



Ин бахш аз санаи 7 январи соли 2010
таъсис ёфтааст. То санаи 31 августи соли 2017 роҳбарии
онро
Тоҷиддинов
Абдукарим
Садриддинович
ба
уҳда
дошт.
Аз 31 августи соли 2017 то имрӯз
роҳбарии
бахшро
Тоҷиддинов
Зиёуддин
Абдукаримович
ба
уҳда
дорад.
Бахш бо мақсади ташкили
таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён ва ҳамоҳангсозии
фаъолияти мутахассисони ҷавон таъсис ёфта, нақши муҳим дар омодасозии
мутахассисони
амалигарои
соҳа мебозад.
Илова бар, ин дар бахши таҷрибаи истеҳсолӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон се намуди таҷрибаомӯзӣ мебошад.
Таҷрибаомӯзии таълимӣ,
Таҷрибаомӯзии педагогӣ,
Таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ.
Аз соли 2011 то ин љониб 3360-нафар донишљўён ба таљрибаомўзии пешаздипломї сафарбар карда шудаанд. Дар таљрибаомўзии таълимї ва педагогї дар шакли умум тахминан 2890-нафар њимоя кардаанд.
Дар соли таҳсили ҷорӣ раванд ва ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯёни хатмкунанда тибқи талаботи нақшаҳои таълимӣ ва дастуру фармоишҳои Вазорати маориф ба таври мақсаднок ба роҳ монда шудааст.
Таҷрибаомӯзии дарозмуддат; Дар нимсолаи дуюми соли таҳсил хатмкунандагони ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ дар асоси шартномаи чорҷониба (ниҳодҳои таълимӣ, муассисаи қабулкунанда, донишкада ва хатмкунанда) ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии дарозмуддат сафарбар карда мешаванд.
Ҳамчунин, дар оғози соли таҳсил, тибқи фармоиши Вазорати маориф ва дар асоси шартномаи чорҷониба, хатмкунандагони дигар низ барои гузаронидани таҷрибаомӯзии дарозмуддат ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ равона карда мешаванд.
Шумораи умумии хатмкунандагон; дар соли таҳсили ҷорӣ шумораи умумии донишҷӯёни хатмкунандаи таҳсили рӯзона 75 нафар мебошад, ки аз рӯи чунин ихтисосҳо мебошанд:
Улуми қуръонӣ ва мероси
хаттӣ – 13 нафар
·
Улуми исломӣ ва матни
классикӣ – 28 нафар
·
Забони хориҷӣ (арабӣ) –
информатика – 9 нафар
·
Таърих. Диншиносӣ – 15 нафар
·
Таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ – 10 нафар
Таҷрибаомӯзии педагогии кӯтоҳмуддат: Тибқи нақшаҳои таълимӣ, донишҷӯёни хатмкунанда аз санаи 13.10.20__ то 09.11.20__ ба таҷрибаомӯзии педагогӣ ба муҳлати 4 ҳафта сафарбар карда мешаванд.
Таҷрибаомӯзиҳои саривақт ҷамъбастгардидаи донишҷӯён маърузаи ҳисоботӣ ва ҳимояи таҷрибаомӯзиро мутобиқи талаботи меъёрӣ анҷом медиҳанд.
Давомнокии таҷрибаомӯзии дарозмуддат: хатмкунандагон, ки тибқи шартномаи чорҷониба сафарбар гардидаанд, то анҷоми соли таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар маҳалли зист фаъолият бурда, дар таълими хонандагон машғул мешаванд. Онҳо ҳамчун таҷрибаомӯз – омӯзгор бо ҷалби мустақим дар ҷараёни дарс, корҳои тарбиявӣ ва фаъолияти методӣ иштирок мекунанд.
Ташкили таҷрибаомӯзӣ дар соли таҳсил дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, донишҷӯён мувофиқи ихтисос ва қобилиятҳои худ дар муассисаҳои таълимии мактаби миёна имконият пайдо менамоянд, ки дониш ва малакаҳои амалии худро такмил диҳанд.
Назар ба натиҷаҳо: аксари хатмкунандагон таҷрибаомӯзиро бомуваффақият анҷом дода, таъмини робитаи назария бо амал дар сатҳи баланд таъмин гардид.
Телефони боварии Бахши таҷрибаомӯзи ва кор бо мутахассисони ҷавони Шуъбаи таълим ва низоми таҳсили кредитӣ: 224-30-16 нишонии e-mail: talim@dit.tj