РЕКТОРИ ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА
.
АСОМУДДИНЗОДА ТОҶИДДИН ИСЛОМИДДИН

Номзади илмҳои фалсафа
___________________________

Муассисаи таълимии давлатии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар қатори дигар муассисаҳои таълимии олии кишвар ба тарбияи мутахассисони лаёқатманд машғул мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат шароити хуби таълим фароҳам шуда, дар ихтисосҳои диншиносӣ ва забономӯзӣ мутахассисони шоиста тарбият мегиранд....Муфассалтар

Шумораи меҳмонон дар сомона: 3946
Ҳар рӯз зи худ бипурс, агар ту мардӣ!? К-имрӯз чи хизмате ба мардум кардӣ?

КУМИТАИ ОИД БА КОРҲОИ ДИН, ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲОИ МИЛЛИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИМОМИ АЪЗАМ - АБӮҲАНИФА НУЪМОН ИБНИ СОБИТ

       Падидаи дигари намоёни давраи истиқлолият, соли 2007 таъсиси муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, таъсиси онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори №547 дар таърихи 2 - юми ноябри соли 2007 расман  тасдиқ намуд.

       Донишкадаи исломии Тоҷикистон  муассисаи таълимии ягона дар самти улуми дини ислом дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар соли 2009 Донишкада бо қарори Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон ба муносибати соли бузургдошти Имоми Аъзам - Абўҳанифа ба номи ин шахсияти маъруфи дунёи ислом Имоми Аъзам-Абўҳанифа Нуъмон ибни Собит номгузорӣ карда шуд.

      Дар шароити имрӯза мақсад аз таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, таъмини имкониятҳои таълими улуми исломӣ дар дохили кишвар ва ҷалб намудани довталабон ба улуми динӣ, ба корҳои манфиатовари ҷомеа ва боло бурдани сатҳи маърифатнокии динии шаҳрвандон, мутобиқ гардондани раванди таълиму тарбияи динӣ бо меъёрҳои муосири илмию иттилоотӣ мебошад.

    Донишкада дар самти таълими асосӣ дорои ду факулта: Факултаи филологияи шарқ ва Факултаи улуми исломӣ ва нуҳ кафедра: кафедраи Улуми Қуръон, кафедраи Аҳодиси набавӣ, кафедраи Шариати исломӣ, кафедраи Забон ва адабиёти араб, кафедраи Таъриху диншиносӣ, кафедраи Иттилоот ва илмҳои табии, кафедраи Забонҳо, кафедраи Педагогика ва психология, кафедраи Фалсафа ва илмҳои ҷамъиятӣ мебошад. Дар Донишкада синфхонаҳои  таҷҳизонидашудаи  лингафонӣ, компютерӣ  презентатсионӣ  мавҷуд мебошад. Донишкада дорои Китобхонаи худ аст. Ғайр аз ин дар Донишкада соли 2017 Парки технологӣ ташкил карда шуд.

     30-юми майи соли 2018 аз тарафи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос барои бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит оғози расмӣ бахшида шуд. Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида шудааст.

   

    Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, сохтмони мазкур аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад. Гуфта мешавад, ки бинои асосии ин муассисаи олии таълимӣ аз 5 қисми (блок) ҳафтошёна иборат буда, лоиҳаи он ба таври замонавӣ дар доираи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ таҳия шудааст. Тибқи лоиҳа се қисми иншоотро асосан биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ  ва ду қисми дигарро хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон ташкил медиҳад.

     Зимни муаррифии лоиҳа ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳ барои 1500 нафар, ошхона бо 490 ҷой, толори варзишӣ бо 260 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст сохта мешаванд. Бунёди китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ низ дар назар аст. Ҳамчунин дар ин ҷо як бинои дуошёна, майдончаи варзишии универсалӣ, ҷойи истироҳат бо фаввора ва айвонҳо, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

     Президенти Тоҷикистон ба масъулони корҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки барои бо сатҳу сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи лоиҳа сохтани иншооти таълимию ёрирасони донишкадаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ёдрас мешавад, ки биною иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар шафати «Масҷиди калон», ки айни замон сохтмонаш идома дорад, бунёд мегардад.

Воридшавӣ ба e-mail- и dit.tj



"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИОМӮЗ!"






Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ©2018. Ҳуқуқҳо ҳимоя карда шудаанд.