаст намоям, ки барҳақ гуфтаанд: “Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳар як шаҳрванд бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад”.

                                                                    Каримов Раҳим, н.и.ф.,

                                                                    декани факултети филологияи

                                                                    Шарқи ДИТ ба номи Имоми

                                                                     Аъзам – Абӯҳанифа.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


[Ном: nym1265964krya]

mis1265964errtbh Fo1VVBk epHO GxB7pI9
[Ном: nam1265964flebno]

mss1265964errtbh 9hlwFv4 AlIM 1nlxBsy
[Ном: nem1265964krya]

mks1265964utr OIxBy4z Bk8M J3s856V
[Ном: Intermef]

On This Morning, Elon Musk shared the secret of how quickly he got rich while coronavirus is raging all over the world! He already shared this news on social networks and those who believed and tried the platform started writing letters to him. Click here for the full article and free system access! https://tinyurl.com/y46t8dxx
[Ном: neano]

Hi, this is Jenny. I am sending you my intimate photos as I promised. https://tinyurl.com/yeqa59az
[Ном: neano]

Cryptocurrency rates are breaking records, which means you have the opportunity to make money on cryptocurrencies. Join our system and start making money with us. Go to system: https://tiodroncountmenom.ga
[Ном: neano]

Cryptocurrency rates are breaking records, which means you have the opportunity to make money on cryptocurrencies. Join our system and start making money with us. Go to system: https://tiodroncountmenom.ga
[Ном: neano]

Cryptocurrency rates are breaking records, which means you have the opportunity to make money on cryptocurrencies. Join our system and start making money with us. Go to system: https://tiodroncountmenom.ga
[Ном: neano]

Cryptocurrency rates are breaking records, which means you have the opportunity to make money on cryptocurrencies. Join our system and start making money with us. Go to system: https://tiodroncountmenom.ga
[Ном: neano]

Cryptocurrency rates are breaking records, which means you have the opportunity to make money on cryptocurrencies. Join our system and start making money with us. Go to system: https://tiodroncountmenom.ga
[Ном: nem541930tetcher]

mis541930ngkyt fLLDVej fTC6 qUJEVZF
[Ном: num541930krya]

mis541930rttyneg FEaGNRo KPT9 JgiYetq
[Ном: nam10110511krya]

mss10110511rttyneg RzXk6ak TgCM 2UyvQKM
[Ном: nym990470tetcher]

mps990470uttjr MOwj3yS dfSP sp0CYbi

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.