ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

ЧУНИН ГУФТ ПАЙҒАМБАРИ РОСТГӮЙ: ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!

January 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Бахши кор бо ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

Фаъолияти Бахши ҷавонон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа

       Дар сомонаи иҷтимоии Facebook  саҳифаи интернетии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа ибни Собит ташкил карда шудааст, ки истифода ва фаъолгардонии он аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон равона карда шудааст.

       Бахши ҷавонони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа соли 2009 ҳамчун созмони ҷавонон дар самти таркибии қисми тарбия таъсис ёфта, то имрӯз дар самти кор бо ҷавонон фаъолона фаъолият мекунад.

Сардори Бахши ҷавонон: Раҳмонов Р.

Таърихи роҳбарии Бахши ҷавонон: Дар тӯли ин солҳо роҳбарии бахшро шахсони зерин ба уҳда доштанд:

  1. Назруллоев Муҳаммадюсуф – солҳои 2008–2009. Дар марҳилаи аввалин ба ташаккулёбии фаъолияти ҷавонон саҳм гузоштааст.
  2. Холов Диловар – солҳои 2009–2011. Дар ин давра созмони ҷавонон расман ҳамчун зербахш дар қисми тарбия фаъолият мекард.
  3. Матинов Холиддин – солҳои 2012–2018. Фаъолияти бахши ҷавонон дар ин давра такмил ёфта, чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардиданд.

        Соли 2017, ки ҳамчун Соли ҷавонон эълон гардида буд, барои фаъолияти бахши ҷавонон марҳалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ҳамин сол, Созмони ҷавонони ДИТ расман ба ҳайси бахши ҷавонон таъсис ёфт ва фаъолияти он боз ҳам рушд ёфт.

  1. Холов Аълохуҷа – солҳои 2018–2021. Дар ин солҳо бахши ҷавонон дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати давлатии ҷавонон фаъолона иштирок намуда, чорабиниҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ ташкил кард.
  2. Кенҷазода Фарҳод – солҳои 2021–2023. Давраи таҳкими робита бо созмонҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли донишҷӯён дар барномаҳои ватандӯстӣ.
  3. Раҳмонов Роҳатулло – аз феврали соли 2023 то имрӯз. Ҳоло ҳамчун сардори бахши ҷавонони донишкада фаъолият дошта, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва илмӣ саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.

      Кору фаъолияти бахши ҷавонон: Бахши ҷавонони донишкада дар тӯли фаъолияти худ ҳамеша талош кардааст, ки ҷавобгӯи талаботи сиёсати давлатии ҷавонон бошад. Дар асоси ҳадафҳои давлатӣ, бахш бо донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ, маърифатӣ, тарбиявӣ ва иҷтимоиро роҳандозӣ намуда, нақши муҳимро дар ташаккули шахсияти ҷавони донишҷӯ иҷро мекунад.

        Бахш фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа» ва дигар санадҳои меъёрииҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

Телефонҳои боварии бахши кор бо ҷавонон: 917-22-36-24, нишони e-mail: javonon@dit.tj