ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

November 2025
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Нақша-чорабинии тарбиявӣ - Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм

Дар доираи амалишавии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва нақша-чорабиниҳои тарбиявии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам. Раёсати Донишкада санаи 13-уми сентябри соли 2024 бо донишҷӯёни курсҳои якум ҷамъомад баргузор намуд.Дар ҷамъомад, ректори Донишкада – Зокирзода Н.М., сардори раёсати таҳсилоти динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Юсуфзода Файзигул, муовини ректор оид ба тарбяи Матинов Х., сардори шуъбаи кадрҳо – Ҷомадов Х., ва декани факултети филологияи Шарқ Каримов Р., баромад намуданд. Дар маҷлис баромадкунандагон доир ба вазифаҳои донишҷӯ дар муассисаи таълимии олӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ ва моҳияти он, гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва таҳдиди онҳо ба ҳаёти ҷомеа, аъзошавӣ ба китобхонаҳо, иштирок дар озмунҳои маърифатии донишкадавӣ ва ҷумҳуриявӣ ва ғайраҳо баромад намуданд.