ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"

January 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Факултети филологияи Шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам 

       Маълумот дар бораи факултет: Факултети филологияи Шарқ бо Қарори Шӯрои олимони Донишкада аз санаи 29 январи соли 2011 таҳти №5 таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Низомнома” ва “Оиннома”-и Донишкада чун дигар факултетҳои муассисаҳои олӣ ба роҳ мондааст. Инчунин факултет дар асоси санадҳои меъёри ҳуқуқӣ дар самти маориф ҳачун як қисмати муассисаи таълимии олӣ ба таълим машғул аст. 

       Деканати факултет: То имрӯз дар факултет расман шаш маротиб деканҳо иваз шудааст, ки аз ҷумла устодони зерин мебошанд:

  1. Зайдуллоев Нуриддин (аз соли 2011 то соли 2012)
  2. Хайруллоев Иброҳим (аз соли 2012 то соли 2013)
  3. Толибов Абдулмаҷид (аз соли 2013 то соли 2014)
  4. Эмомов Асрориддин (аз моҳи апрели соли 2013 то соли таҳсили 2015)
  5. Ҷалолов Абдусаттор (аз моҳи июли 2015 то феврали 2016)

       Фаъолияти факултет: Факултет барои ҳалли масъалаҳои мушкили пешомада дар самти таълиму тарбия ба худ Шурои олимони факултет-ро доро мебошад. Дар факултет 53 нафар омӯзгорону кормандон кору фаъолият доранд. Аз он ҷумла декан, муовинони декан оид ба корҳои таълим ва танзимгар. Дар давоми соли таҳсил ҳайати мазкур вазифа ва ӯҳдадориҳои ба зимаи худ доштаро дар асоси нақшаи солонаи кории Донишкада ва факултет амалӣ мегардонанд. Аҳли устодони факултет: декан, муовини декан оид ба таълим, танзимгари факултет ва дигар омӯзгорони кафедраҳои ба факултет тааалуқдошта,  кӯшишу заҳмат мекашанд, то ки ба шогирдон – донишҷӯён бо мақсади додани таълиму тарбияи муносиб иҷрои вазифаҳои худро аз рӯи виҷдон амалӣ намоянд. Дар факултет таълиму тарбияро дар мувофиқи нақша ба роҳ монда шудааст.

       Факултети филологияи Шарқ дорои ихтисосҳои «Забони арабӣ. Информатика, Таърих. Диншиносӣ (рӯзона ва фосилавӣ), Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ»,  мебошад. Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зикргардида, рӯзона 19 гурӯҳи академӣ  ва дар таҳсили ғоибона 4 гурӯҳи академӣ таҳсил мекунад

Роҳбарияти факултети Филологияи Шарқ:

Декани факултети Филологияи шарқ:   Холов А.
Муовини декан оид ба таълими факултети Филологияи Шарқ:   
Муовини декан оид ба тарбияи факултети Филологияи Шарқ:   
Эдвайзери факултети Филологияи Шарқ:

Эдвайзер:

Ихтисосҳои факултети филологияи Шарқ:
1) 102030702 – Забони хориҷӣ (арабӣ). Информатика / (Намуди таҳсил: рӯзона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)

2) 1230102 – Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ. (Лингвистика) / (Намуди таҳсил: рӯзона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)

3) 102010205 – Таъриху диншиносӣ. / (Намуди таҳсил: рӯзона, ғоибона. Гуруҳҳо: буҷавӣ, шартномавӣ)
Телефонҳои боварии факултети филологияи Шарқ: 228-97-04 нишонии e-mail: f-sharq@dit.tj

Хатмкунандагони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа ва ё кулли хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар метавонанд аз суроғаи зерини интернети ба худ кори мувофиқ дарёбанд: www.gts-center.tj

Эълонҳо