РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
Зокирзода Нусратулло Мелик

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Ҷашни мардумӣ ва миллии Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод аст, ки таърихи тӯлонӣ дорад. Дар миёни ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Мутобиқи солшумории шамсӣ, Наврӯз ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Худ аз номаш маълум аст, ки наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад, ки он ба рӯзи аввали сол рост меояд. Имрӯз Наврӯз ҳамчун рӯзи аввали соли миллӣ шинохта шудааст...Муфассал

Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

Нақши чашмаҳои шифобахши тоҷикистон дар густариши туризми табобатӣ

        Сарзамини  Тоҷикистон табиати бою нотакрор дошта, чашмаҳои шифобахши он бахше аз сарватҳои бебаҳояш мебошанд. Дар Тоҷикистон 200 чашмаи оби минералии шифобахш мавҷуд аст, ки аз он 71 –тояш дорои оби гарм ва 43 тоаш дорои оби хунук мебошанд. Тибқи андешаи олимон чашмаҳо ба 4 гуруҳ ҷудо мешаванд: 1. Чашмаҳои сард боҳарорати 200 0С; 2. Чашмаҳои муътадил бо ҳарорати аз 20 то 370 0С; 3. Чашмаҳои гарм бо ҳарорати аз 37 то 420 0С 4. Чашмаҳои ҷӯшон бо ҳарорати аз 420 0С боло. Қобили зикраст, ки чашмаҳо ишифо бахш на танҳобарои солимгардонии аҳолии ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд, балки истифодаи онҳо ҳамчун минтақаҳои сайёҳӣ хеле бамаврид ва фоидаовар мебошанд. Аз ин сабаб ташкилу тараққӣдодани  соҳаи  туризм ва барпо намудани иншоотҳои  санаторию курортӣ дар ҷумҳурии мо пеш аз ҳама аҳамияти иқтисодӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ дорад. Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон чашмаҳои Хоҷа Оби Гарм, Явроз, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Ҳавотоғ, Зумрад, чашмаи Биби Фотимаи Заҳро, Авҷ, Ям чун ва Зонг мебошанд, ки барои барқароркуни саломати иинсон манфиати зиёд доранд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки аз ин чашмаҳо самаранок истифода барем ва табобат бо обҳои  шифобахш ба як анъанаи деринаи мо табдил ёбад.

        Ин кор агар аз як ҷониб боиси ривоҷу  равнақ ёфтани  туризми дохилӣ гардад, аз тарафи дигарбо ин роҳсокинон ҳам барои  табобат  ба чашмаҳои табобатӣ  ва   сайёҳат  ба манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ мераванд ва ҳам ошноии онҳо бо мардумони дигар маҳал бештар мешавад. Яъне Ватани худро боз ҳам бештар меомӯзанд. Ба қавле об агар садпора гардад, боз боҳам ошност. Яке аз чашмаҳои шифобахши  Тоҷикистон дар осоишгоҳи  Хоҷа  Оби  Гарм мавқеъ  дошта, дар  баландии 1860-1900  метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ҳарорати  оби чашмаи Хоҷа  Оби  Гарм то ба +98 дараҷ а мерасад. Қаламраве, ки аз он оби гарми маъданӣ-радиоактивӣ мебарояд, 4,5 гектарро ташкил дода, аз 20 нуқта оби чашма ҷорӣ мешавад. Аз чашмаҳои обашон нисбатан ҳарорати баланд  дошта, буғи гарм хориҷ мешавад, ки таркиби он дар қатори дигар унсурҳои кимиёвӣ элементи  радон дорад. Чашмаи Хоҷа Оби гарм пас аз хушк шудани чашмаи ҳам монанди  худ дар Фаронса имрӯз нотакрор ва ягонааст. Мувофиқи маълумотҳои  мавҷуда  дар осоишгоҳи мазкур бемориҳои  дил, рагҳои  хунгузар, сутунмӯҳра, асаб, роҳи нафас, бемориҳои  занона, гурда, узвҳоиҳо зима ва дигар бемориҳо муолиҷа   мегиранд . Дар баробар и чашмаҳои шифобахши ошно боз чандин чашмаҳое дар  кишвари мо  вуҷуд доранд, ки ҳанӯз ба осоишгоҳҳо табдил наёфтаанд. Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор аст ва баъзе чашмаҳои  шифобахш  дар мавзеъҳои душвор гузари кӯҳсор ҷойгир аст. Новобаста ба ин бархе аз сокинон ба ин гунна ҷойҳо барои табобат  мераванд, аммо афроди бемор имкони  то ин  гунна макон  рафтанро  надоранд. Яке аз чашмаҳои  шифобахш — чашмаи  Хоҷа  Ҳасан  мебошад, ки дар қисми ғарбии қаторкӯҳҳои  Ҳисор ҷойгир  аст  ва  оби   гарми он ҳам хусусияти табобатӣ дорад.

         Аз ҷониби дигар, самаранок истифода бурдани чашмаҳои шифобахш метавонад  ҳам  ба солимии ҷомеа мусоидат намояд ва ҳам  яке  аз соҳаҳо и сер даромади  ҷумҳурӣ гардад. Барои амалӣ гардондани туризми табобатӣ омода кардани  шароит, тарбияи   мутахассисон  ва ҷалби сайёхо ҳони хориҷӣ  мувофиқ   ба  мақсадаст. Соли рушди сайёҳӣ  ва  ҳунарҳо и мардумӣ эълон гаштани  соли 2018 беҳуда набуда, тадбирҳои саривақтӣ ва таваҷҷуҳи хосаи  ҳукумати ҷумҳуриро барои  расидан ба чунин  ҳадафҳо   боз  гӯмекунад.

Устоди кафедраи забон ва адабиёти араб Саидaлизод Муҳаммад.


Андешаи Шумо



Ҳамаи шарҳҳо


Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа ©2018 - 2024. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.