ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

July 2026
M T W T F S S
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

12.11.2025 / Семинари илмӣ – методологӣ бахшида ба Рӯзи Президент

Санаи 12-уми ноябри соли 2025 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа семинари илмӣ – методологӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Омилҳои баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии ҷавонон» баргузор гардид.

Семинар бо иштироки ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим, директори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе муҳтарам Файзуллозода Баҳрулло ва ҳайати васеи омӯзгорону донишҷӯёни муассиса доир гардид. Дар семинари мазкур вобаста ба баланд бардоштани роҳҳои тарбия ноиби ректор оид ба тарбия Матинов Х. Қ., омӯзгори кафедраи илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ Раҳимова Р. бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Маърузаҳо масъалаҳои муҳими тарбия, нақши муҳити иҷтимоӣ, оила ва муассисаи таълимӣ дар ташаккули тарбияи Ватанпарвариро дарбар гирифта сӯҳбатҳои муфид анҷом дода шуд.

 

12.11.2025 / Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба улуми исломӣ ва забони арабӣ

Иштироки донишҷӯёни Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа дар “Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба улуми исломӣ ва забони арабӣ” аз номинатсияи фиқҳ (мазҳаби ҳанафӣ); усули дин (улуми Қуръон ва ҳадис) ва забони арабӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Татаристони Федератсияи Руссия.

12-13.11.2025. ш. Қазон.