




МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ШУЪБАИ ТАЪЛИМ
1. Маълумоти умумӣ
Шуъбаи таълим ҳамчун як воҳиди сохтории асосии донишкада фаъолияти худро дар асоси ….. нақшаи кории солона, талаботи Вазорати маориф ва меъёрҳои дохилиидоравӣ ба роҳ монда, ба танзиму ҳамоҳангсозии раванди таълим, назорати сифати машғулиятҳо ва таъмини фаъолияти самараноки тамоми самти таълим алахусус факултетҳо ва кафедраҳо машғул мебошад.
Дар сохтори кадрии шуъба 4 воҳиди корӣ – 2 нафар корманд фаъолият мекунанд, аз ҷумла:
· Сардори шуъба,
· Мутахассиси пешбар,
· Мутахассис,
· Роҳбари таҷрибаи истеҳсолӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон.
Шуъба дар ҳамкорӣ бо бахши идоракунии сифати таҳсилот, маркази тестӣ, бахши бақайдгирии донишҷӯён, бахши таҷрибаомӯзӣ ва деканатҳои факултетҳо фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
2. Фаъолияти умумии ташкиливу маъмурӣ
Дар давоми соли таҳсил аз ҷониби шуъба кору фаъолияти банақшагирифта самаранок ба анҷом расонида мешавад:
2.1. Ҷаласаҳо ва ҳуҷҷатгузорӣ
· Дар давоми сол зиёда аз 10 ҷаласаҳои корӣ баргузор мегардад.
· Ба қайд гирифтан ва баррасии мактубҳои воридотӣ, омода намудани ҷавобҳои расмӣ мувофиқи мазмуни дархостҳо ба онҳо.
2.2. Амалҳои ташкилӣ ва идораи раванди таълим
· Таҳияи сарбории академии омӯзгорон барои нимсолаи якум ва дуюми соли таҳсил ҳамасола.
· Омода ва тасдиқ намудани ҷадвалҳои дарсӣ барои таҳсили рӯзона ва ғоибона.
· Таҳия ва тасдиқи ҷадвали рейтинг ва имтиҳонҳо барои ҳар ду нимсола.
· Пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза оид ба давомоти донишҷӯён ба Вазорати маориф.
· Ҷавобгузорӣ ба мактубҳои меъёрии Вазорати маориф дар самтҳои гуногун.
· Баррасии масъалаҳои интиқол, барқарор ва хориҷкунӣ дар доираи фаъолияти комиссияи дахлдор.
· Гузаронидани рейдҳои назоратӣ, аз ҷумла:
o Назорати ҳозиршавии донишҷӯён,
o Назорати сари вақт ба дарс ҳозир шудани омӯзгорон.
· Иштирок дар чорабинии илмӣ, фарҳангӣ, ташкиливу ҷамъиятӣ ва ҷаласаҳои хизматӣ.
3. Вазъи таълим дар Донишкада
Ҳамасола аз аввали соли таҳсил Донишкада фаъолияти таълимии худро аз рӯи 5 ихтисоси зинаи бакалавр дар ду факултет ба роҳ мондааст.
3.1. Факултети «Филологияи шарқ»
Факултет дорои деканат (4 корманд) ва кафедраҳои амалкунанда мебошад. Ихтисосҳои вобаста:
· 1-02030702 — Забони хориҷӣ (арабӣ). Информатика,
· 1-02010205 — Таърих. Диншиносӣ,
· 1-230102 — Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ.
Кафедраҳои амалкунанда:
· Кафедраи забонҳо,
· Кафедраи забон ва адабиёти араб,
· Кафедраи таърих ва диншиносӣ,
· Кафедраи илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ.
3.2. Факултети «Улуми исломӣ»
Факултет дорои деканат (4 корманд) ва кафедраҳои соҳавӣ мебошад. Ихтисосҳои амалкунанда:
· 1-21010103 — Улуми исломӣ. Матни классикӣ,
· 1-21010104 — Улуми Қуръонӣ. Мероси хаттӣ.
Кафедраҳои амалкунанда:
· Кафедраи шариати исломӣ,
· Кафедраи педагогика ва мероси ниёгон,
· Кафедраи улуми қуръонӣ ва ҳадис,
· Кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (умумидонишкадавӣ).
Дар маҷмӯъ, шуъбаи таълим дар давоми соли таҳсил фаъолияти пурсамар анҷом дода, барои мутобиқсозии ҷараёни таълим, назорати сифати таҳсилот, ташкили ҷадвалҳо, ҳуҷҷатгузории расмӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ саҳми назаррас мегузорад.
Шуъба дар такмили тартиботи идорӣ, боло бурдани масъулияти таълимӣ, таъмин намудани иҷрои талаботи Вазорати маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои раванди таълим нақши муассирро мебозад.
Маълумот оид ба таъсиси Шуъбаи таълим ва зерсохторҳои он
Шуъбаи таълим воҳиди сохтории раёсати Донишкада ба ҳисоб рафта, вазифаи асосии он ташкили раванди таълим, банақшагирии стратегӣ ва назорати раванди таълим дар Донишкада мебошад. Шуъбаи таълим фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрӣ–ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф ба роҳ монда, ба ташкили мақсадноки ҷараёни таълим, муайян кардани самтҳо ва зинаҳои асосии ҳалли масъалаҳои таълим равона шудааст, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи сифати таълим мебошад.
Шуъбаи таълим баъд аз таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа, дар соли 2008 таъсис дода шудааст.
Роҳбарони Шуъбаи таълим: То имрӯз шахсони зерин Шуъбаи таълимро роҳбарӣ намудаанд:
1. Умаров Искандаршо (солҳои 2008–2010);
2. Тирмизов Суҳроб (солҳои 2010–2011);
3. Сангов Абдусамад (солҳои 2011–2022);
4. Асоев Маҳмадҷабор (аз соли 2022 -2025). 5. Рамзуллои Файзалӣ аз соли 2025 то ҳол.
Сохтори кадрии Шуъбаи таълим: Дар сохтори Шуъбаи таълим чор нафар корманд фаъолият менамоянд:
· 1 нафар сардор,
· 1 нафар сармутахассис.
· 1 нафар мутахассиси пешбар,
· 1 нафар мутахассис.
Зерсохторҳои Шуъбаи таълим: Шуъбаи таълим дар зерсохтори худ ду бахш ва як марказро фаро мегирад, ки иборат аз:
1. Бахши идоракунии сифати таҳсилот
2. Бахши таҷрибаи истеҳсолӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон
3. Маркази тестӣ