ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа
Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимӣ

January 2026
M T W T F S S
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031  

Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти давлату миллат ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ»

13 ноябри соли 2025 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми АъзамАбӯҳанифа ҳамоиши илмӣназариявӣ таҳти унвони «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти давлату миллат ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ» бахшида ба 16 ноябрРӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонбаргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур роҳбарият, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкада фаъолона ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ Ректори Донишкада муҳтарам Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимзода Фарухулло, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ, номзади илмҳои таърих Шарипов Амриддин, ва дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии Донишкада, номзади илмҳои таърих Шарипов Шомаҳмад бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карданд.

Суханронии онҳо ба мавзӯъҳои зерин бахшида шуд:

«Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон»;

«Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

«Талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ».

 

Дар анҷоми ҳамоиш донишҷӯён бо қироати шеърҳои ватандӯстона ва васфи Пешвои миллат чорабиниро боз ҳам пурмаъно ва хотирмон гардониданд.