ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа
Нӯъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

"ЗИ ГАҲВОРА ТО ГӮР ДОНИШ БИҶӮЙ!"

April 2026
M T W T F S S
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Санаи 17-уми сентябри соли 2025 дар толори калони Донишкада вохӯрӣ бо иштироки ҳамаи донишҷӯёни филологияи Шарқ баргузор гардид

Санаи 17-уми сентябри соли 2025 дар толори калони Донишкада вохӯрӣ бо иштироки ҳамаи донишҷӯёни филологияи Шарқ баргузор гардид. Дар ҷамъомад ректори Донишкада муҳтарам Зокирзода Н.М., муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ., декани факултет Каримов Р., ва сардори бахши ҷавонон Раҳмонов Р.С., суханронӣ намуданд. Дар суханрониҳо масъалаҳои ба низом даровардани сару либос, сари вақт ҳозир шудан ба дарсҳо, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, иштирок намудан дар озмӯнҳои ҷумҳуриявӣ “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Шоҳномахонӣ”, даст назадан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва риояи қоидаҳои дохилидонишкадавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки донишҷӯён бояд диққати асосиро ба таҳсил равона намуда, барои рушди илму маърифат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми босазо гузоранд.

Матн

Автор