Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба истиқболи 34 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамоиши ҷавонону варзишгарони таҳти унвони “Ҷавонон таҳкимбахши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пайравони Пешвои миллат” доир гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, роҳбарият ва устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, Раиси шаҳри Душанбе, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ, мураббиён ва варзишгарони муассисаҳои варзишӣ, федератсияҳои варзишӣ, фаъолҷавонони касбу кори гуногун ва донишҷӯён ва дигар шахсони алоқаманд иштирок намуданд.
Чорабиниро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло оғоз бахшида, дар қисмати расми он муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим суханронӣ намуданд.
Дар идома муовини Директори маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоҳути Шарифзода, коршиноси масоили сиёсӣ, намояндаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо ва Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибн Собит Зокирзода Нусратулло суханронӣ намуданд.
Таъкид карда шуд, ки масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари давлат ва сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дастгириҳои пайваста дар ин самт бори дигар аз муҳиммияти ин масъала ва идомаи сиёсати инсонпарварона ва ҷавонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Дар ин росто баланд бардоштани рӯҳияи наврасону ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ ва тарбияи дурусти онҳо дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва сохторҳои идеологӣ маҳсуб меёбад.
Дар фарҷом ба як қатор устодону ҷавонони фаъол бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шудаанд.