ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"

May 2026
M T W T F S S
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Санаи 5-уми сентябри соли 2025 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ҳамоиши илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Душанбе – муаррифгари таҳкимбахши арзишҳои соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони соҳаҳои илмӣ, адабӣ ва устодону донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд. Мавзӯи асосии ҳамоиш ба нақши шаҳри Душанбе ҳамчун маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии кишвар бахшида шуд, ки дар таҳкими арзишҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми назаррас дорад. Дар фарҷоми чорабинӣ ректори донишкада Зокирзода Нусратулло бо медали 30-солагии ҲХДТ ва муовини ректор оид ба тарбия Матинов Холиддин бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.