ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

February 2026
M T W T F S S
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728  

10.11.2025 / Вохӯрии омӯзишии ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар байни донишҷӯёни факултети Филологияи Шарқ

Санаи 10-уми ноябри соли 2025, дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Раёсати Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, дар миёни донишҷӯёни курси дуюми факултети филологияи Шарқ вохӯрии омӯзишӣ баргузор гардид. Мавзуи вохӯрӣ ба омӯзиши ҳуҷҷатҳои стратегии муҳими давлатӣ бахшида шуда буд, аз ҷумла:

«Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025»;

«Стратегияи миллӣ оид ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030»;

«Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон».

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Матинов Х.Қ., декани факултети филологияи Шарқ н.и.ф. Каримов Р. ва сардори бахши кор бо ҷавонон Раҳмонов Р.С. ва сардори БИСТ Шоҳрухов Ф., иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромадҳо масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла хатари гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ, паёмадҳои манфии маводи нашъаовар, таъсири коррупсия ҳамчун “вабои аср”, ва нақши худшиносии миллӣ дар ташаккули ҳувияти миллии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ дар назди давлату миллат, яке аз роҳҳои муҳими пешгирӣ аз хатарҳои замони муосир ба ҳисоб меравад.

Чорабинӣ дар фазои озоду пурмуҳтаво баргузор гардида, донишҷӯён бо саволҳои худ ба баромадкунандагон муроҷиат намуда, посухҳои муфид дарёфт намуданд.