ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"

November 2025
M T W T F S S
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Таҷлили Рӯзи дониш дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа

Санаи 1-уми сентябри соли 2025 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа маросими ботантанаи таҷлили Рӯзи дониш баргузор гардид. Дар чорабини мудири шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Қодирзода Сайаъзам, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам н.и.ф. Зокирзода Н.М., сардори раёсати таҳсилоти дини Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Юсуфзода Файзигул, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нахуст ректори донишкада н.и.ф. Зокирзода Н.М. суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо фарорасии соли нави таҳсил табрик кард ва донишҷӯёнро ба талоши пайваста дар роҳи илм даъват намуд.
Сипас, Мудири шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Дастгоҳи иҷроияи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Сайъзам бо баромади худ аҳамияти Рӯзи донишро ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва маърифат таъкид карданд. Юсуфзода Файзигул зикр намуд, ки дониш пояи асосии рушду пешрафти ҷомеа буда, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи таҳсилоти босифатро дар саросари кишвар фароҳам овардааст.
Дар баромадҳо таъкид гардид, ки Пешвои миллат ҳамеша маорифро бунёди давлату ҷомеа медонанд ва ғамхорӣ ба соҳаи маорифро сармоягузорӣ ба ояндаи миллат арзёбӣ менамоянд.
Маросим бо даъват ба арҷгузорӣ аз сулҳу субот, таҳкими ваҳдат, андӯхтани донишҳои муосир ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан ҷамъбаст гардид.